Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Нахустин руси муҳаққиқи «Шоҳнома» аз нигоҳи муҳаққиқи рус

Нахустин руси муҳаққиқи «Шоҳнома» аз нигоҳи муҳаққиқи рус

13-08-2020, 14:02
Хабарро хонданд: 525 нафар
Назарҳо: 0
Нахустин руси муҳаққиқи «Шоҳнома» аз нигоҳи муҳаққиқи рус
Аз кӯлбори таърих


Китоби безаволи шоири форсу тоҷик «Шоҳнома» муддатиқариб ду асри гузашта дар меҳвари таваҷчуҳи пажӯҳишгарони кишварҳои Аврупову Осиё будааст. Дар ин мақолаи адабиётшиноси намоёни ӯзбек Ҳ.Ҳомидӣтаърихи як чунин пажӯҳиш бозтоб мешавад, ки барои хонандаи мо ҳам ҷолиб хоҳад буд.
Он солҳо ман дар аспирантура мехондам ва боре дар вақти таътил ба хонаамон ба Косонсой омадам. Чун ҳамеша, дар рӯзҳои аввали ба зодгоҳ омадан ба дидани муаллими забон ва адабиёти мактабам, донандаи хуби адабиёти шарқ МаҷидҲомидов рафтам. Пас аз салому аҳволпурсии анъанавӣ сари як пиёла чой, суҳбати мо ба таври табиӣ ба мавзӯи шеър, рӯзгори арбобони шеъру адабиҷаҳонӣпечид.
Ба муаллим гуфтам, ки рӯи рисолаи илмӣ дар мавзӯи таъсири сабки анъанавии эҷодиёти Фирдавсӣба адабиёти классикии ӯзбек кор карда истодаам. Бо мақсади пайдо кардани манбаъҳои илмӣ ба Ленинград рафта, муддати як сол дар он ҷо баъзе адабиётро омӯхтам, алахусус, бо асарҳои Мирзо Қосимбек ва С.Назариён, ки осори ин классики бузурги адабиёти форсиро таҳқиқ намудаанд, ошно шудам.
- Шумо навиштаҳои Жуковскийро ҳам хондед? - ногаҳон аз ман пурсид муаллим.
- Оре, хондам. Жуковский ҳамонест, ки достони "Рустам ва Суҳроб" -ро ба забони русӣтарҷумаи озод кардааст, - гуфтам ва ҳамоносавол гузоштам:
- Домулло, як бор дар дарс шумо ба мо дар бораи эҷодиёти Фирдавсӣ нақл карда, порчаҳое аз «Шоҳномаи түркӣ»("Кутадгу билиг") -и Юсуф Баласоғгунӣ) хонда будед. Оё шумо дастнависи ин асарро доред?
- Он чӣ ба шумо он вақт хондам, таърихи худро дорад, - пас аз андаке сукут ва нӯшидани як каш чой,муаллим бо ҳавсала ба нақли саргузашти худ пардохт. - Баҳори соли 1925 ё 1926 буд. Ҳамин ки ман пас аз кор аз мактаб ба хона баргаштам, як ҷавон аз паси ман омада, гуфт:- Отакузӣ Абдураҳмонов шуморо ба манзилашон даъват мекунанд.

Ман зуд роҳии манзили устод Отакузӣ, ки дар маҳаллаи Яллама зиндагӣ мекард, рафтам. Соҳиби хонаро дидам, ки бо як меҳмони ба ман ношинос суҳбат карда, менишаст. ӯ аввал маро бамеҳмон ва сипас, меҳмонро ба ман шинос карда, гуфт: - Ин кас устод Фитрат, яке аз созмондиҳандагони шаҳири бахши маорифи халқи ӯзбекистонҳастанд. Нияти сафар ба Намангонродоранд, аз шумо хоҳиш мекунам, ки ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ кунед.
