Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА ХОДИМОНИ ДАВЛАТИЮ ҶАМЪИЯТӢ

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА ХОДИМОНИ ДАВЛАТИЮ ҶАМЪИЯТӢ

22-12-2022, 15:37
Хабарро хонданд: 383 нафар
Назарҳо: 0
АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА ХОДИМОНИ ДАВЛАТИЮ ҶАМЪИЯТӢ
19 декабр муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва мудири шуъбаи занон ва масъалаҳои гендерии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Наргис Муқимзода собиқадорони меҳнат ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ – Низорамоҳ Зарипова, Бозгул Додхудоева, Майсара Калонова, Раъно Каримова, Фирӯза Турсунзода, Мунаввара Ҷалилова ва Файзимо Иброҳимоваро аёдат намуда, аз номи роҳбарияти ҳизб туҳфаҳои хотиравиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ тақдим карданд.
Зимни аёдат қайд гардид, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони меҳнат таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор доранд. Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо сохторҳои ваколатдори соҳаҳои гуногун ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муваззаф гардиданд, ки мунтазам ходимони барҷастаи давлатию ҷамъиятиро аёдат намуда, барои беҳтар шудани шароити иҷтимоии онҳо кумаки амалӣ расонанд. Гузашта аз ин, тибқи супориши Раиси муаззами ҳизб, ки аз Маҷлиси КИМ ҲХДТ бармеояд, кумитаҳои иҷроия ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва зина ба зина беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро дар маркази диққат қарор диҳанд ва дар таъсиси инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳтар гардонидани шароити оилаҳои серфарзанд, ҷудо намудани кумакҳои иловагӣ ба ятимону маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мунтазам мусоидат намоянд.АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА ХОДИМОНИ ДАВЛАТИЮ ҶАМЪИЯТӢ
Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ аснои суҳбат иброз дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат роҳбарияти ҳизб мунтазам аз ҳоли собиқадорони меҳнат ва шахсиятҳое, ки барои пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд, бохабар мешаванд.
Зимни суҳбат бо муовини Раиси ҳизб ходимони давлатию ҷамъиятӣ, собиқадорони меҳнат, пирони хирад ва шахсони барӯманди мамлакат сипосмандии хешро ба Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сулҳу субот, таваҷҷуҳ ба ниёзмандон, баланд бардоштани мақоми занон, эҳёи суннатҳои қадима ва ғамхории доимӣ баён доштанд.
«МХ»

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: