Парвози тайёраҳоро тағйирёбии иқлим мураккаб гардонидааст12-06-2023, 09:14
Хабарро хонданд: 90 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи хулосаи олимони Донишгоҳи Рединги Британияи Кабир, бо сабаби тағйирёбии иқлим ҷараёни ҳавои гарм турбулентияти тайёраҳоро зимни парвоз 55 фоиз зиёд мекунад, ки ин дар навбати худ боиси пурхатар ва гаронтар шудани парвози тайёраҳо мегардад. Дар ин хусус агентии иттилоотии «Рамблер» хабар додаст.
«Турбулентияти ҷараёни ҳаво идораи тайёраҳоро дар осмон мушкилтар ва худи парвозро пурхатар мекунад. Ширкатҳои ҳавонавардиро мебояд ҷиҳати бартараф кардани афзоиши турбулентияти ҷараёни ҳаво тадбирҳои зарурӣ андешанд. Зеро ҳавонавардон барои аз минтақаҳои хавфнок берун кардани тайёраҳо маҷбур мешаванд, ки хати сайрро тағйир диҳанд, ки дар натиҷа танҳо дар ИМА ширкатҳои ҳавонавардӣ ҳамасола аз 150 миллион то 500 миллин доллари ИМА зарари моливӣ мебинанд— навиштааст нашрияи «The Guardian». Олимон муайян кардаанд, ки гармшавии босуръати иқлим ба парвози тайёраҳо аз ҳама бештар таъсири манфӣ мерасонад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.