Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА ХАТАРҲОИ ОН БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА ХАТАРҲОИ ОН БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

16-06-2023, 09:00
Хабарро хонданд: 856 нафар
Назарҳо: 0
ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА ХАТАРҲОИ ОН БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ
Бо дарназардошти вазъи мураккаби имрӯзаи ҷаҳон, ки бастагӣ ба ақидаҳои ифротгароӣ, тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳо дорад, доир ба афзоиш ва густариш ёфтани экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии экстремизм чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм аз калимаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслии он ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Ҷомеаи имрӯзаи моро равияҳои номатлубе фаро гирифтааст, ки ба зеҳну андешаи ҷавонон бетаъсир нест. Маълум аст, ки хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир терроризму экстремизм аст ва онро “вабои аср” мехонанд.
Муқовимат бар терроризм ва ифротгароии хушунатомез (экстремизм) тӯли солҳои охир боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои алоҳида, ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гардидааст. Амалҳои террористӣ ва фаъолияти экстремистӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам боиси ба ҳам задани низомҳои сиёсӣ, амнияту суботи мардум, куштори аҳолии осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон гардидаву рушди минбаъдаи кишварҳоро ба даҳсолаҳо ақиб андохтааст.
Ин амалҳо бори дигар собит месозанд, ки терроризм ҳамаи арзишҳои маънавӣ ва инсониро сарфи назар мекунад. Илова бар ин, экстремизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифтааст ва ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст.
Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш ба миён ояд. Хусусан, баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ созмонҳо ва ҳаракатҳои нави диниву сиёсӣ таъсис ёфта, бархе аз онҳо ба кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини собиқ Шуравӣ роҳ ёфтанд.
Мисоли равшани чунин созмону ҳаракатҳои барои фазои анъанавии динии Тоҷикистон бегона ҳизбҳои “Таҳрир” ва “Салафия” мебошанд, ки дар даҳсолаҳои нахустини замони соҳибистиқлолӣ бо ин ё он роҳ ба кишвари мо ворид шуда, набзи ҳаёти динию сиёсии кишварамонро халалдор мекарданд. Умуман, таҳти мафҳуми “созмон ё ҳаракатҳои исломӣ” қувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст. Бархе аз чунин созмон ва ҳаракатҳо хусусияти экстремистӣ дошта, фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳои исломӣ мамнуъ мебошад.
Гурӯҳи дигари чунин ташкилотро ҳизбҳо ва созмонҳое ташкил медиҳанд, ки дар арсаи ҳаёти сиёсии кишварҳои исломӣ озодона ва бо иҷозати қонун амал намуда, барои бунёди давлат ва ҷомеаи исломӣ дар асоси меъёрҳои шариат идора кардани соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мубориза мебаранд. Аммо дар байни чунин ҳаракатҳо қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ низ вуҷуд доранд, ки онҳо вазъи ҳаёти сиёсию ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар халалдор намуда, барои расидан ба ҳадафи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор ва зӯроварӣ низ рӯй намегардонанд. Маҳз ҳамин гуна қувваҳои тундрав барои ба даст овардани ҳадафи сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва такомули ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои исломиро ба вартаи буҳронҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ тела медиҳанд.
Тавре ки собиқ Канслери Олмон хонум Ангела Меркел дар яке аз сухарониҳояш нисбат ба дини ислом ва мусулмонони ҷаҳон иброз дошта буд: “Ҳинду Чин наздик ба 2,5 миллиард аҳолӣ, 150 Худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду дар вазъи сулҳ зиндагӣ мекунанд. Мусулмонон як Худо, як пайғамбар ва як китоб доранд, зиёда аз 1,8 миллиард, яъне, 24,1 фоизи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд, вале хиёбонҳояшон аз хуни ҳамдигар сурх шудааст. Қотилаш мегӯяд: «Оллоҳу Акбар!» Зарардидааш ҳам мегӯяд: «Оллоҳу Акбар!» ва куштаҳои ду тараф «шаҳид» номида мешаванд”.
Шумораи пайравони адён ва боварҳои ҷаҳон:

1. Масеҳӣ (христианӣ) 2,4 млрд - 33%
2. Ислом 1,8 миллиард - 24,1%
3. Атеистҳо 1,2 миллиард -16%
4. Ҳиндуҳо 1,15 миллиард -15%
5. Буддизм 521 миллион -7%
6. Дини халқҳои Чин 394 миллион-5,5%
7. Динҳои этникӣ 300 миллион -4,19%
8. Динҳои анъанавии африқоӣ100 миллион - 1,40%
9. Сикхизм 30 миллион - 0,32%
10. Спиритизм 15 миллион - 0,21%
11. Яҳудӣ 14 миллион - 0,20%
12. Баҳоӣ 7,0 миллион - 0,10%
13. Ҷайнизм 4,2 миллион - 0,06%
14. Синтоизм 4,0 миллион - 0,06%
15. Каодаӣ 4,0 миллион - 0,06%
16. Зардуштӣ 2,6 миллион - 0,04%
17. Тенрикё 2,0 миллион - 0,02%
18. Неопаганизм 1,0 миллион - 0,01%
19. Унитарализми универсалӣ 0,8 миллион - 0,01%
20. Растафаризм 0,6 миллион - 0,01%

Таърих дар тӯли солҳои зиёд собит намудааст, ки заррае ғофил мондан аз кирдору хиёнаткории афроде, ҷавоб нагардонидан ва ё пешгирӣ накардани ҳодиса ва ё раванди манфие метавонад ҷомеаро ноором созаду ба вартаи ҷангу хунрезӣ кашида, қаламрави кишварро ба тақсимшавӣ оварда расонад ва заминаҳои ташвиқу тарғиби бегонапарастиву зиддимиллиро ба миён орад.
Боиси нигаронист, ки қисме аз ҳамватанони мо нисбат ба арзишҳои миллию давлатӣ мавқеи бетарафӣ ва бегонапарастиро ихтиёр намудаанд. Ин амал ба раванди муттаҳидӣ ва якпорчагии кишвари азизамон монеа ба вуҷуд оварда, ба миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо хатарҳо эҷод мекунад.
Бояд ёдовар шуд, ки ҷанги хунини шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон, ки дар натиҷаи он садҳо ҳазор қурбон шуданду мамлакат харобу валангор гардид, як миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон хоки кишварро тарк намуда, теъдоди зиёди ходимони давлатӣ ва олимон қатл карда шуданд, маҳз бо дасисаи Ҳизби террористии наҳзати ислом сар зад.
Аъзо ва роҳбарони ин ҳизби мамнуъ, ки афроди манфиатҷӯ ҳастанд, барояшон ақида ва ҳисси миллӣ умуман вуҷуд надорад. Ҳанӯз ҳам афроди боқимонда аз ҳисоби роҳбарону пайравони ин ҳизби ифротӣ аз хориҷи кишвар истода, ба кишвар ва миллати мо санги маломат мезананд ва бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки ба сафи худ ҷавонони ноогоҳро шомил намоянд. Вале онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳадафҳои нопоки худ нахоҳанд расид.
Ба ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки муборизаҳои сиёсии созмонҳо ва ҳаракатҳои тундраву ифротгаро омили нахустини сар задани буҳронҳо ва муташанниҷ гаштани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳои исломӣ мебошад. Нигоҳи ифротгароӣ решаи хеле чуқур дошта, он ҳеҷ гоҳ робита ба дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад.
Дар ҷаҳони муосир шумораи мушаххаси гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро иттиҳодияҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳадафҳо ва фаъолияту амалашонро махфӣ нигоҳ медоранд. Мавҷуд набудани меъёрҳо ва қоидаҳои асосию умумии муносибат бо иттиҳодияҳои террористию экстремистӣ вазъ ва корро мушкил мегардонад. Аммо ташкилотҳои бузургтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Дар шароити муосир бештар дар бораи як қатор ташкилотҳои овозадори террористӣ андешаҳо иброз менамоянд ва амалҳои зиддитеррористӣ низ асосан муқобили онҳо нигаронида шудаанд.
Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон ва рӯзноманигорон экстремизм бештар дар соҳаи дин ба мушоҳида мерасад. Гурӯҳҳои экстремистӣ асосан ба ҷавонон ва духтароне таваҷҷӯҳ мекунанд, ки ба хурофотҳои динии куҳнапарастӣ гирифтор шудаанд ва ё дар зиндагӣ аз чизе руҳафтода ва ноумед гардидаанд ва ин боиси ба доми ифротиҳо афтодани онҳо мегардад.
Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳои иттилоотии муосир ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи онҳо бисёр моҳирона истифода мешаванд. Ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки «Масъалаи мубориза бар зидди терроризм, хурофотпарастию ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад».
Имрӯз дар дини мубини ислом на танҳо арзишҳои диниву ирфонӣ ва эътиқодӣ мавҷуд аст. Дар ислом, бинобар сиёсишавии гурӯҳҳои алоҳидаи он, кӯшишҳои гузаронидани ислоҳотҳо ба назар мерасанд. Барои ба мазмуни ин масоил расидан бояд дар бораи мавҷудияти се ҷараён дар исломи муосир маълумот дошта бошем:
- ҷонибдорони ҷараёни аввал муътақиди секуляризм (дунявият), зидди сиёсишавии ислом ва аз давлат ҷудо будани дин ҳастанд. Дар айни замон онҳо ҷонибдори риояи одобу ахлоқи динӣ, фармудаҳои Офаридгор (иҷро намудани шариат) мебошанд;
- ҷонибдорони ҷараёни дуюми ислом зидди ҳамагуна навовариҳо дар дин мебошанд, онҳо мардумро ба ҳифз намудани тартибу низоми динии асримиёнагӣ ва ба сабру таҳаммул даъват мекунанд;
- ҷонибдорони ҷараёни сеюми дини ислом мақсади ислоҳ намудани оини диниро дар назди худ гузоштаанд, онҳо ба худ номи «фундаментализми исломӣ»-ро гирифтаанд. Ҷонибдорони ин ҷараён аз тартибу низоми мавҷудаи давлат норозӣ мебошанд ва баҳри тағйир додани низоми давлатдорӣ мекӯшанд. Онҳо ҳадаф доранд, ки тамоми ҷомеаи мусулмонон аз рӯйи тартиботи динии солҳои аввали зуҳури ислом амал намоянд ва риояи ҳатмии аркони шариат ва аҳкоми диниро пешаи худ қарор диҳанд. Аз ҷониби фундаменталистон қонунҳои воқеии давлат инкор карда мешавад.
Яке аз намудҳои фундаментализми сиёсӣ «Салафия» ба шумор меравад. “Салафия” аз одобу ахлоқи динӣ ба ақидаҳои сиёсии динӣ гузаштанро таблиғ мекунад. Он бо роҳи зӯроварӣ соҳиби ҳокимият гаштани мусулмонони «ҳақиқӣ»-ро тарғиб мекунад.
Мутаассифона, имрӯзҳо дар ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд, ки дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа низоъ меандозанд. Ин гурӯҳҳо бо фундаментализми исломиву ифротгароӣ ва экстремизм таҳдид мекунанд, кӯшиш мекунанд, ки эътимоди мардум ба давлати дунявӣ коста гардад, ба ваҳдату ягонагии миллат рахна зананд ва низои байни миллату халқиятҳоро барангезанд. Онҳо зери ниқоби ислом амал намуда, бо ёрии гурӯҳ ва шахсиятҳои ғаразнок дар байни мардум ақидаҳо ва адабиётҳои хусусияти ифротгароидоштаро паҳн мекунанд.
Ифротгароии динӣ ба манфиати шахс, ҷомеа ва давлат таҳдид менамояд. Аз ҷумла, шахсе, ки ба равияи ифротгароии динӣ шомил шудааст:
- аз оила, хешу пайвандон ва наздиконаш маҳрум мегардад;
- мавқеи иҷтимоии худро дар ҷомеа аз даст медиҳад, аз имкониятҳои донишомӯзӣ, соҳибкасб шудан ва дар ҷомеа соҳиб гаштан ба мавқеи муносиб маҳрум мегардад;
- дар зиндагӣ мавқеи шахсии худро аз даст медиҳад, ӯ ба воқеият танҳо бо нигоҳ ва ақидаву равияҳои ифротгароии динӣ назар мекунад;
- ҳаёти хешро дар маҳбас ва ё дар мамлакати бегона мегузаронад, уҳдадориҳояшро дар назди оила, падару модар ва пайвандонаш иҷро карда наметавонад;
- дар натиҷаи ба муҷозот кашида шудан ва ё ба кишварҳои хориҷӣ «ҳиҷрат» намудани аъзоёни равияҳои ифротгароӣ, дар оилаи онҳо парокандагӣ ба вуҷуд меояд, фарзандон аз тарбия дур мемонанд, оилаҳо бепарастор мегарданд;
- ҷараёни аз насл ба насл гузаштани арзишҳои оилавӣ зарар мебинад, ҳувияти миллӣ, фарҳангӣ, таърихӣ аҳамияти худро гум мекунад ва дар натиҷа маънавиёт коҳиш меёбад;
- дар натиҷаи ба анҷом расонидани амалу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва террористӣ одамон ба зӯровариву қатлу ғорат, ба гарав гирифтан ва ғуломдорӣ одат мекунанд. Дар айни ҳол, ин амалҳо дар байни қишри ҷомеа тарсу ваҳмро ба вуҷуд меорад, селоби гурезаҳо зиёд мегардад;
- терроризм ва экстремизм ба авҷ гирифтани ҷинояткорӣ оварда мерасонад;
- давлат маҷбур мешавад, ки баҳри таъмини бехатарӣ аз буҷет маблағи зиёд харҷ намояд, яъне ҷамъият аз лиҳози иқтисодӣ зарари калон мебинад. Дар натиҷа сафи бекорон зиёд мешавад, лоиҳаҳои ба самти ҳифзи иҷтимоӣ равонагашта амалӣ намегарданд, сатҳи некуаҳволии мардум коҳиш меёбад;
- тақдири мамлакат аз донорҳои иқтисодӣ ва давлатҳои ба фурӯши яроқу аслиҳа машғулбуда вобаста мегардад.
Гурӯҳҳои ифротгароӣ барои ба сафи худ ҷалб намудани ашхоси нав аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Бархе аз ҷавонон тавассути интернет, дискҳо, телефонҳои ҳамроҳ ба созмонҳои террористии “Ансоруллоҳ”, “Толибон”, «Давлати исломӣ» ва дигар ташкилотҳо майлу рағбат пайдо мекунанд.
Якдилию ваҳдати аҳли ҷомеа, ҳушёрию зиракии мақомоти қудратии кишвар ва ҷавонони содиқи миллат нахоҳанд гузошт, ки душман, ифротгаро ва террорист бо чашми бад ба сарзамини мо нигоҳ кунад.
Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳиму арзишманд он аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувортар гардонем.
Пас, моро зарур аст, ки пайваста суханони Пешвои миллатро дарк намуда, онро ба ҷавонон талқин намоем: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.
Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд”-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Бояд зикр намуд, ки танҳо иттиҳоди устувори тамоми мардуми Тоҷикистон, мардуми ватандӯсту ҳушёр, чӣ дар деҳа ва чӣ дар шаҳр метавонанд садди роҳи вабои қарни ХХI гардида, башариятро аз падидаҳои ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ наҷот диҳад.

Салим Сайвализода,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: