Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Думаи давлатии Русия ба ҷонибдории лоиҳаи қатънома дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск овоз дод

Думаи давлатии Русия ба ҷонибдории лоиҳаи қатънома дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск овоз дод

16-02-2022, 09:39
Хабарро хонданд: 933 нафар
Назарҳо: 0
Думаи давлатии Русия ба ҷонибдории лоиҳаи қатънома дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск овоз дод

Думаи давлатии Русия дар ҷаласаи пленарӣ ба ҷонибдории лиоҳаи қатънома дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск овоз дод, хабар медиҳад РИА Новости.

Тавре раиси палатаи поёнии парлумони Русия Вячеслав Володин изҳор дошт, санад фавран ба сарвари давлат (Президенти Русия Владимир Путин, — тавз. АМИТ «Ховар») фиристода мешавад.

«Вакилон бар онанд, ки эътирофи ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск барои таъмини кафолати амният ва ҳифзи сокинони ҷумҳуриҳо аз таҳдидҳои беруна, инчунин барои таҳкими сулҳи байналмилалӣ ва суботи минтақа замина фароҳам меорад», — таъкид кард ӯ.

19 январ вакилони парлумон аз Ҳизби коммунисти Федератсияи Русия ба президенти Русия дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои Донбасс ба ҳайси кишварҳои мустақил ва фавран баргузор намудани гуфтушунид бо раҳбарияти онҳо ҷиҳати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои муносибатҳои байнидавлатӣ ва танзими тамоми чиҳатҳои ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ лоиҳаи муроҷиатро пешниҳод карданд.

14 феврал вакилони «Русияи воҳид» ба Думаи давлатӣ санади қарор дар бораи машварат бо Вазорати корҳои хориҷӣ оид ба лоиҳаи қатъномаи Ҳизби коммунисти Федератсияи Русияро пешниҳод намуданд.

Ба гуфтаи Володин, Вашингтон ташаннуҷро зиёд карда, ҳамроҳ бо кишварҳои аврупоӣ ба Украина силоҳ интиқол медиҳад ва Киев иҷро накардани тавофуқоти Минскро идома медиҳад. Ҳамаи ин ба ҳаёти шаҳрвандони Русия ва ҳамватанони муқими ҶХД ва ҶХЛ таҳдид ва хатар эҷод мекунад.

Тавре роҳбари фраксияи Ҳизби коммунист дар Думаи давлатӣ Геннадий Зюганов чанде пеш ба РИА Новости иттилоъ дод, вазъ дар Украина нигаронкунанда аст ва дар ҷаласаи Дума қабули ҳама гуна лоиҳаи муроҷиат ба президент дар мавриди эътирофи ҶХЛ ва ҶХД қадаме ба пеш хоҳад шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: