Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » БӮИ ҶӮИ МӮЛИЁН ОЯД ҲАМЕ...

БӮИ ҶӮИ МӮЛИЁН ОЯД ҲАМЕ...

22-09-2023, 09:28
Хабарро хонданд: 450 нафар
Назарҳо: 0
БӮИ ҶӮИ МӮЛИЁН ОЯД ҲАМЕ...
Ҳамасола 22-юми сентябр ҳамчун “Рӯзи Рӯдакӣ” дар саросаи кишвар таҷлил мешавад. Рӯдакӣ Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад соли 858 дар деҳаи Рӯдак, ҳозира Панҷрӯди шаҳри Панҷекат ба дунё омадааст.
Бахшида ба 1165- солагии Одамушшааро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент таҳти унвони " Бӯи ҷӯи мӯлиён ояд ҳаме" мизи мудаввар доир гардид.
Нахуст устодон донишкада оид ба нақши Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рушди назми адабиёти тоҷику форс ва шеърҳои мондагори он сухан намуданд.
Сипас Шириншоҳ Нуруллоев, масъули бахши матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар навбати худ аз таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба арҷгузорӣ ба чеҳраҳои мондагору тахрии кишвар, олимону шоирон ва ҳифзи ашъори онҳо сухан карда, иброз дошт, ки "имрӯз насли ҷавонро зарур аст то аз таъриху тамаддуни оламшумули тоҷик бохабар бошанд ва руҳу арвоҳи гузаштагони худро бо амали нек, яъне донишу хирад шод намоянд".
Қироати шеърҳои Рӯдакӣ аз тарафи донишҷӯён фазои гиромидошти шоирро маънавӣ намуд ва руҳи эшонро болида кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: