Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАЁТИ ҲИЗБ

ҲАЁТИ ҲИЗБ

29-08-2023, 13:43
Хабарро хонданд: 284 нафар
Назарҳо: 0
ҲАЁТИ ҲИЗБ
ҶАМЪБАСТИ МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БО КОРМАНДОНИ ҲИЗБӢ
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси дастури Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон машварати омӯзиширо бо муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони масъули ҳизбӣ ва гурӯҳҳои таблиғотии ноҳияи Шоҳмансур доир намуд.
Дар ибтидо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода машварати омӯзишро ифтитоҳ карда, иброз намуд, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30-юми ноябри соли 2022 ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсии раисони кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ дастуру супоришҳо дода, аз ҷумла иброз доштанд, ки: “Дар ин кор зарур аст, ки масъалаи салоҳиятнокии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ таҷдиди назар гардида, онҳо ба курсу семинарҳои мунтазами такмили ихтисос ҷалб карда шаванд”.
Бо дарназардошти ҳамин нуқта Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ машғулиятҳои омӯзиширо бо муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони масъули ҳизбӣ ва гурӯҳҳои таблиғотӣ роҳандозӣ кардааст.
Дар ин зимн, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода дар мавзуи “Оиннома дар меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ”, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода дар мавзуи «Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Зоҳир Ҳабибзода дар мавзуи “Танзими ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва истифодаи низомномаҳои ҲХДТ дар фаъолияти онҳо”, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Садриддин Ширинбекзода дар мавзуи «Роҳҳо ва усулҳои нави таблиғотӣ» ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён дар мавзуи “Танзими ҳаракати аъзои ҳизб ва роҳҳои баланд бардоштани сифати корбарӣ дар ташкилоти ибтидоӣ” суханронӣ карданд.
Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории машғулиятҳои мазкур баланд бардоштани сатҳ ва савияи донишҳои сиёсии муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва гурӯҳҳои таблиғотӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва шуури сиёсӣ, малакаи корӣ, омӯзиши равандҳои муосири технологӣ, таҳлили вазъи дохилӣ ва берунӣ, тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, шарҳу тавзеҳи мазмуну муҳтавои тағйиру иловаҳое, ки ба як қатор низомномаву санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҲХДТ ворид карда шудаанд ва вусъати раванди корҳои таблиғотӣ мебошад.
Ғайр аз ин санаи 24-уми августи соли равон машғулияти омӯзишии навбатӣ бо муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони масъули ҳизбӣ ва гурӯҳҳои таблиғотии ноҳияи Фирдавсӣ доир шуд. Пас аз шунидани маърузаҳо ва муҳокимаи масъалаҳои ҷорӣ миёни иштирокчиён ва музокирачиён суолу ҷавоб сурат гирифт.
Ҳамин тариқ, машғулиятҳои омӯзишӣ бо муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони масъули ҳизбӣ ва гурӯҳҳои таблиғотии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ба анҷом расиданд.

ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "СОЗАНДА" ТАЪСИС ЁФТ

Дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва дархости шаҳрвандон ҷиҳати аъзо шудан ба ҲХДТ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар “Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ” дар шаҳри Кӯлоб маҷлиси муассисон баргузор гардид.
Сараввал, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода иштирокчиёни маҷлисро бо рӯзномаи он шинос намуда, зикр кард, ки дар асоси моддаи 4.2-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳолати ба қайд гирифтани 5 нафар аъзои ҳизб дар муассисаву корхонаҳо ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода мешавад. Аз рӯйи ин масъала иштирокчиён суханронӣ карда, пешниҳоди мазкурро дастгирӣ намуданд.
Дар идомаи маҷлиси муассисон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи "Созанда" таъсис дода шуд. Ҳамзамон, бо дастгирии аъзои ҳизб Нурулло Назарзода раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур интихоб гардид. Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанавӣ ба нафарони ба тозагӣ ба сафи ҳизб шомилгардида шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Аз рӯйи масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Сипас, аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб масъалаҳои шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва поккорӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”; эълони ҷойҳои кор дар Неругоҳи барқи обии “Роғун”, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ баррасӣ карда шуданд.
Дар хотимаи ҷаласа аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии навтаъсиси “Созанда” ваъда доданд, ки дар корҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок карда, дар пешрафти фаъолияти ҳизбӣ саҳмгузорӣ менамоянд.

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ҳар сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пеш аз ҳама, бо кӯдакони ятиму бепарастор вохӯрда, суҳбат меороянд ва нисбат ба онҳо барои ба таҳсил фаро гирифтанашон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати донишомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, то ки кӯдакони ятим худро танҳо ҳис накунанд ва эҳсос намоянд, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ҳамеша ғамхору пуштибони онҳост.
Дар ин радиф баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дасти ёрӣ расонидан ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон дар арафаи ҳар иду айём ва дигар рӯзҳои таърихӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кумакҳои моддӣ расонида мешавад. Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” фаъолияти пурсамар дошта, пайваста кумаки холисонаи хешро барои қишрҳои ниёзманди ҷомеа дареғ намедорад.
Чун анъана, ҳамасола дар арафаи соли нави таҳсил аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксияи “Роҳ ба сӯйи маърифат ” ташкил ва гузаронида мешавад, ки мақсад аз роҳандозии он дастгириву ғамхориҳо нисбат ба кӯдакон аз оилаҳои камбизоат мебошад. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзода кӯдаконро бо фарорасии соли нави таҳсил табрик намуда, таъкид кард, ки таҳсилро бо баҳои хубу аъло идома дода, дар оянда барои давлату миллати хеш хидматҳои шоиста намоянд ва ҷиҳати саҳм гузоштан барои ободии Ватан пайваста дониш омӯзанд ва барои илмомӯзӣ саъю кӯшиши намоянд, зеро ояндаи давлат дар дасти наврасону ҷавонон мебошад. Дар вазъияти тантанавӣ ба 17 нафар кӯдакони ятим ҷузвдони мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим карда шуданд.

САЁҲАТИ ҲИЗБӢ БО ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ

Дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пайравӣ ва ҷалби васеи шаҳрвандон, аъзо ва ҷонибдорони фаъоли ҲХДТ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ саёҳати ҳизбиро баргузор кард. Ҳизбиён бо як руҳияи баланди хештаншиносиву худогоҳӣ бо парчамҳои давлативу ҳизбӣ ба роҳ баромада, барои арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихии кишвар аз пойгоҳи бостоншиносии Саразм дидан намуданд. Зимни боздид масъулини ин пойгоҳи бостоншиносӣ ҳизбиёнро бо таърихи пайдоиши тамаддуни оламшумули тоҷик, ки зиёда 5500 солро дар бар мегирад, шинос карданд. Бояд ёдовар шуд, ки соли 2010 Саразм аз ҷониби созмони ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ворид гардид. Дар ин мавзеи таърихӣ зиёда аз 150 бозёфтҳои арзишманд дарёфт шудаанд, ки кордҳои мисӣ, биринҷӣ, ханҷар, табар, теша, пайконҳои найза, меҳварҳои кандакорӣ, тамғаи қалъагӣ, ашёи нуқра ва тилло намунаи онҳо мебошанд. Гуфта шуд, ки саразмиёни бостонӣ дар баробари барзгару ҳунарманд, тоҷиру меъмори замони хеш будан, дар рушди фарҳанг ва маънавиёт низ саҳм гузоштаанд. Сипас, гурӯҳи ҳизбиён аз Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ боздид ба амал оварданд. Мақсад аз саёҳати ҳизбӣ арҷгузорӣ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, пос доштани фарҳанги куҳанбунёди Меҳан ва муттаҳидии ҳизбиёни кишвар аст. ҲХДТ ҳизби созандагию бунёдкорӣ ва амалигардонии манфиатҳои тамоми табақаи ҷомеа мебошад. Ҳадафи асосӣ аз роҳандозии саёҳат он буд, ки бо ин васила механизми фаъолият, муттаҳидӣ, дӯстию рафоқат густариш ёфта, руҳбаландии кормандон ва рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ тақвият меёбад. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ пешсафону фаъолони ҳизбро ба тамошои маконҳои таърихии кишвар сафарбар намояд.

ҲОМИЁНИ ИСТИҚЛОЛЕМ

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, истиқлоли давлатӣ, нигоҳ доштани марзу бум, ҳифзи амнияти давлат ва сулҳу субот дар кишвар, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, баланд бардоштани донишу малакаи ҷавонон, ба халқу Ватан содиқона ва софдилона хизмат намудани афсарону сарбозон дар доираи ҷашни 32 -юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии №0122-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони “Ҳомиёни Истиқлолем” баргузор гардид. Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода, роҳбарияти қисми низомии №0122-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Рустам Сайфуллоев ва қисми низомии №0125-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Одинамаҳмад Каримов ва сарбозону афсарон иштирок карданд.
Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки 32 сол муқаддам давлати ҷавони мо истиқлоли давлатии худро ба даст овард ва ба шоҳроҳи пурифтихори созандагию бунёдкорӣ қадам ниҳод, ки имрӯз мо самараи ин неъмати бебаҳо ва муқаддасро дар тамоми соҳаҳои кишвар, аз ҷумла сиёсату иқтисод, иҷтимоиёту фарҳанг ва дигар соҳаҳои муҳими кишвар дида истодаем.
Аз ҳамин хотир, истиқлолу озодӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон, тавре Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ, соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.”
Гуфта шуд, ки ҲХДТ зодаи даврони истиқлоли кишвар буда, бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфт ва бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд.
Дар идома музокирачиён атрофи нақши Истиқлолияти давлатӣ дар пешрафти тамоми соҳаҳои кишвар ибрози назар карда, онро заминагузори асосии эҳёи дубораи анъанаҳои аҷдодӣ, худшиносии миллӣ, таҳкими суботи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ-истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръат, нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва муҳимтар аз ҳама, нигоҳ доштани давлати миллӣ ва шакл гирифтани давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуданд. Дар фарҷом дар фазои идона ба як гурӯҳ сарбозону афсарон сипосномаҳои Кумитаи шаҳрии ҳизб тақдим гардид.

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Дар толори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Муродов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода, аъзои Кумита, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия иштирок намуданд.
Дар ибтидо рӯзномаи маҷлис аз ҷониби аъзои Кумита тасдиқ гардида, аз рӯйи масъалаи якум гузориши раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавҷуда Табарӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2023 шунида шуд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис гузориши раиси ташкилоти ибтидоии “Бостоншинос”-и Муассисаи давлатии “Осорхонаи милли Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июли соли 2023 шунида шуда, вобаста ба он қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Ҳамзамон, дар асоси масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис “Дар бораи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҷойи вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №16” муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар фарҷоми ҷаласа аз рӯйи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

САЁҲАТИ ҲИЗБӢ БО ЯТИМОН

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ҳамбастагӣ бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатӣ саёҳати ҳизбӣ бо иштироки ятимони кулл таҳти унвони “Сайри Ватан” ба шаҳри Ҳисор роҳандозӣ гардид.
Масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант зикр намуд, ки саёҳати мазкур дар доираи таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа сурат гирифта, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолиро ҳамчун самти асосии сиёсати худ муайян намудааст. Сарвари давлат аёдати шахсони яккаву танҳо, эҳтиёҷманд ва ғамхорӣ ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ маънидод кардаанд. Бояд зикр кард, ки парҳезгориву лутфу эҳсон нисбат ба атрофиён, дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон, анҷом додани амалҳои хайру савоб аз ҷумлаи хислатҳои наҷиби инсонӣ мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: