Сарвари давлат муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара»-ро ифтитоҳ намуданд12-09-2019, 13:54
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» — ро ифтитоҳ намуданд.
Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2019 дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57 таъсис дода шуда, он барои ба омӯзиш фаро гирифтани ҷавонону наврасон ва инчунин сокинони бешуғли мамлакат ба ихтисосҳои системаи компютерӣ ва интернет-технология, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил бо иловаи ронандаи дараҷаи «С», монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, кафшергари газию барқӣ, дӯзанда, инчунин ошпаз-қаннод, калобаресӣ ва рангубордиҳӣ дар саноати субук ва ғайра пешбинӣ гардидааст. Бинои муассиса бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов ва Абдусаттор Сафаров мутобиқ ба талаботи муосир пурра навсозӣ ва таъмир гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳаз карда шудааст. Иншоот аз ду ошёна ва се қисм иборат буда, дорои 14 синфхона, утоқҳои корӣ, толори муосири варзишии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Дар муассиса имкон аст дар як баст 300 хонанда ба таълим фаро гирифта шаванд ва дар он хонандагон баъди хатми синфи 9 ва 11 қабул карда мешаванд. Дар назди ин муассисаи таълимӣ ҳамчунин курсҳои кӯтоҳмуддат амал мекунанд ва имкон аст шахсони бешуғ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд. Синфхонаҳои таълимию касбомӯзӣ бо аёнияти хониш ва инчунин дастгоҳҳои зарурӣ, аз қабили муҳаррик ва ҷузъҳои автомобил, таҷҳизоти барқию газӣ, мошинаҳои дарздӯзӣ, компютер ва дигар лавозимот таъмин буда, дар онҳо беҳтарин шароити касбу ҳунаромӯзӣ муҳайё мебошад. Инчунин дар муассиса озмоишгоҳҳои фаннӣ амал мекунанд, ки ҳар кадоми он бо дастгоҳу таҷҳизоти ташхисӣ таъмин карда шудааст. Дар ин муассисаи таълимӣ ҷавонону наврасон ва инчунин нафарони калонсоли бешуғл аз ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат имкон доранд таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунар гарданд. Барои сокинони шаҳру ноҳияҳои дурдаст дар назди муассиса хобгоҳи наву замонавӣ бунёд карда шудааст. Хобгоҳ аз 10 ҳуҷраи хоб ва инчунин утоқу иншооти дигар иборат буда, он барои писарону духтарон пешбинӣ гардидааст. Зимни суҳбат бо масъулону омӯзгорони муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ва аҳамият зоҳир намудан ба сифати таълимро муҳим ва ҳатмӣ шумориданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.