Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТЕРРОРИЗМ ХАТАРЕСТ БА ҶОМЕА

ТЕРРОРИЗМ ХАТАРЕСТ БА ҶОМЕА

16-04-2021, 09:00
Хабарро хонданд: 158 нафар
Назарҳо: 0
ТЕРРОРИЗМ ХАТАРЕСТ БА ҶОМЕА
Ҳеҷ як кишвари ҷаҳон аз хатари терроризм ва экстремизм эмин буда наметавонад. Бинобар ин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 чунин таъкид шудааст: “Тоҷикистон талошҳои худро вусъат бахшида, дар самти муборизаи самарабахш бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир, чун пештара, шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ хоҳад буд”.
Сарвари давлатамон, ҳамчун сиёсатмадори барҷаста, аввалин шуда аз минбари СММ на танҳо дар масъалаи об, балки дар мавриди паҳншавии хатари терроризм ва таҳдидҳои он ба ояндаи инсоният ибрози андеша намуданд. Дар ниҳоят, воқеаҳои Сурия, Либия, Ироқ, Яман ва Афғонистон дурустии пешбиниҳои ҳушдорсозандаи Сарвари кишварамонро исбот намуданд.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷидду ҷаҳд ва талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бар зидди терроризм баҳои баланд медиҳад. Аз ҷумла, дар Конфронси байналмилаллии зидди терроризм ва экстремизм, ки соли 2017 дар шаҳри Душанбе доир гардид, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон қайд намуд, ки: “Тоҷикистон бар зидди терроризм муваффақона мубориза бурд, ғалаба кард ва мавҷи терроризмро барҳам дод, Тоҷикистон пеши роҳи сироятёбиро, ки метавонист тамоми Осиёи Марказиро мубтало кунад, гирифт”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳоест, ки дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм якчанд қонун ва санаду ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, ба монанди Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 2020”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм ва ифротгароӣ” аз 8 декабри соли 2003 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”-ро қабул намудааст.
Бо вуҷуди талошҳои зиёди давлат ва мақомоти қудратию интизомии кишвар, ташкилотҳои экстремистию террористӣ бо ҳар роҳ мехоҳанд оромию осудагии кишварамонро халалдор намоянд. Хусусан, ташкилоти террористӣ экстремистии ҲНИ аз ибтидои расидан ба Ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдории навин пайваста кирдорҳои хиёнаткоронаи худро дар қолаби демократия ва дину мазҳаб ҷой дода, мехост бо роҳи табадуллоти низомӣ ба сари қудрат ояд. Танҳо аз соли 1997 то соли 2015 дар қаламрави ҷумҳурӣ ТЭТ ҲНИ зиёда аз 30 амали террористиро анҷом додааст.
Аз ин хотир, мо бояд дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои тарбиявию маърифатиро пурзӯр намуда, ҷавонон мутахассисони ватандӯст ва худогоҳро ба камол расонем. Зеро, душманони миллат, ташкилоту гурӯҳҳои экстремистӣ бо ҳар роҳ мехоҳанд маҳз ҷавононро ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа ба доми худ кашанд, бояд мо дар ҷавонон ҳисси масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ, андешаи солим, маърифати ҳуқуқиро ташаккул диҳем.
Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.
Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст - ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.
Аксари мусулмонони олам чунини мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати - духӯра, дурӯя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ. «Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки ислом моҳиятан чун дини маърифату ахлоқ ғояҳои башардӯстиву инсонпарварӣ, муоширати нек ва муҳаббату самимиятро бо аҳли хонадон, хешу таборон, ҳамсояҳову атрофиён ва риояи одоби бародариву мурувват бо дӯстону ҳамкоронро талқин мекунад», — иброз доштаанд дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Омили дигаре, ки ба мафкураи ҷавонони имрӯза таъсири манфӣ мерасонад, ин наворҳои таблиғотиест, ки тавассути расонаҳои гуногун ва шабакаи интернет паҳн карда мешаванд. Бояд хотирнишон сохт, ки бузургони миллати куҳанбунёди мо аз худ мероси бузурги маънавӣ боқӣ мондаанд, ки саршор аз ғояҳои ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, некукорӣ мебошанд. Вақти он расидааст, ки ҷавонон баҳри баланд бардоштани маънавиёти худ бояд вақти бештари худро барои мутолиаи ин мероси бузурги ниёгон сарф намоянд.

Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Одинаев Истамҷон Маҳмадалиевич




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: