Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - КАФОЛАТИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - КАФОЛАТИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

15-06-2023, 11:49
Хабарро хонданд: 109 нафар
Назарҳо: 0
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - КАФОЛАТИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

Мо бояд ҳар рӯзу ҳар соат аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ шукргузор бошем, зеро тамоми дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ба Ваҳдати миллӣ марбут мебошад.
Дар ибтидои солҳои 90-ум ва ҳатто дар даврони мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ низ аз дӯстию ваҳдат чун рукни ҳамгироӣ ва васлгари халқияту миллатҳо ёд мешуд. Вале ваҳдати тақдирсоз, ваҳдати созанда ба ному фаъолияти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут аст.
Сулҳу оштии мо аз Иҷлосияи ХVI-и Шурои Олӣ ибтидо гирифт. Сарвари давлат ин нуктаро чунин таъкид намудаанд: «Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯйи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, Ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош карда истодаанд. Хотирнишон бояд сохт, ки барои ноил шудан ба чунин дастоварди тақдирсоз Иҷлосияи ХVI-и Шурои Олӣ нақши муассир бозида, заминаҳои пойдори фароҳам овардани роҳи минбаъдаи рушди ҳаёти халқамонро муайян намуд».
Дар корхонаи азими саноатии кишвар - Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик” намояндагони 123 миллату халқият аз тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ кору фаъолият мекарданд. Дар мавриди аҳамияти Ваҳдати миллӣ мо барои далел дур намеравем. Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» маҳз аз баракати сулҳофарию ваҳдатсозии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вартаи нобудшавӣ раҳо ёфт.
Дар ибтидои даргириҳо корхона ба арсаи талоши гурӯҳҳои силоҳбадаст ва авбошон барои тасарруфи молу амвол мубаддал гашт. Дар чунин рӯзҳои мушкил Сарвари давлат ба корхона омада, бо аҳли заҳмат рӯ ба рӯ нақшаи таҷдид ва рушди соҳаро баррасӣ намуданд. Ҳамон вақт мардуми шаҳри Турсунзода ба матонату ҷасорати Пешвои миллат эътимод пайдо карданд. Барои ҳифзи корхона барномаи мукаммал таҳия гардид ва гурӯҳҳои худмуҳофиз ва ихтиёриён шабу рӯз корхонаро посбонӣ карданд. Ҳатто коргарон баъзан баъд аз анҷоми басти навбатӣ навбатдориро идома медоданд. Имрӯз корхона тамоми иншоот ва муассисаҳои иҷтимоиашро ҳифз намуда, ба хизмати коргарон вогузор намудааст.
Бояд зикр кард, ки шаҳри Турсунзода дар он солҳои нооромӣ маркази гурӯҳҳои мухталифи ҷудоиандоз буд. Ҳамзамон душманони миллат кӯшиш мекарданд, ки байни аҳолии сермиллат низоъ ва ихтилоф андозанд. Аз ҷониби дигар, неруҳои сеюм дар марз низ ба амалҳои зишти тафриқаандозӣ машғул буданд.
Таъмини сулҳу ваҳдат дар шаҳри Турсунзода ба тамоми водии Ҳисор таъсири мусбат гузошт.
Баъдан, дар чандин сафарҳо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафту таҷдиди корхона тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуданд. Маҳз ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстии бародаронаи аҳли заҳмати корхона имкон доданд, ки корхона самту сохторҳои навро бунёд намояд. Ба истифода додани корхонаҳои криолит, кислотаи сулфат ва фтордориди алюминий дар шаҳри Ёвон ва бунёди даҳҳо корхонаҳои дигари кишвар намунаи барҷастаи ин барномаҳо мебошад.
Металлургҳо, аъзои фаъоли ҲХДТ дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро бо кори амалӣ ба сомон расонданд. Инак, корхона новобаста аз мушкилоти ҷойдоштаи имрӯза иқтидорҳои истеҳсолӣ ва захираҳои зеҳнии худро ҳифз намуда, чун калонтарин корхонаи минтақа боқӣ мемонад.
Аҳли заҳмати корхона ифтихор доранд, ки 26 сол муқаддам, дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз аввалинҳо шуда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати таъмини сартосарии сулҳу оромӣ табрик намуданд.
Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ таҷдид ва такмили пойгоҳи моддӣ-техникии корхона идома дорад. Бо ҳидояти Сарвари давлат робитаҳо ва ҳамкориҳои иқтисодии корхона вусъати тоза пайдо намуд. Чанде пеш корхона бо сармоягузори бузург - кишвари Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Дар як соли охир аз корхона ва сохторҳои он зиёда аз сад нафар намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагони ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва соҳибкорони хориҷӣ дидан намуда, бо имкониятҳои содиротии корхона шиносоӣ пайдо карданд.
Пас аз чанд рӯз мардуми шарифи кишвар 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро ба таври шоиста таҷлил мекунанд. Ин рӯз санаи фаромӯшнопазир ва муқаддаси таърихи муосири сарзамини мост.

Ҳамроқул ҶӮРАЕВ, мудири бахши таблиғот, иттилоот ва матбуоти
Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: