Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ

Нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ

3-11-2023, 15:41
Хабарро хонданд: 447 нафар
Назарҳо: 0
Нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣТаҳти ҳамин унвон 3-юми ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”- и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокаратии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Маҳмадшозода Фарҳод, мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қодиров Некрӯз, мудири кафедраи ҳуқуқи маъданӣ ва иқтисодии факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Холинова Миҷгона, намояндагони кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ, кормандони вазорату идораҳо, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва васоити ахбори оммаи кишвар иштирок намуданд.
Сараввал Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Он барои густариши худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.
Дар ин замина, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор баромад намуда, иброз дошт, ки Конститутсия арзишмандтарин дастоварди тоҷикон ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи нави рушду тараққӣ ва муаррифии кишвар ба оламиён мебошад.
Қайд гардид, ки баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, донишҳои ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ба шумор меравад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат буда, ба Истиқлолияти давлатии кишвар дар сатҳи қонуни асосӣ таҳким бахшид.
Дар ин раванд, Маҳмадшозода Фарҳод, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳаммияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ», Қодиров Некрӯз, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар қабули Конститутсия ва бунёди давлати миллӣ», Холинова Миҷгона, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедраи ҳуқуқи маъданӣ ва иқтисоди факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Раванди таҳия ва қабули Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ» баромад намуданд.
Дар охир миёни иштирокчиён музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: