Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » “КОНСТИТУТСИЯ ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ”

“КОНСТИТУТСИЯ ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ”

5-11-2021, 09:29
Хабарро хонданд: 151 нафар
Назарҳо: 0
“КОНСТИТУТСИЯ ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ”
Ба ҳамин унвон бахшида ба 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”-и Донишгоҳи миллӣ конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур Мирзозода Иброҳим-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор - Маҳмудзода Маҳкам Аъзам, декани факултети таърих-Шарифзода Раҳмоналӣ ва дигар олимону донишмандон иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронии худ Мирзозода Иброҳим-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қайд кард, ки тамоми дастовардҳое, ки дар тули 27 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқи тоҷик гардиданд, натиҷаи хирад, заковат ва заҳмати содиқонаи халқи тоыик мебошад. Дар масири 27-сол халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.

“КОНСТИТУТСИЯ ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ”
Сипас Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор - Маҳмудзода Маҳкам Аъзам нутқ кард, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон пешқадамтарин меъёрҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ дарҷ ёфтааст. Баъди қабули Конститутсияи мо, Тоҷикистон узви 70 созмонҳои минтақавию байналмилалӣ гардид ва мақоми Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосаро касб кард. Баромадкунандагон бобати паҳлуҳои гуногуни ин санади олии тақдирсоз суханронӣ намуданд.
Гулаҳмадзода Зулфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур афзуд, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудааст.
Дар интиҳо як қатор фаъолон ба муносибати 27-солагии Конститутсия бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шуда, ҳамзамон як адад китоби Конститутсия тақдим карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: