Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вазорати корҳои хориҷӣ: «Бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдардем»

Вазорати корҳои хориҷӣ: «Бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдардем»

9-10-2023, 09:42
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Вазорати корҳои хориҷӣ: «Бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдардем»Мардуми Тоҷикистон аз заминларзаҳои шадид дар Афғонистон, ки боиси марги зиёди одамон ва харобиҳо гардид, сахт андуҳгин буда, ба мардуми ин кишвар изҳори ҳамдардӣ менамоянд. Чунин омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар изҳорот инчунин гуфта шудааст, ки дар ин лаҳзаҳои фоҷеабор Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба наздикону пайвандони фавтидагон иброз намуда, ба осебдидагони заминларзаҳо шифои комил таманно менамояд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, 7 октябр дар Афғонистон заминларза ба амал омад. Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар музофоти Ҳироти Афғонистон ба 2053 нафар расид.

Тибқии иттилои расида, ҷунбиши қишри замин, ки қувваи он аз рӯи ҷадвали Рихтер 6,3 балро ташкил медод, дар 40 километрии қисми шимолу ғарби музофоти Ҳирот рух дод.

Дар натиҷаи офати табиӣ беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва дигар инфрасохтор хароб гашта, 2053 нафар ба ҳалокат расид.

Бар асари заминларза ҳамчунин нафарони зиёд бенишон гашта, шумораи осебдидагон ба пуррагӣ муайян карда нашудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: