Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ПЕШВОЁНИ СИЁСӢ ВА ТАЪСИРИ ОНҲО ДАР ҲИФЗИ СУЛҲ

ПЕШВОЁНИ СИЁСӢ ВА ТАЪСИРИ ОНҲО ДАР ҲИФЗИ СУЛҲ

2-10-2023, 13:50
Хабарро хонданд: 339 нафар
Назарҳо: 0
ПЕШВОЁНИ СИЁСӢ ВА ТАЪСИРИ ОНҲО ДАР ҲИФЗИ СУЛҲ

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Пешвоёни сиёсӣ ва таъсири онҳо дар ҳифзи сулҳ: саҳм дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ” баргузор гардид.
Дар кори конфронс ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессорАбдухалилҒафурзода, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, муовини ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Андрей Марголин, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия АбдураҳмонАламшозода, ректори Академияи хизмати давлатӣ ва идоракунии назди роҳбари Ҷумҳурии Бошқирдистон Данияр Абдурахманов, муовини ректор оид ба таълими Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус, номзади илмҳои таърихВалентина Швайко, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Исфандиёр Собирзода, муовини директори Кумитаи минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Кенат Оразкулов, собиқДабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай, профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рашид Олимов, мушовир оид ба масъалаҳои ҳарбӣ-сиёсии Созмони амният ва ҳамкорӣдарАврупоИхар Кузминич, мутахассисону коршиносони сиёсиву амниятии минтақа ва ҷаҳон, намояндагони васоити ахбори омма ва ҳайати устодону кормандони Академияи идоракунии давлатӣ иштирок намуданд.
Нахуст, кори ҳамоишроректори Академияи идоракунии давлатӣАбдухалил Ғафурзодаифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки дар шароити кунунӣ баррасии масъалаи терроризм ва экстремизм ва пешниҳод намудани роҳҳои пешгирии он аз мавзуъҳои муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ худро дар таъмини амнияту осудагӣ ва бехатарии сайёра масъул мешуморад ва тамоми кушишҳои худро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин зуҳуротҳои номатлуб равона кардааст.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо дар арсаи ҷаҳон нақши роҳбарон ва лидерони сиёсӣ дар ҳалли мушкилоту муаммоҳои муҳимтарини сиёсӣ ва геополитикӣ бағоят муҳим аст. Хушбахтона, таърих ба миллати тоҷик Сарвари бузург ва Пешвои ҳақиқии миллатдӯсту ватанпарастро ҳадя намудааст, ки ҳатто аксари пешомадони бузурги сиёсии сатҳи байналмилалӣ сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз сулҳу ҳамгироӣ маншаъ мегирад, эътироф менамоянд ва дар ҳалли қазияҳои ихтилофбарангез онро мояи асосӣ медонанд. Сарвари давлат дар пешбурди сиёсати давлатӣ асосан ба сиёсати сулҳҷӯёна такя намуда, дар маркази сиёсати хориҷии кишвар низ маҳз ҳамин модели сиёсати хориҷиро қарор додааст. Таърих гувоҳ аст, ки Тоҷикистони ҷангзадаву дар канораи парокандагии сиёсӣқарордоштаро маҳз сиёсати оқилона, дурбинона ва инсондӯстонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳонид ва ба мамлакати ободу пешрафта ва соҳибихтиёр мубаддал гардонид.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Таҳти сарварии Президенти мамлакат тарҳи муосири мубориза бо терроризм муайян ва дар кишвар лоиҳаҳои бузург ҷиҳати пешгирии терроризму экстремизм роҳандозӣ карда шуданд.
Дар рафти ҳамоишмуовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар маркази идеологияи бунёдии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ғояи инсондӯстиву сулҳпарастӣқарор дорад. Дар ин самт ҳизб таҳти сарварии бевоситаи роҳбари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста корҳои ташвиқотиву тарғиботиро ҷиҳати пешгирии паҳншавии зуҳуроти номатлуби аср - терроризму ифротгароӣ ва инчунин решакан кардани омилҳои бавуҷудояндаи он роҳандозӣ менамояд. Роҳбари ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар нишасту вохӯриҳои худ бо пайравони ҳизб таъкид месозанд, ки моро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур асттамоми имконоту захираҳоро ҷиҳати муқовимат бо терроризму ифротгароӣ равона созем. Имрӯзҳо дар мамлакат бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба таври пайваста бо аҳолии кишвар суҳбату вохӯрӣ ва нишастҳо ташкил ва доир гардида, омилу сабабҳо ва роҳҳои пешгирии паҳншавии терроризм дар пайравии сиёсати роҳбарияти кишвар фаҳмонида мешавад.
Дар идомаи конфронс меҳмонон ва коршиносони дохиливу хориҷӣ суханронӣкарда, нақши пешвоёни сиёсиро дар ҳифзи сулҳи сартосарӣ ва саҳми онҳоро дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таҳлилу баррасӣ намуданд. Зимни суханрониҳо гуфта шуд, ки дар шароити кунунӣ барои пойдории сулҳ ва пешгирии терроризму экстремизм ва дигар амалҳои номатлуби ҷаҳони муосир чораҳои муштарак ва ҳамдилонаро амалӣ намудан зарур аст.
Конфронси байналмилалӣ дар бахшҳо идома ёфта, иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда маърузаҳои худро пешкаш намуданд.

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН"ПЕШВОЁНИ СИЁСӢ ВА ТАЪСИРИ ОНҲО ДАР ҲИФЗИ СУЛҲ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи “Маркази фарҳанг"-и шаҳри Хуҷанд бо фаъолон, сокинони маҳаллаҳои соҳили чапи шаҳр вохӯриро бо мақсадишарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" доир карданд.
Дар мулоқотмудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Суҳроб Самадов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, ходими давлатию ҷамъиятӣ, собиқадори ҲХДТ Шуҷоат Ҳасанова, номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мунзифа Пулодова иштирок карда, оид ба аҳамият ва мазмуну моҳияти қонуни мазкур ибрози андеша намуданд.
Қайд гардид, ки қабул гардидани Қонун"Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" иқдоми саривақтӣ буда, барои дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон ва дар умум, шаҳрвандони кишвар нақши муассир мегузорад.
Зикр гардид, ки ватандӯстӣва муҳаббат ба ватани худ аз ҳиссиётҳои амиқи инсонӣ ба ҳисоб рафта, дар ин баробар,ҳамчун ифодаи олии ғоявӣ ва шуурнокӣ маънидод мегардад. Ҳамзамон, ватандӯстӣпринсипи олии ахлоқӣ ва ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад.
Ватандӯстӣ нафақат дӯст доштани ватани худ, балки ифтихор аз давлат, сохти сиёсию иқтисодии он, дастовардҳои фарҳангӣ буда, дар ҳама соҳаҳо бояд ифодаи худро ёбад. Маҳз чунин мавқеъ инсонро ба корномаҳои бузург ҳидоят намуда, ба хислати инсон эътиқодмандии олӣ ва садоқатро ба ормонҳои ҷамъиятӣ зам менамояд.
Зирк гардид, ки ватандӯстӣ оғози руҳбахши фаъолияти меҳнатии одамон аст. Вай хосатан дар корҳои ҷамъиятӣ возеҳ ба назар мерасад. Ватандӯстӣ аҳли ҷомеаро чун як оила муттаҳид менамояд.
ПЕШВОЁНИ СИЁСӢ ВА ТАЪСИРИ ОНҲО ДАР ҲИФЗИ СУЛҲ
ВОХӮРӢ БО РОҲБАРОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Дар асоси дастуру супоришҳои Муовини якуми Раиси ҲХДТ АбдуҷабборАзизӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣоид ба масоили самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҶамшедСаидзода, муовини раиси ноҳияи Данғара Садриддин Сайдализода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ПирмуҳаммадКаримзода иштирок доштанд.
Дар ибтидо Пирмуҳаммад Каримзода оид ба ҳадафҳоивохӯрӣ бо намояндагони ташкилотҳои ибтидоӣ ва дар бораи нақшаҳои пешбинигардида ибрози андеша намуд.
Сипас, ҶамшедСаидзода оид ба мавзуъҳои раванди корҳои сохтмонӣ дар НБО-и “Роғун”, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таъмини иҷроиши нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии "Минбари халқ" ва "Ҳамрози халқ", омодагиҳо ба истиқболи сазовор аз 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ андешаронӣ карда, изҳор дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон таҳти сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду тараққиёти кишварамон иқдомҳои бузург амалӣ гардида истодаанд.
Дар ин давра Тоҷикистон аъзои чандин созмонҳои минтақавиюбайналмилалӣ гардида, бо ба роҳ мондани робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо дигар кишварҳои дунё дар самти рушди сиёсати хориҷӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои мухталифи кишвар корҳои назаррасе анҷом дода шуданд.
Имрӯз ҳар фарди худогоҳи кишвар ифтихор аз он дорад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва марҳилаи пешрафту тараққиёти чашмраси мамлакат кору зиндагӣ дошта, бо саъю талош ва руҳияи ватандӯстиву ифтихор аз миллату давлатдорӣ дар шукуфоии Тоҷикистонсаҳми муносиб гузошта истодааст.
Ҳамчунин, дар идомаи вохӯрӣраиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб оид ба пардохти саривақтии ҳаққи узвият, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, зиёд намудани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсони содиқ ба халқу Ватан, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати Қувваҳои Мусаллаҳдар маъракаи даъвати тирамоҳӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хурофоту бегонапарастӣ, пешниҳоди вокунишҳои саривақтӣ аз ҷониби вакилон, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолони ҳизб ба маводҳои муғризонаи хоинони давлату миллат, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, роҳ надодан ба фарҳанги бегона, тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ изҳори андеша намуданд.
Садриддин Сайдализода низ оид ба масъалаҳои дар вохӯрӣ зикргардида фикру андешаҳои хешро баён дошта, барои ташкилу баргузории чунин вохӯриҳои судманд миннатдории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғараро ба роҳбарияти Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТбаён намуд.

БА ВАТАН СОДИҚЕМ
Бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ, муқаддас доштани марзу бум, ҳифзи амнияти давлат ва сулҳу субот дар кишвар, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, баланд бардоштани донишу малакаи ҷавонон, ба халқу Ватани хеш чун фарзанди бонангу номус содиқона ва софдилона хизмат намудани афсарону сарбозон, дар доираи ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣва 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқотмуовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри ДушанбеДилрабо Ашӯрова, Роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷаъмиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе Насим Ҳомидзода, намояндаи Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон СаидаҳмадОдиназода ва курсантони литсей иштирок карданд.
Ҳамоишромуовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Дилрабо Ашурова ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки 32 сол муқаддам давлати ҷавони мо Истиқлоли давлатии худро ба даст оварда, ба шоҳроҳи пурифтихори созандагию бунёдкорӣқадам ниҳод, ки имрӯз мо самараи ин неъмати бебаҳо ва муқаддасро дар тамоми соҳаҳои кишвар мушоҳидамекунем.
Гуфта шуд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои ватанро мебинанд ва итминон доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ мемонанд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ва бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд.
Дар фарҷомба устодону курсантони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорнома, сипосномаҳои ҳизбӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

МУЪҶИЗАИ НУР ДАР ДИЛИ КӮҲ
ПЕШВОЁНИ СИЁСӢ ВА ТАЪСИРИ ОНҲО ДАР ҲИФЗИ СУЛҲ
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як гурӯҳ фаъолони ҳизб аз тамоми муассисаву идораҳои ноҳия, ҷавонони касбу кори гуногун ва намояндагони васоити ахбори омма ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” сафар намуда, бо ҷараёни корҳо дар ин иншооти азими гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуданд ва бо муҳандисону кормандони он суҳбат анҷом доданд.
Муовини директори истеҳсолӣ дар ҶСК НБО “Роғун”Қурбонназар Давронов ҳайати меҳмононро бо минтақаҳои сохтмон, шуруъ аз сарбанди иншоот, ки дар таърихи бунёди неругоҳ мақоми хосса дорад, шинос намуда, ёдовар гардид, ки қариб ҳафтсол муқаддам - 29-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои дарёи Вахш иваз шуда, ба бунёди ин мавзеи муҳими иншоот оғози расмӣ бахшида шуд. Имрӯзҳо корҳо дар ин минтақа дар сатҳи зарурӣ идома дошта, сохтмончиён бо масъулияти баланд пайи анҷоми он шабонарӯз заҳмат мекашанд.
Дар идомаи сафар ҳайати гурӯҳ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи “Роғун” аз ядрои сарбанди асосӣ, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳо, толори агрегатҳои неругоҳ ва корҳои васлу насби онҳо, инчунин дигар мавзеъҳои он шинос шуданд. Доир ба ҳар яке аз ин минтақаҳои сохтмон, ки барои ин иншооти азими гидроэнергетикӣ аз аҳамияти махсус бархӯрдор аст, муовини директори истеҳсолӣ дар ҶСК НБО “Роғун”Қурбонназар Давронов маълумоти зарурӣ ва муҳим пешниҳод карда, ба суолшои сершумори ҳайати меҳмонон посухҳои мушаххас гуфт.
Мавсуф зимни суҳбат аз таъкидҳои Сарвари давлат, ки санаи 10-уми августи соли равон зимни суханронӣ дар назди сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии “Роғун” изҳор доштанд, ёдовар шуда,масъулияти бар дӯшдоштаи ҳар корманди ин иншооти бузургро махсусан таъкид намуд.
Пас аз шиносоӣ бо мавзеъҳои асосии НБО “Роғун” бо иштироки доираи васеи кормандону сохтмончиёни ин иншооти бузурги аср ва ҳайати меҳмонон ҳамоиши фарҳангӣдоир гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён аз саҳми арзандаи ҳар сохтмончии неругоҳи “Роғун”, ки имрӯзҳо бо масъулияти баланд заҳмат мекашанд, ёдовар шуда, зикр дошт, ки бо бунёди ин неругоҳи бузург рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ боз ҳам беҳтар мегардад, ҷойҳои нави корӣ муҳайё мешаванд ва дар оянда шаҳри Роғун, хусусан обанбори НБО “Роғун” ба мавзеи сайру саёҳати шаҳрвандону сайёҳон мубаддал мегардад.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба гурӯҳе аз сохтмончиёни фаъоли НБО “Роғун” ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ тақдим шуданд.
Дар интиҳо баҳри фароғатииштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.

ДАР ҲИСОР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲХДТ “МУЖДАИ УМЕД” ТАЪСИС ЁФТ

Дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Муждаи умед” дар шаҳри Ҳисор маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид.
Дар ибтидои ҷаласа ба чанд нафар кормандони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Муждаи умед», ки дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи ҲХДТ аъзо шудаанд, шаҳодатномаи узви ҲХДТ супорида шуд.
Баъдан, дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Муждаи умед” ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуд.
Бо ҷонибдории аъзои ҳизбдиректори ҶДММ “Муждаи умед” Умедҷон Саидовраиси ташкилоти ибтидоӣ ва АшрафҷонАндалебовмуовини раиси ташкилоти ибтидоии “Муждаи умед” интихоб гардиданд.
Дар маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзодсуханронӣкарда, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Муждаи умед” иқдоми саривақтӣ ва созгори роҳбарияти ин корхона арзёбӣ намуд.
Сипас, оид ба ҷараёни татбиқидастурунишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МаҷлисиОлӣ, вазъи имрӯзаиҷаҳон, минтақа, торафт мураккаб гардидани муносибатҳои кишварҳои абарқудрат, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва дигар масъалаҳои муҳим табодули афкор сурат гирифт.
Дар хотимаи маҷлис роҳбарияти ташкилоти ибтидоии “Муждаи умед” иброз дошт, ки барои татбиқи амалии Оиннома, Барнома ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистоназ тамоми имкониятҳои мавҷуда бояд истифода бурд.

Таҳияи Ибодулло ТОҲИРОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: