Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сокинони шаҳри Норак тариқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд

Сокинони шаҳри Норак тариқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд

23-10-2023, 09:31
Хабарро хонданд: 117 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Норак бо мақсади соҳибкасб намудани сокинон филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, филиали КВД «Маркази касбомӯзӣ»-и шаҳри Душанбе дар шаҳри Норак ва Маркази касбомӯзии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Норак фаъолият доранд, ки дар ин муассисаҳо садҳо нафар касбҳои гуногунро меомӯзанд.

Директори Филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Норак Раҳима Асрорзода иброз дошт, ки «дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар муассисаи мо беҳтарин шароит барои касбомӯзӣ муҳайё гардидааст. Дар нуҳ моҳи соли равон тариқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҳашт гурӯҳ бо шумораи 186 нафар касбҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, ороиши мӯй, рӯй, нохун ва дигар касбҳоро аз худ намуданд. Ҳамчунин 57 нафари дигар тариқи худмаблағгузорӣ соҳиби касб гардида, 28 нафар шаҳрвандонеро, ки касб дошта, вале ҳуҷҷат надоштанд, бо шаҳодатномаи касбӣ таъмин намудем».

Бояд гуфт, ки шаҳрвандон бештар тариқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ройгон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд, муроҷиат менамоянд.

Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеояд, бояд ҳукумати мамлакат то соли 2026 бо истифода аз тамоми имконият барои ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд. Аз ин рӯ кормандони Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ҷиҳати беҳтар гардонидани касбомӯзӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ кӯшиш менамоянд.

Дар шаҳри Норак ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ барои касбомӯзии шаҳрвандони бекасб шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ фаъолият менамояд. Имсол 350 нафар сокинони шаҳр аз рӯйи ихтисоси кафшергар, дӯзанда ва асосҳои омӯзиши кор бо компютер ва 282 нафари дигар тариқи худмаблағгузор ба касбомӯзӣ ҷалб шуданд.

Масъулини филиали КВД «Маркази касбомӯзӣ»-и шаҳри Душанбе дар шаҳри Норак гуфтанд, ки давоми нуҳ моҳи соли равон дар маркази мазкур 86 нафар касби дӯзандагӣ, 43 нафар қаннодӣ, 15 нафар ошпазӣ ва 43 нафар гулдӯзӣ хонда, онро аз худ намуда, сазовори шаҳодатнома гаштанд.

Маркази касбомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Норак аз рӯйи 4 ихтисос, аз қабили кафшергари газию барқӣ, устои барқ, дӯзандагӣ ва кор бо компютер фаъолият дорад. Ҳоло дар ин муассиса ду гурӯҳ бо шумораи 55 нафар донишҷӯ касб меомӯзанд. Ҳамчунин дар муассиса даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо шаҳрвандон аз рӯйи ихтисосҳои гуногун касб меомӯзанд.


АМИТ «Ховар»



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: