Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар пайи созандагӣ

Дар пайи созандагӣ

11-05-2023, 08:26
Хабарро хонданд: 174 нафар
Назарҳо: 0
Дар пайи созандагӣ
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон неруи азимтарини ташкилоти сиёсии кишвар ба шумор рафта, фаъолияти пурсамар дорад ва қуввае ҳам ҳаст, ки бо роҳбарии Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаро пеш мебарад. Дастовардҳои зиёди мамлакати мо, ки тайи зиёда аз 30 – соли Истиқлол ба даст омадааст, ба номи ҲХДТ низ пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳизби мо урдуи зиёда аз ниммиллионнафараи он пайваста дар паҳлуи Роҳбари муаззами худ қарор дошту қарор дорад ва бо дили пур ва саросар аз фараҳу шодӣ ба ҷониби ояндаи дурахшон равона мебошад. Дар фаъолияти он сухан танҳо аз бунёдкорию созандагист. Харобкорию харобкорон душманони ҳамешагии моянд. Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ҷузъе, порае аз ин қувваи бузург аст ва зиёда аз 4 ҳазор узви ҳизбро дар ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид менамояд. Фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, дар корхонаи бузурги саноатӣ соли 1998 шурӯъ шудааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеаи демократии кишвар нисбат ба ҳизбҳои дигар бартарияти бештари сиёсиро соҳиб буда, бо татбиқи мақсадҳои наҷиби худ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободии мамлакат ҳидоят намудани мардум саҳми муносиб дорад. Дар пайи созандагӣ
Имрӯз дар Тоҷикистони мо яке аз ҳадафҳои стратегӣ саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Барои расидан ба ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст.
Бинобар ин, айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятҳоро доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои кор вусъат мебахшад. Мавҷуд набудани баъзе намудҳои ашёи хом дар дохили кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ масъалаи ҳалталаб мебошад. Вобаста ба ин, дар назар дошта шудааст, ки ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод ва тартиби татбиқи имтиёзҳо муайян карда шаванд.
Нақши асосӣ ва назарраси саноати кишвар, махсусан саноати металлҳои ранга, дар амалишавии ҳадафи стратегӣ қобили қайд аст. Дар робита бо ҷаҳонишавии соҳа ва ба амал омадани инқилоби чоруми ҷаҳонӣ дар саноат ҷидду ҷаҳд ва талошҳои зиёди мутахассисони соҳаро металабад. Дар ин замина, масъалаи асосии рақобатпазир шудани корхонаҳои саноатӣ, таъмини сифати баланди маҳсулоти суроғавӣ ба истифодабарандагон истеҳсолшуда ва гузариш ба модели рақамии корхона ба ҳисоб меравад.
Саноатикунонии кишвар, қабл аз ҳама, мутахассисони донишманду соҳибкасби муҳандисию техникиро талаб мекунад. Ташкили таҷрибаомӯзӣ ва бозомӯзии кадрҳои тайёри дар корхонаҳои саноатӣ фаъолияткунанда дар корхонаву муассисаҳои саноатии хориҷ баҳри дар оянда ба роҳ мондани таҷрибаҳои бой ва пешқадам дар саноати кишвар раванди кунунии саноати кишварро тақвият мебахшад.
Дар ин қатор назорати қатъии истифодаи имконияту иқтидорҳо дар раванди саноатикунонӣ зарур аст, зеро мувофиқи мақсад ба роҳ мондани сарфи маблағҳои ҷудошуда роҳи моро ба ҳадафи стратегӣ кутоҳ мекунад.
Кӯшиши ҳар шаҳрванд ва узви комилҳуқуқи ҷомеа дар масъулияти баланди дастгирии ҳадафҳои стратегии кишвар аст. Зимни ин ҳар як фарди баномуси миллат бояд аз ин дастовардҳо шукрона намуда, бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ барои амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар ҷидду ҷаҳд намояд. Бегумон, амалӣ намудани ин ҳадафҳои стратегӣ ва иқдому дастгириҳои Пешвои миллат вазифаи ҷонию имонии тамоми вазорату идораҳо, муассисаю ташкилот ва мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад.
Корхонаи бузурги саноатии кишвар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик” беш аз 48 сол аст, ки арзи ҳастӣ намуда, дар ғанӣ гардонидани иҷтисодиёти ҷумҳурӣ ва ободониву гулгулшукуфоии ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузорад.
Боиси ифтихор ва хушнудист, ки маҳз бо меҳнати пурарзишу пурмашаққати аъзои ҲХДТ дар ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, филизгудозон ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат маъмурияти корхона ва дигар воҳидҳои ёрирасони корхона имрӯз фаъолият намуда истодааст.
Бояд хотирнишон гардад, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва шароити пуртазоди имрӯзаи ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ба душвориву муаммоҳои ҷойдошта нигоҳ накарда, филизгудозони мо тавонистанд, фаъолияти худро идома дода, имкон фароҳам оваранд, ки шароити маишӣ ва фарҳангии аҳли заҳмати корхона таъмин гардад.
Дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ аксари корхонаҳои ҳамҷавори мо дар кишварҳои гуногун зарари ҷиддӣ дида, маҷбур шуданд, ки қисми зиёди коргаронашонро ихтисор намоянд. Дар ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” бошад, мо тавонистем бо дастгирии маъмурияти корхона ҷойҳои кории филизгудозон ва дигар меҳнаткашонро нигоҳ дошта, ихтисоршавиро низ пешгирӣ намоем.
Имрӯз шукргузор аз онем, ки дар кишвар фазои сулҳу салоҳ ва оромӣ ҳукмрон буда, зиндагӣ пеш меравад ва мо ҳамарӯза шоҳиди бунёдкориву ободкориҳои нав ба нав мегардем ва ин аз ояндаи неки истеҳсолоти асосии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик” дарак медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2022 -2026-ро, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди саноати кишвар” эълон намуданд, ки дар назди мо вазифаҳои нав гузошта, аз ҳар яки мо масъулияти зиёдро талаб менамояд.
Матиниродагиву меҳнатдӯстии филизгудозонро дида, мо бо боварии том гуфта метавонем, ки онҳо ба қавли хеш содиқ монда, иҷрои нақшаҳои пешбинишударо дар давоми соли ҷорӣ пурра таъмин менамоянд.
Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» азми қавӣ дорад, ки дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, бо мақсади боз ҳам густариш бахшидани корҳо тамоми донишу малака ва маҳорату таҷрибаи ҳосилшударо ба хотири амалӣ намудани барномаҳои ҳизб ва татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” равона намуда, ҷашну санаҳои муҳими миллию давлатиро бо дастовезҳои арзанда истиқбол гирад.
Фарзона Меликнорзода,
раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ
дар ҶСК “Ширкати Алюминийийи Тоҷик”

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: