Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ФАСОНАҲОИ ЯК ЭҶОДГАРӢ

ФАСОНАҲОИ ЯК ЭҶОДГАРӢ

22-06-2023, 14:15
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
ФАСОНАҲОИ ЯК ЭҶОДГАРӢ

Вақте падарони бачаҳои ҳамсинни ман, ки аз пайи кору бор ё зарурате ба шаҳрҳои азим мерафтанд, фарзандонашон интизор мешуданд,тоонҳо шириниворӣбиоваранд ва ин боиси ширинии комашон бигардад.
Аммо падари ман аз ин рафтуомад чизи тамоман дигар меовардва онҳотавми тамоман дигар доштанд. Зеро на танҳо комро, балки хотирро лазиз мекарданд, дар хотирҳо то дер мемонданд, ки чиз ягон қанду қурс чунинашро надошт.
Аниқтараш, ин лаззату таъм аз китобҳое бармехест,ки аз шаҳристонҳои дурпадари ронандаам харида барои ман меовард.
Бале, он солҳо таъми тамоман дигарро эҳсос карда будам.Мутолиа кардан ва таъми маънавии китобҳо то ҳадде буд, ки бехабар мемондам, чӣ тавр саҳифаҳои онҳоро азёд мекунам. Баъзе аз онҳо дар ёдам чунон мемонд, ки гӯё аз вуҷуди худам рӯида, ё як ҷузъи дилу ҳастиам шуда.
Балки онҳо рӯидаи ҳамин мавзеъ, ҳамин кӯҳҳо, ҳамин дараҳо буданд, ки худам ваатрофиёнамумр ба сар мебурдем.
Масалан, рӯдобаҳо ҳангоми обхез шудан,ё осиёби лаби рӯдхона ва осиёббону духтари вай пеши назарам буд, ҳарчанд, ки онҳоро аз ҳикояи «Обхез»мехондам.Ё дорбозбачае, ки ҳамроҳи дастаи сайёраш гоҳе ба ин маскунгоҳ низ меомад ва ба ҳаёти хилвати ин ҷо нафасаки тоза ва навгониеворид мекард.Омаду рафти дорбозбача ба мову атрофбетаъсир намемонд, балки ба он як матои ҳарири шаффофи фасонавӣ мепӯшонд.Ин ҳама гӯё аз ҳикояи «Дорбоз омад» неву аз рӯидаҳои аслии ин ҷо ва деҳкадаҳои мосар зада.Ҳоло намедонистам ин ҳикояро пажӯҳишгари номвари адабиёти он замон, корманди масъули нашриёти бонуфузи «Советский писатель» Лев Илйич Левин «новая струна», яъне як тори нави хушсадо дар насри навҷавонониадабиёти Шуравӣ номида. Гуфтаи ин фарди номварва ҳамчунин таҳлили панҷ бузургвори дигари онзамонаро маҷаллаи умумииттифоқии «Литературная учёба» чоп карда.Дар ҳамон Москва, дар нашриёти «Молодая гвардия» ҳамчунин китоби қиссаву ҳикоёти муаллифи ҳикояи «Дорбоз» бо номи «Когда ушел дорбоз» бо теъдоди сад ҳазор нусха ба табъ расида буд.Муаллифи он Абдурофеъ Рабиев (Шераки Ориён) ному насаб доштухудашро ягон бор надида будам, вале навиштаҳояшро дида, хосатан афсонаҳои пур аз ҳақиқаташро ва онҳо басо писандам афтода ва ҷазбам карда. Яке аз он қиссаҳо «Муҳаббат ва ҷавонмардӣ» унвон дошт. Ин қиссае буд, ҳақиқатҳо моломоли афсона шуда. Ман гумон мекардам, балки яқин мекардам,он ҳама рӯйдод маҳз дар мавзеъҳое мегузаранд, ки мани бачаю наврасҳоло дар ин ҷо зиндагӣ ба сар дорам. Балки ба афсона будани ин навишта боварӣ ҳам надоштам. Муаллиф низ дар зерсарлавҳа таъкид карда: «ҳақиқат аз афсона ҳам зебост!»Ин қисса як саргузашти азиме буд, ки акнун ман ҳам медонистам, балки аз сару бараш то мисраи охиринаш гуфта метавонистам. Яъне, ҳарчанд шеъру шеъргунаҳоро азёд бикунанд, ман ин қиссаи азими насриро азёд медонистам. Ширкатгарони қисса, яъне Ҷайҳуну Фаридун ва аспи онҳо як ҷузъи зиндагию афкорам гардидабуданд. Қаҳрамонони ин қиссаҳо он тавре ҳарф мезаданд, ки ману ин ҷо будагиҳо гуфтугӯҳо доштем ва онҳо он афкору амалу равиш нишон медоданд, ки ин ҷо будагиҳо доштанд.Ҳоло намедонистам дар олами кабир низ ин қиссаро мехонанду мафтунаш мешаванду нидо дармезананд: «Муҳаббат ва ҷавонмардӣ»- иАбдурафеъ Рабиевро дастоварду комёбии 50-соли насри як адабиёт низ номидан мумкин аст!»Инро каси одӣ не, балки муҳаққиқи сатҳи байналхалқии адабиёт, проффессори номвар Зая Асманова таъкид карда.Бале, чунин баҳо дода буданд дар олами кабир доири як насрнависи тоҷику эҷодиёти вай. Мани наврасу навҷавони кӯҳманзилҳо бештар мафтуни эҷодиёти ин адиб мешудам.
Қиссаи «Зардолуи маҳтобӣ»-и вайчунон бастаам карда буд, ки шабҳо зери партави зарҳалӣ ва сабзу кабудтоби маҳтоби боғи ҳавлиамон гӯё он зардолуҳои маҳтобиро дар сари шохсорони ниҳолони боғамон медидам, ё тасаввур мекардам.Баъд шунидам, ки шоираи фарзонае бо номи Фарзонаи Хуҷандӣ иброз доштааст: «Касе, ки қиссаи «Зардолуи маҳтобӣ»-ро навиштааст, бе ягон шакку шубҳа, варо аз пештозони насри имрӯзи кишвар номидан мумкин аст»
«Зардолуи маҳтобӣ» ишқи талошгаронадорадсӯйи кашшофиҳо ва пешравиҳо.Чунин навиштаҳо зиёд буданд дар дастурхони фарроху фасонабори пур аз неъмати эҷодиёти ин муаллиф, яъне Абдурофеъ Рабиев.Зиёд буданд, ба мисли қиссаҳои «Марде, ки паранда шуд», «Саргузашти мисли зиндагӣ пурпеч», «Қиссаи Хизрбону», «Достони нур», «Чакраҳо», «Чил хӯшаи гандум», «Зинда бодо зиндагӣ», ки ҳамаашонро бо шавқи хоса ва муҳаббати беандоза мутолиа кардаам.Вақте филми офаридаи ин муаллиф «Марди мутааллиқи ду зан» ба миён омад, сари завқ гаштаю баргашта тамошояш мекардам. Ҳама рӯйдодҳои он ҷобуда гӯё дар ин доманакӯҳ ва даракӯҳҳои маконҳои мо амалӣ мегардиданд. Акнун гуфтаҳои филмҳояшро низ азёд мекардам. Ҳатто занҳои деҳкадаҳои мо пораҳои афзуне аз он филмномарозикр мекарданд. Зеро, гуфтаи қаҳрамонони ин филмҳо ва забони осори дигараш мардумиву рӯшану фаҳмо буданд. Яъне, аз халқ будавухуди халқ бозгашт қабулаш карда. Пас, чӣ ҷойи шак ва чӣ ҷойи шубҳа гирифтан ба забони осори ӯ?Чунон ки забони филмҳои вай -«Афсонаи зиндагӣ», «Аспи охирин», «Насл» ва монанди инҳова китобҳои зиёдаш аз сеҳри қалами ӯ ва аз донандаи хуби забони модарӣ будани ӯ гувоҳӣ медоданд…Ман бошам, ҳамеша шукр мекардам,дар кишвари мо чунин эҷознависе ҳаст, ки зиндагии бачагиву наврасиву навҷавонии моро фасонаангез тасвир карда тавониста, то таъму лаззати он дар хотирҳова зеҳн бо тарзи ҳамешагӣ бимонад.
Хоса солҳои донишҷӯ шуданам асарҳои ин муаллифро зиёд мехондам ва ба ҳамкурсонам мутолиаи онҳоро тавсия медодам. Чӣ тур мутолиа накардан мумкин буд чунин нигоштаҳоро, ки онҳо ботинсоз, зиндагисоз, афсонаовари лаззатбахш буданд…
Як рукни умдаи эҷодиёти ин муаллиф, яъне Абдурофеъ Рабиев пайваст хӯрда буда бо расму русуми миллӣ ва таърихи миллат. Деваштичу Муқаннаъ ва Слефу Апама ва Исмоили Сомониву Фирдавсӣва бузургони дигарро аз ҷиҳатҳои нав ба нав ба мо эҳдо менамуд. Ҳатто бобокалони модарии ман Халифа Ҳасан, ки 163 сол умрдида ва фардизаминкушо, ирригатор ва олиму табиби асри нуздаҳ буда, дар асарҳои вай рангубори пурмаънии дигар мегирифтанд.Асарҳое, ки ба ҷасоратмандӣ, нерумандӣ ва меҳанпарастӣ ҳидоят мекарданд. Ба таърихи гузаштаву хокистаршуда ҷони нав мебахшиданд ва таъкид мекарданд: аз он гузашта барои имрӯзи худ ва ояндаи худ оташу гармӣ баргиред ва дар партави онҳо роҳатонро рӯшантар созед.
Аз ин боис, чун ман баъдтар дар Кумитаи кор бо ҷавонони ҷумҳурӣ ба масъулияте шуруъ карда будам, барои чопи се қиссаи таконбахши ин адиб бо номи «Се диловари як кишвар» талошҳо ба харҷ додам, то дастраси ҷавонони меҳаншинос ва меҳанпараст бигарданд.
Вақте чун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣфаъолият мекардам, ҳамчунин талошҳо ба харҷ медодам, то романи ӯробо номи «Достони ватанпарастӣ», ки доир ба зиндагиномаву корномаи Исмоили Сомонист,бо василаи Кумитаи ҷавонон ва сарвари рамузфаҳмион ба дарҷ расонидан имконпазир гардад. Ин ҳам даст дода буду то ҳол он асари азими шавқовар се маротиб рӯйи чопро дид.Акнун бошад,ки корманди масъули Дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонҳастам,ҳамчунин мутолиаи навиштаҳои ин эҷодгар ва тамошои филмҳояшро варо ба аъзои ҳизб тавсия медиҳам, зеро итминон дорам, чунин асарҳо ботинро пурмаъно ва зиндагиротаконбахш карда метавонанд, ки ин ҳама барои беҳтар шоиста зистан ва оянда сохтан зарур мегардад.
Акнунқайдҳои худамро доир ба ин эҷодгарбо як таъкиди академики муҳтарам, сиёсатмадор Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳусни итмом бахшиданиам: «Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабиев) насри тоҷик ва ҳамчунин филмномаҳои тоҷикро пур аз меҳру умеду назокату самимият карда тавонист, ки ин ҳама аз ботини покиза ва истеъдоди арзанда ва фардияти шоистаи ин эҷодкори нотакрор гувоҳӣ медиҳанд…»
Бигзор чунин эҷодгари қавӣ ва тасвиргари зиндагӣ рӯйи ин олами нурбораву хушгувор кору фаъолияташро идома бидиҳад ва оянда низ барои мо асарҳои нотакрор ва мондагори дигар пешкаш бикунад. Асарҳое, ки мо ҳамеша онҳоро бо беқарорӣ интизорӣ мекашем ва бо як шавқу самимияти хоса мутолиа кардан мехоҳем…

Абдураҳмон ХОНЗОДА,
роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: