
Абуабдуллоҳ Ҷаъфар Рӯдакӣ бунёдгузори адабиёти форсӣ, нахустин шоири машҳури порсисарои Эронзамин дар давраи Сомониён аст. Бунёдгузори адабиёти порсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 22-сентябри соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд шаҳри Панҷакент дар вилояти Суғд аст, ба дунё омадааст. Ҳамасола 22-сентябр бахшида ба рузи тавлиди Асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар кишварамон “Рӯзи Рӯдакӣ” қайд карда мешавад. Бахшида ба ин сана дар Муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии гимназияи Ганҷи шаҳри Хуҷанд бо иштироки омӯзгорон толибилмон аъзоёни фаъоли ҲХДТ, Конфронси –илми адабӣ бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ” баргузор гардид. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Гулбаҳор Султонова табрикоти Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохонро ба самъи ҳозирин расонид. Дар Конфронси –илми адабӣ бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ” аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълими аз ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ саҳначаҳо, шеърҳо қироат карда шуд.