ДАР ШУКУФОИИ МЕҲАН БЕШТАР САҲМГУЗОР БОШЕМ!13-10-2023, 18:28
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушду пешрафт қарор дорад ва бештари аҳолии мамлакат, яъне неруи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳад. Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ барои ҳар як фарди ҷавони мамлакат шароити мусоид, муносиби рушду такомул ва фаъолияти созанда фароҳам оварда шудааст. Ин аст, ки дар самти ташаккули низоми мукаммали тарбияи ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ, содиқу вафодор, нигоҳдорандаи арзишҳои баланди миллӣ ва фикрронии инноватсионӣ натиҷаҳо назаррасанд. Бо гузашти сию ду соли соҳибистиқлолӣ дар мамлакат сиёсати хоси давлатии ҷавонон босамар амалӣ мешавад. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари ташаккули заминаи меъёрию ҳуқуқӣ тавассути қарору санадҳо ва амалигардонии барномаҳои гуногуни давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонон, инчунин барои фароҳам овардани инфрасохтори зарурии дастгирии ҷавонон бо роҳи ташкил намудани институтҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ кӯшишҳои бисёре ба харҷ медиҳад, ки дар муайян гардидани муносибати ҷавонон ба шароити нави иҷтимоӣ, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиашон нақши калидӣ мебозанд. Таҷрибаи мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон собит мекунад, ки дар рушди саноатии кишвар ниёз ба ҷавонони соҳибкасбу соҳибмаърифат меафзояд ва танҳо ин неруи зеҳнӣ метавонад рушди устувори иқтисодиётро таъмин намояд. Бинобар ин, ҳамсолони моро зарур аст, ки барои азбар намудани дониш, такмили малакаву маҳорат, омӯзиши технологияи муосир, фарогирии бозори меҳнат саъю талоши бештар намуда, муваффақиятҳои худро дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонии меҳнат боз ҳам баланд бардоранд. Шароити имрӯзаи иқтисоди миллӣ ҷалби ҳарчи бештари ҷавононро ба ин соҳаи муҳим тақозо дорад. Аз дигар паҳлу, ҳимояи марзу бум аз вазифаҳои муқаддаси ҷавонон ба ҳисоб меравад. Пойдории сулҳу субот дар мамлакат, амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардуми кишварамон хизмати шоистаи фарзандон, маҳсули заҳмати шабонарӯзии ҷавононе мебошад, ки дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати Ватан-Модарро содиқона ба ҷо меоранд. Муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ, ҳифзи он ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум мо, насли ҷавон - пайравони асили Пешвои миллатро водор менамояд, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошем, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат фидокорона меҳнат карда, дар шукуфоии меҳани азиз ҳар чӣ бештар саҳм гузорем ва обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем. Дилафрӯз НАЗАРОВА, узви фаъоли ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.