Пас аз як рӯз, бо устод Фитрат мо дар ин шаҳр назди китобдори коллексияи маъруфи дастнависҳои қадима Лолариш нишаста, вориди таҳқиқ шудем. Дар пайи гуфтугӯ ва музокироти тӯлонӣ, китобдор нодиртарин дастнависҳоро оварда, назди мо гузошт. Фитрат ҳар якеро бодиққат меомӯхт, баъзе аз саҳифаҳоро болои варақ мекӯчонид, ман ҳам ба ӯ пайравӣ карда, баъзе ҷойҳои навиштаи устодро барои худ ёддошт мекардам. Ниҳоят, ба назар чунин намуд, ки вай чизеро, ки мақсади сафараш ба ин роҳи дур буд ва бисёр мехост бинад, пайдо кард: ӯ бодиққат яке аз китобҳоро бо ҷилдпӯши сурхчаи сабз (ё бо муқоваи чармӣ, ман ҳоло дақиқ дар ёд надорам) дар хонтахта гузошт. Фитрат аввал мундариҷаи дарёфташро бодиққат мутолиа, баъд ба навиштани порчаҳои ҷудогонаи китоб шурӯъ кард. Ман низ бо оромӣ аз паси устод тавонистам, ки аз ин шоҳасар пораҳоеро нависам. Он чизе, ки ман дар дарсҳо ба шумо хонда будам, аз ҳамон иқтибосҳо буданд. (Ин дастнависи "Шоҳномаи туркӣ" буд, ки Фитрат баъдтар аз Лолариш харид ва ба Китобхонаи давлатӣтақдим кард. (Дар ҳошияи матлаб зикр шудааст, ки ин дастнавис ҳоло дар бойгонии Институти шарқшиносии Берунии ӯзбекистон нигоҳдорӣ мешавад- С.Ю.).
Барои ман, ки ҳамагӣ бистсола будам,Фитрат як марди доно ва донандаи амиқи адабиёт менамуд ва вохӯрӣ бо чунин шахс як рӯйдоди хотирмон гардид, - хулоса кард устодам ва азҷой бархоста, як халтаирангпаридаро оварда, аз он чанде азкитобҳои зардшударо берун кашид ва якеро ба ман дода, гуфт: -Шумо инро пештар дидаед?
Ман китобро ба даст гирифтам. Дар муқоваааш ин навиштаҷотбуд: "Одесский Альманахъ на 1839 годъ." ("Алманахи Одесса барои соли 1839. " (Алманах дар фарҳангҳо ба маънои маҷмӯаи адабии ғайридавраӣ бо асарҳои нависандагони гуногун аст-С.Ю.).

- Дар ин ҷо, як мақолаи ҷолиб дар бораи Фирдавсӣ ҳам ҳаст, ҳатман хонед.
Ман маҷмӯаро бо шавқ варақ задам, он мақола, эссе, ёддоштҳо дар бораи забону адабиёти рус ва украинӣ, дар бораи таърих ва инчунин шеърҳои гуногунро дар бар мегирифт. Мақолаи В. В. Григоревро "Фирдавсӣ –эҳёгари шеъри форсӣ" ("Фирдоуси - довершитель возрождения национальной поэзии в Персии") –ро дида, бо майли бениҳоят хондам. Он фаҳмиши маро дар бораи тадқиқоти анҷомшудаи осори Фирдавсӣ дар Русия хеле васеъ кард...
Аввалин тарҷумаҳои насрӣ ва шеърии "Шоҳнома", ки тоҷи осори эпикииҷаҳонӣ аст, дар Аврупои Ғарбӣ ба миёнаҳои асри 19 рабт мегирад. Аз ҷумла, шарқшиноси маъруфи фаронсавӣҶюл Мол дар солҳои 1838-1848-1875 тарҷумаи ҳафтҷилдаи пурраи насрии онро анҷом дод. Шарқшиноси олмонӣ Фридрих Рюкерт тарҷумаи озоди онро ба забони олмонӣ бо такя ба тарҷумаи Мол ба иҷро расонд. Бо истифода аз ҳама тарҷумаҳои дар боло зикршуда В.А. Жуковский дар соли 1849 як нусхаи озоди ин шоҳасарро бо русӣ зери номи "Рустам ва Суҳроб" баргардон ва чоп кард.
Ҳамзамон, бо тарҷумаи «Шоҳнома» ба забонҳои Аврупои Ғарбӣ аввалин таҳқиқот дар бораи Фирдавсӣҳам пайдо шуданд. То он замон, оғози омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти Фирдавсӣ дар таърихи шарқшиносии рус маъмулан ба мақолаи Мирзо Қосимбек «Мифологияи порсҳо азбиниши Фирдавсӣ» (маҷмӯаи «Шарҳи Шимолӣ», 1848, ҷилди 3, саҳ. 1-12) ва рисолаи профессори Донишгоҳи Қазон С.Назариён «Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ ва "Шоҳнома"-и ӯ» (1849), нисбат дода мешуданд. Аммо мақолаи В. Григорев даҳ сол қабл дар "Алманахи Одесса, 1839" нашр шуда буд. Муҳаққиқ дар он ба тарҷумаи арабӣ (Ал-Бундарӣ), ба китоби Низоми Арӯзии Самарқандӣ «Чаҳор мақола», тазкираи Муҳаммад Авфии Бухороӣ «Лубоб-ул -албоб», ба асари Давлатшоҳи Самарқандӣ «Тазкират-уш-Шуаро» ва дигар сарчашмаҳои арабӣ ва форсӣ такя кардааст. Бар илова, маълум мешавад, муаллифи мақола, инчунин, бо тарҷумаҳои олмонии Ҷ.Аткинсон ва Ф. Рюкерт ошноӣ доштааст.
Дар оғози мақола В. Григорев дар бораи забт шудани Форс аз ҷониби арабҳо, харобшавии кишвар ва дар бораи муборизаи мардум ба истилогарони хориҷӣ дар давраи пеш аз сулолаи Сомониён маълумоти таърихӣдода,таъкид мекунад:«Миллате, ки шахсиятҳои афсонавие, ба монанди Ҷамшед ва Кайхусрав, қаҳрамонони мағлубнопазире ҳамсони Рустам ва Суҳроб, подшоҳони шуҳратманд ба монанди Баҳроми Гур ва Хусрави Парвизро дошт, сазовори офарандаи достонҳое дарбораи чунин шахсиятҳо низ ҳаст». Ба андешаи Григорев, ин ҳамосаҳо аз осори адибони юнониёни қадим ва ҳиндӣниз кам нестанд.
Бо вуҷуди ин,шеъри баланди форсӣ аз ҷониби забткорони араб ба замин поймол карда шуд. Вақте сарфармондеҳи нерӯҳои истилогар Саъд Ваққос ба халифа Умар пешниҳод кард, ки асарҳои форсиро бинобар аҳамияти баланди ғоявӣ ва тарбиявӣ доштанашон ба забони арабӣ метавон баргардон кард,ӯ дар посух ин суханро шунид: «Ин осорро тарҷума на, балки бояд ба об андохт ва ё оташ зад».Халифа Аттоҳир чун бо достони "Вомиқ ва Узро" ошно шуд, нафраташ омад ва изҳор кард: "Мо Қуръонро мехонем ва танҳо Қуръоне, ки ба Паёмбар нозил шудааст ва ин китоби зардуштиҳо аст, онро бояд ба оташ партофт" ("Одесса Алманах", саҳ. 344).
Қисми дуюми мақола бо пайдоиши як давлати мутамаркази Сомониён ва шароити нави иҷтимоию сиёсӣ, заминаҳои мусоид барои эҳёи арзишҳои миллии фарҳангӣ, пайдоиши адабиёти нави миллии форсӣбахшида шудаааст. Муаллиф ба осори асосгузори ин адабиёт А. Рӯдакӣ ва ҳамасронаш, ки номҳояшон то ба он дам ба доираҳои илмӣ маълум набуданд: Дақиқӣ, Унсурӣ, Асҷадии Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асадӣ, Абулфараҷ, инчунин,Носири Хусрав, Умари Хайём ба таҳқиқ назар кардааст.ӯ фаъолияти олим ва шоир Рашидиддини Ватвот, дар радифи ӯ Абдураззоқро, ки афсона, ривоятҳо ва саргузаштҳои қадимаро ҷамъмеовард, муфассал тавсиф мекунад. Далелҳои муаллиф оид ба таъсири судманди устура ё мифҳои шарқӣ ба шеъри эпикӣ ва зинда будани тасвирҳои мифологӣдар афсонаву ривоятҳо ба дурустии илмии онҳо эътибори сазовор доранд.
Пас аз он В. Григорев ба таҳқиқи ҳаёт ва касбияти Фирдавсӣмепардозад. Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки ин як таҳқиқи пурраи илмии эҷодиёти шоири бузург дар таърихи шарқшиносии рус аст. Муҳаққиқ таърихи эҷоди "Шоҳнома" -ро моҳирона мекушояд ва дар бораи сарнавишти шоир Дақиқии Бухороӣ, ки ибтидои "Шоҳнома" бо номи ӯ алоқаманд аст, бо боварӣ сухан мегӯяд. Ҳамзамон, муаллиф дониши амиқро дар соҳаи афсонаҳои Шарқӣ, таърих ва ривоятҳо ифода кардааст. Дар пажӯҳиш ривоятҳо дар бораи таърихи эҷоди "Шоҳнома", дар бораи сарнавишти муаллифи он, масоили робитаи шоир бо ҳокимон ва ғайра ҷойгоҳи намоён доранд.
Матни «Шоҳнома» мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Бо боварӣба нуқтаи назари бадеӣғояҳои қаҳрамонӣ, ватандӯстӣ, сулҳпарварӣ, гуманизм, дӯстии халқҳо, ки дар он тасвир ёфтааст, тавзеҳ мешавад. Масъалаи таъсири эҷодиёти даҳонӣ ва назми халқҳои Шарқ ба эпос, образҳои қаҳрамонони марказии он низ ҳамаҷониба таҳлил шудаанд. Чунин муносибати холисона ба омӯзиши матн барои В. Григорев ин андешаро фароҳам кардааст, ки бигӯяд: «На аз ҷиҳати ҳаҷм ва на аз лиҳози ғоявӣ ва ҳунарӣ, на дар Осиёи Миёна ва на дар Аврупо ҳеҷ асаре бар пояи Шоҳнома вуҷуд надорад». (саҳ. 353).
Ман фикр мекунам, ки В.В. Григорев аввалин шарқшиноси машҳур аст, ки «Шоҳнома» -ро ҳамчун намунаи эҷодиёти муосир ва чун тоҷи эпикии осори ҷаҳонӣвасеъ ба баррасӣгирифтааст. М.Қосимбек ва С.Назариён асарҳои Фирдавсиро як сохтори шеърии бо мифҳо асосёфта ва солномаи таърихӣмеҳисобиданд. Ҳамзамон, онҳо дар асоси омӯхтани танҳо як ё ду бахши ин эпос хулосаи худро баровардаанд. Аммо, Григорев, Фирдавсиро ҳамчун оғози Эҳёи Шарқ, ки мактаби худро дар шеър бунёд кардааст, мебинад.
Мо кӯшиш кардем, ки дар бораи шахсият ва фаъолияти илмии В. Григорев маълумоти иловагӣ пайдо кунем. Мутаассифона, қариб ҳеҷ гуна маълумоте ёфт нашуд. Танҳо муяссар гардид, кидонем, ӯ китоби дигаре бо номи "Дар бораи мардуми скиф - сакҳо" –ро дар соли 1871 навишта ва ба нашр расонида будааст.
Тадқиқоти В.В.Григориев дар ҳеҷҷое зикр, дар каталогҳои илмӣҳам қайд нашудааст. Дар ҳамин ҳол, мақолаи ӯ чун аввалин кори илмӣ дар шарқшиносӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣқарор гирифта, ки тасвири нисбатан мукаммали Фирдавсиро фароҳам меорад.
Солҳо мегузаранд. Дар ин миён, Маҷид Ҳомидов, дӯстдори адабиёт низ аз олам гузашт. Китобҳои нодир ва дастнависҳои пурарзиши ӯ аз даст ба даст рафт. Он чизе, ки ман инҷо баён доштам, ба он иқтибосҳои кӯтоҳе асос ёфтааст, ки ҳангоми хондани мақола дар хонаи муаллими мактабиам бо шитоб ёддошт карда будам.
Ҳ.Ҳомидӣ,
доктори филология, профессори Донишгоҳи давлатии Тошканд
ба номи Алишер Навоӣ.
Аз русӣ тарҷумаи Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: