Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

15-06-2023, 11:54
Хабарро хонданд: 119 нафар
Назарҳо: 0
ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватанаи маҳбубамон марҳила ба марҳила рушду нумуъ ёфта, дар ин сарзамини биҳиштосо офтоби саодат шуълавар, сулҳу ваҳдат пойдор ва ҷавонони мо зери фазои озоду осмони мусаффо кору зиндагӣ мекунанд.
Ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълим ва кору фаъолият ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳсос мешаванд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ҳисобида, ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд.
Имрӯз фазои ободу осудаи Ватан ҷойгоҳи сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун кишвари ҷавонӣ ва ҷавонон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон қарор додааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳад ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфтани сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имконияти васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ арзёбӣ мегардад.
Шароити фароҳамоварда баҳри рушду инкишофи имконоти зеҳнӣ ва ҳамчун шахси комил бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардидани насли наврасу ҷавони кишвар мусоидат намуд, ки ин дар навбати худ дар замири онҳо қобилияти нави инсониро кашф ва боварию эътимодашонро ҷиҳати анҷоми корҳои созандагӣ бамаротиб боло бурд.
Такя ба қувва ва неруи ҷавонон мо ҳадафҳои бунёдкоронаи имрӯзу ояндаи худро баҳри татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ба нақша мегирем ва ҷиҳати ноил гардидан ба он тамоми қувва ва тавони худро сафарбар намуда истодаем. Таҷрибаи корҳои созандагиву бунёдкории ҷавонон дар давраи соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки ин неруи созанда дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона дошта, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд ва дар раванди он худ бевосита иштирок мекунад ва саҳм мегузорад», - гуфт Фарзона Меликнорзода, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”.
Ба андешаи мавсуф, дар ҳақиқат ҷавонон неруи бузурги ҷисмонӣ ва сипари боэътимоди давлат мебошанд. Ҷавонон дорои имконияти бузурги зеҳниву ҷисмонӣ буда, соҳиби неруи созандагиву бунёдкорӣ, илму дониш, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияи замонавӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз тамоми имконият истифода намуда истодааст.
Ҳамаи ин дастовардҳо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ муяссар гардидаанд. Зеро Истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллӣ маҳсуб шуда, кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёри миллӣ ва пуштибону ҳимоятгари ҷавонон ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Ба дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи оқилонаву дуруст аз ин захираи стратегии зеҳнии миллӣ ба хотири ободиву шукуфоии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.
Дар ин замина, дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик” низ садҳо нафар ҷавонон фаъолият менамоянд, ки дар пешбурди кори истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии бисуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки ҷавонони даврони истиқлол таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, барои омӯзиши илму донишҳои замонавӣ, техникаву технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ пайваста азму талош мекунанд.
Намунаи ин гуфтаҳоро метавон дар мисоли як ҷавоне, ки дар истеҳсолоти электролизи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик” кору фаъолият мекунад, тасдиқ намуд.
Зуҳриддин Насриддинов хатмкардаи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Мавсуф фаъолияти меҳнатии худро дар Филиали 15-и Бонки амонатгузории “Амонатбонк” ба ҳайси мутахассиси шуъбаи кортҳои пластикӣ оғоз намуда, баъдан моҳи марти соли 2022 дар ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” дар истеҳсоли электролиз ба кор омадааст.
Зуҳриддин Насриддинов аз ҷавонони пешсаф ва узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, раиси ташкилоти ибтидоии яке аз коргоҳҳои асосӣ -истеҳсоли электролиз дар ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” мебошад. Боиси ифтихор аст, ки дар маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, ки бори аввал дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид, шаҳодатномаи ҳизбиро ба ӯ шахсан муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ тақдим намуданд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки Зуҳриддин Насриддинов, ки яке аз раисони ташкилоти ибтидоии ҷавонон аст, дар оянда ҳамчун мутахассиси пуртаҷриба, технолог дар корхона обрӯву эҳтироми ҷавононро баланд мебардорад ва дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар саҳми арзандаи худро мегузорад.
Ҳамроқул ҶӮРАЕВ,
мудири бахши таблиғот, иттилоот ва матбуоти
Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар
ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: