Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нақши илмҳои антропологӣ дар ташаккулу рушди шуури ҷамъиятӣ назаррас аст

Нақши илмҳои антропологӣ дар ташаккулу рушди шуури ҷамъиятӣ назаррас аст

13-11-2023, 11:52
Хабарро хонданд: 165 нафар
Назарҳо: 0
Нақши илмҳои антропологӣ дар ташаккулу рушди шуури ҷамъиятӣ назаррас аст10 ноябр дар Душанбе дар мавзуи «Мавқеи илмҳои антропологӣ дар омӯзиш ва ташаккули шаклҳои шуури ҷамъиятӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Дар ҷамъомад мавзуъҳои «Таносуби объект, предмети антропология ва илмҳои антропологӣ», «Баррасии антропологии масъалаҳои ҳуқуқӣ», «Нақши антропологияи сиёсӣ дар омӯзиши ҷомеаҳои муосир», «Шуури ҷамъиятӣ дар доираи масъалаҳои антропологияи иҷтимоӣ», «Антропологияи физикӣ яке аз самтҳои антропология» ва «Ахлоқ ҳамчун илми антропологӣ» маърузаҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Хуршед Зиёӣ иброз намуд, ки «фалсафаи инсон моҳият ва сохтори моҳияти ӯ, муносибатҳои инсон, асосҳои мавҷудияти ӯ ва ҳастии онро ба таври умумишуда, дар шакли абстрактӣ, на мавҷуди алоҳидаву аз муҳит кандашуда баррасӣ менамояд. Баъзе ҷанбаҳои амалии фалсафаи инсонро шохаҳои сершумори анропология, ки имрӯз арзи вуҷуд намудаанд, комил месозанд».

Гуфта шуд, ки антропология, дар маҷмуъ, тамоми имлҳоеро фаро мегирад, ки инсон, пайдоиш ва рушди он, мавҷудияти инсонро дар муҳитҳои табиӣ ва иҷтимоӣ меомӯзанд. Шохаҳои он- антропологияи кибернетикӣ (омӯзиши инсон ҳамчун низоме, ки тибқи барномаҳои муайян фаъолият менамояд), антропологияи педагогикӣ (таълиму тарбия ҳамчун падидаи антропологӣ), антропологияи дин, антропологияи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, антропологияи ҳуқуқӣ, антропологияи феминистӣ, антропологияи физикӣ (ҷисмонӣ), антропологияи тиббӣ, антропологияи ҳарбӣ ва ғайра мебошанд, ки, чунонки аз номгузориашон бармеояд, ҷанбаҳои гуногуни масъалаи инсон ва фаъолияти онро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Аз зумраи ин илмҳо таълим ва омӯзиши антропологияи ҳуқуқӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ имкон медиҳад, ки иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими анъана ва ҷашну маросим на танҳо ҷоннок шавад, балки минбаъд бо раванди таҳаввулот дар ҷомеа ва рушди он ин қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ такмил дода шаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: