Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва ифтитоҳи корхонаи муштараки «ТАЛКО-КРАНТАС»

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва ифтитоҳи корхонаи муштараки «ТАЛКО-КРАНТАС»

27-09-2018, 14:51
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
27.09.2018 14:00, шаҳри Турсунзода
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Дар шаҳри Турсунзода аз ташрифи меҳмонони олиқадр бо самимият ва меҳмоннавозии хосса истиқбол гирифта шуд. Ба ин муносибат дар даромадгоҳи шаҳр-Ҷамоати деҳоти Қаратоғ аз тарафи аҳли ҳунар барномаи рангин манзур гардонида шуд.

Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва равобит дар самтҳои гуногуни барои ҷонибҳо муносиб дар асоси сиёсати созандаи сарони ду давлати ба ҳам дӯст бештар рушду густариш бахшида мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода ба Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) ташриф оварда, бо раванди истеҳсоли алюминий шинос гардиданд.

Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки имрӯз «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба қатори истеҳсолгарони азими ҷаҳонии алюминий шомил буда ва дар давоми солҳои тӯлонӣ нуфузи худро ҳамчун ширкати аз ҳама босуръат рушдкунандаи мамлакат, ки ба менеҷменти муосир ва низоми байналмилалии ҳисоботдиҳии молиявӣ таъйид менамояд, дар асл таҷассумгари ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон шудааст.

Ба Сарони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ширкату корхонаҳои «ТАЛКО ГУРӮҲ» беш аз 13 ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буда, маҳсулоти истеҳсолшаванда ба тамоми стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад ва дар бозори ҷаҳонӣ харидорони бештар дорад.

Таъкид гардид, ки КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» имрӯзҳо истеҳсоли маҳсулотро тариқи техологияи муосир ба роҳ монда, ҳамкориҳоро бо ширкатҳои соҳибнуфузи ҷаҳонӣ тақвият мебахшад.

Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки тайи ду соли охир КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар заминаи сиёсати дурбинонаи Сарони ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя бо бузургтарин корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла соли равон дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо яке аз корхонаҳои тавлидотии кишвари ҳамсоя шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки дар асоси он солона 10 ҳазор тонна метали алюминий ба корхонаҳои истеҳсолии кишвари ҳамсоя интиқол дода мешавад.

Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсоли алюминий Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО-КРАНТАС»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур, ки бо иқдоми бевоситаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КРАНТАС ГУРӮҲ» таъсис дода шудааст, дар он асосан васлу насби нақлиёти махсуси коммуналӣ ва сохтмонӣ анҷом дода мешавад.

Гуфта шуд, ки дар ин корхона асосан беш аз 12 намуди кранҳои борбардору нақлиёти боркаши махсус васлу насб карда мешавад ва баъди ба истифода додани марҳилаи дуюм васлу насби 40 намуди нақлиёти махсуси коммуналӣ ва сохтмонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон дастандаркорон нақша доранд, ки дар оянда истеҳсоли қисмҳои алоҳидаи нақлиётро дар ин корхона ба роҳ монанд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онро Сарони давлатҳо- Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар самти тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи саноатии ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя қадами устувор арзёбӣ намуданд.

Айни замон дар ин корхонаи муштарк беш аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, барои омода намудани мутахассисони соҳа аз ҷониби ширкати ӯзбекистонӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ду ҷониб барои таъсиси корхонаи муштараки «ТАЛКО-КРАНТАС» дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2018 сурат гирифт, ба мувофиқа расида буданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: