Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия масъалаи содироти маҳсулоти нафту газро баррасӣ намуданд Ноябрь 20, 2021 10:21

Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия масъалаи содироти маҳсулоти нафту газро баррасӣ намуданд Ноябрь 20, 2021 10:21

22-11-2021, 09:12
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия масъалаи содироти маҳсулоти нафту газро баррасӣ намуданд Ноябрь 20, 2021 10:21

ДУШАНБЕ, 20.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар шаҳри Москва мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Федератсияи Русия Николай Шулгинов баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои об.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи электроэнергетика, аз он ҷумла фаъолияти НБО Сангтӯда-1, ки дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ бунёд гардидааст, фароҳам овардани имкониятҳои истихроҷи нафту газ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин вобаста ба идомаи ҳамкории судманд доир ба масъалаи воридоти маҳсулоти нафту газ аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, инчунин як қатор масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи ҳарду ҷониб дар ин ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зикр гардид, ки баҳри тавсеа ва ҳалли масъалаҳои дар рӯзномаи мулоқоти кории мазкур дарҷгардида, ки дар маҷмӯъ барои вусъатбахшии ҳамкории мутақобилан судманди бисёрҷониба байни ду кишвари ба ҳам дӯст равона карда шудаанд, минбаъд низ кӯшишҳо ба харҷ дода хоҳанд шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: