Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бонкҳои Амороти Муттаҳидаи Араб дар Тоҷикистон намояндагӣ ифтитоҳ менамоянд

Бонкҳои Амороти Муттаҳидаи Араб дар Тоҷикистон намояндагӣ ифтитоҳ менамоянд

18-10-2023, 14:33
Хабарро хонданд: 320 нафар
Назарҳо: 0
Бонкҳои Амороти Муттаҳидаи Араб дар Тоҷикистон намояндагӣ ифтитоҳ менамоянд
Масъалаҳои марбут ба кушодани намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳои Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо мудири бахши робита бо ташкилоти давлатӣ ва суратҳисобҳои ғайрибонкии Бонки марказии Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Салем Ал-Ҳармӣ дар Душанбе баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ва фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ шароити хуби фаъолият ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал муҳайё шудааст.

Салем Ал-Ҳармӣ ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд ва имконияти сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла низоми бонкӣ баён дошт. Мавсуф гуфт, ки ташрифи соҳибкорону сармоягузорони АМА ҷиҳати пайгирии раванди татбиқшавии санадҳои ҳамкории баимзорасида байни соҳибкорони ду давлат дар ҷараёни баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ такони нав мебахшад.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба имконияти саҳмгузорӣ ба сармояи бонкҳои Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ин давлат, бонкдории исломӣ, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии АМА ва Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ, аз ҷумла табодули маълумот ва омӯзиши таҷрибаи АМА дар самти бонкдории исломӣ баррасӣ шуданд.

Мусоҳибон ҳамчунин ба масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории судманд байни бонкҳои марказии АМА ва Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни бахши бонкӣ ва ба имзо расонидани лоиҳаи нави Ёддошти тафоҳум дар самти мубодилаи маълумот ва таҷриба байни бонкҳои марказӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: