Созишномаи маблағгузории Лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ» ба имзо расид29-06-2021, 14:13
Хабарро хонданд: 211 нафар
Назарҳо: 0
Созишнома оид ба маблағгузорӣ барои Лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ» дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ 25 июн дар Душанбе ба имзо расонида шуд.
Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Директори минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои кишварҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Дина Салеҳ ба имзо расониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молия хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, маблағи умумии Лоиҳа зиёда аз 1,3 млн доллари амрикоии грантии Федератсияи Россияро, ки тавассути Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маблағгузорӣ мегардад, ташкил медиҳад. Ҳадафи асосии Лоиҳа ин беҳтар намудани таъминоти 28 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маҳсулоти ғизоӣ ва беҳтар намудани шароити санитарию гигиенӣ дар мактабҳо мебошад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.