Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон ва Русия дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳоро эътирофи мутақобила намуданд

Тоҷикистон ва Русия дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳоро эътирофи мутақобила намуданд

30-10-2023, 10:00
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон ва Русия дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳоро эътирофи мутақобила намудандСозишномаи байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи эътирофи мутақобилаи дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ қонунӣ гардида, расмиёти дохилидавлатии он ба анҷом расид. Дар ин хусус Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иттилоъ медиҳад.

Ҳуҷҷат ба рушди иқтидори муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди ҳаракати академикии кадрҳои баландихтисоси илмӣ мусоидат менамояд.

Ҳамкории ду давлат дар соҳаи маориф ва илм босуръат рушд ёфта, имрӯз дар донишгоҳҳои Русия беш аз 35 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла дар барномаҳои аспирантура таҳсил менамоянд.

Нишондиҳандаҳои назарраси ҳаракати академикӣ созишномаро дар бораи эътирофи мутақобила ва баробарии ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳо аз 24 ноябри соли 1998 таъмин менамуданд. Дар баробари ин, баъзе масъалаҳо тибқи қонунгузории миллии давлатҳо барои баррасии мақомоти салоҳиятдор боқӣ монданд.

Ёдовар мешавем, ки маросими имзои созишнома 3 март дар Душанбе бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия Валерий Фалков баргузор гардид. Шартнома моҳи октябри соли равон эътибор пайдо намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: