Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Иқтидори роҳбарии занони хизматчии давлатӣ барои кишварҳои рӯ ба рушд

Иқтидори роҳбарии занони хизматчии давлатӣ барои кишварҳои рӯ ба рушд

31-10-2023, 12:48
Хабарро хонданд: 167 нафар
Назарҳо: 0
Иқтидори роҳбарии занони хизматчии давлатӣ барои кишварҳои рӯ ба рушдАз 11 то 31 октябри соли 2023 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Чин семинари омўзишӣ оид ба рушди иқтидори роҳбарии занони хизматчии давлатӣ барои кишварҳои рў ба рушд баргузор гардид. Шукурзода Гулнигор, мудири бахши сомонаи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар семинари мазкур иштирок ва дар қисмати хотимавии он маъруза намуд.

Зимни суханронӣ мавсуф зикр дошт, ки кишвари мо дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа ва рушди иқтидори роҳбарии онҳо, як қатор барномаҳо ва ташаббусҳо роҳандозӣ намуда, таҷрибаи кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар мисоли Ҷумҳурии Халқии Чин дар ин масъала намунаи беҳтарин маҳсуб меёбад.

Таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, дар он ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шахс ҳамчун арзиши олӣ аз ҷониби давлат ҳифз карда мешаванд. Дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа» дар соли 1999 воқеан инқилобӣ гардид. Дар асоси фармони мазкур ба вазифаҳои роҳбарикунандаи кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, сохторҳои давлатӣ, адлия ва прокуратура таъин кардани занон пешбинӣ карда шудааст.

Ёдовар шуд, ки дар масъалаи баланд бардоштани нуфузи зан дар ҷомеа ва амалӣ гардидани яқ қатор қонуну стратегияҳо дар ин самт, дастур ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демокоратии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Сарвари давлат ба заковати азалӣ ва нерӯи созандаи занони фарзонаю оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд, зеро онҳо дар татбиқи рисолати аслии худ таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони соҳибмаърифату боодоб, бонангу номус, ватандӯсту худшинос саҳми босазо мегузоранд.

Дар идома аз барномаи ҷолиб ва вусъатманди курси омӯзишӣ, имконоти сайёҳии он ва ҳамзамон барои кишвари мизбон барои пазироӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри тақвияти донишу малака изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. [left][/left]
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: