Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ФАРДЕ, КИ ДАР ДУНЁ АЗ ҲАМА ЗИЁД МОШИН ДОРАД

ФАРДЕ, КИ ДАР ДУНЁ АЗ ҲАМА ЗИЁД МОШИН ДОРАД

1-02-2022, 09:27
Хабарро хонданд: 3958 нафар
Назарҳо: 0
ФАРДЕ, КИ ДАР ДУНЁ АЗ ҲАМА ЗИЁД МОШИН ДОРАД

Султони Бруней дар дунё соҳиби калонтарин коллесияи мошинҳо аст. Ў садҳо тамға, бренд ва рангҳои мошинҳоро дўст медорад ва ҳоло нияти аз коллесия намудан истодан надорад.
Коллексияи ў аз 7000 мошин иборат аст. Дар гаражаш зиёда аз 600 Роллс-Ройсе, 500 феррари ва бисёр дигар мошинҳо дорад.


МЕҲМОНХОНАИ БЕШИФТУ ДЕВОР

Дар Шветсария меҳмонхонаи бешифту девор вуҷуд дорад. Дар он ба ғайр аз ҷои хоб ва як ҷуфт комидин дигар ҳеҷ чиз нест. Меҳмонхона дару девор, шифтҳо надорад. Фақат ҳамин, ки Шветсария манзараи аҷоиби Алпҳо аст. Меҳмонхона дар маркази кўҳҳои Алп, дар баландии тақрибан 2 ҳазор метр ҷойгир шудааст. Нархи барои як шаб дар ин меҳмонхона ба сар бурдан тақрибан 210 долларро ташкил менамояд.

МАРД БЕШ АЗ ЯК КИЛО АШЁИ МЕТАЛЛӢ ХЎРДААСТ

Марди литвонӣ бо ташхиси дарди сахти шикам бо мошини «Ёрии таъҷилӣ» ба беморхона оварда, давоми як моҳ беш аз як кило ашёҳои металлиро фурў бурданаш маълум шудааст. Мувофиқи гуфтаи духтурҳо мард ба мақсади тарк намудани нўшидани алкогол мех, гайка ва корд хўрдааст.
Дар беморхонаи Донишгоҳи Клайпедаи Литва бо усули ҷарроҳӣ аз меъдаи мард ҳамаи ашёҳои металлии дарозии баъзеашон ҳатто 10 сантиметраро гирифтаанд. Амалиёти ҷарроҳӣ расо се соат давом намудааст.
Ҷарроҳ Шарунас Дайлиденас дар таҷрибаи кории худашон қариб дучор нашудани чунин ҳодисаи ғайримуқаррариро эътироф намудааст.
Ҳозир дар беморхона таҳти назорати духтурҳо барқарор будани аҳволи бемори «ноёб» гуфта мешавад.

ДОМАНАДОРТАРИН ПАРВОЗИ БЕИСТ ДАВОМНАМУДА

Тайёраи ширкати ҳавопаймоии Австралия бо хатсайри Лондон-Сидней парвоз намуда, дар таърихи авиатсия парвози беисти доманадортаринро анҷом бахшид. Тайёраи Боэинг 787-9 Дреамлинер давоми парвози санҷишӣ дар ҳаво давоми 19 соату 19 дақиқа 17,8 ҳазор километрро гузашт.
Тайёра рўзи 14 ноябр соати шаши субҳ аз фурудгоҳи Лондон ба ҳаво парвоз намуд. Он давоми парвоз аз болои Германия, Россия, Лаҳистон, Беларус, Қазоқистон ва Хитой, сипас ба ҷануб тоб хўрда, аз болои Филиппин ва Индонезия гузашт. Гуфта мешавад, ки мусофирон давоми парвоз дамидани субҳро ду маротиба мушоҳида намудаанд.


МАҲСУЛОТИ ПАЛАСТИКИИ БА ЭКОЛОГИЯ БЕЗАРАР

Олимони Британия истеҳсоли маҳсулоти пластикии ба сайёра безарарро фикр карда ёфтанд.
Стартапи «Polymaterӣa» дар Осиё оммабоб шуд. Ширкат дар ин бора бо Тайван қарордоди дахлдор ба тасвиб расондааст. Инчунин технологияашро ба корхонаи дар дунё калонтарини истеҳсолгари маҳсулоти пластикӣ «Formosa Plastӣcs» фурўхт, менависад «Bloomberg».
Аз «Polymaterӣa» таъкид мешавад, ки онҳо дар дунё аввалин шуда пластикаи дар вақти маълум азбайнравандаро ихтиро намудаанд.
Мувофиқи гуфтаҳои директори ширкат Найл Данн ин кор ба муқобили яке аз муаммоҳои ҳоло рўзмарра-чиркиншавии муҳити атроф ва дар уқёнусҳо ҷамъ шуда мондани партовҳо истеҳсол намудани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза асос ёфтааст.

Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: