Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе Созишнома дар бораи амалисозии лоиҳа оид ба ҳамкории техникӣ ба имзо расид

Дар Душанбе Созишнома дар бораи амалисозии лоиҳа оид ба ҳамкории техникӣ ба имзо расид

12-10-2023, 17:39
Хабарро хонданд: 239 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе Созишнома дар бораи амалисозии лоиҳа оид ба ҳамкории техникӣ ба имзо расидДар Душанбе Созишнома дар бораи амалисозии лоиҳа оид ба ҳамкории техникӣ дар доираи Барномаи минтақавии «Идоракунии хатарҳои иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ» ба имзо расид. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки санади мазкурро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва сардори нави шуъбаи Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) оид ба Балкани Ғарбӣ, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ Даниел П. имзо намуданд.

Ҳадафи барнома беҳтар намудани иқлими фаромарзӣ ва идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҳамчунин мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо сардори нави шуъбаи Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) оид ба Балкани Ғарбӣ, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ Даниел П доир гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва GIZ дар самти ҳифзи муҳити зист табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноматмандӣ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: