Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳаёти Ҳизб: ТАРБИЯИ ҶАВОНОН-ҲАДАФИ МО

Ҳаёти Ҳизб: ТАРБИЯИ ҶАВОНОН-ҲАДАФИ МО

7-06-2023, 11:48
Хабарро хонданд: 409 нафар
Назарҳо: 0
ШАРҲИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ”
Ҳаёти Ҳизб: ТАРБИЯИ ҶАВОНОН-ҲАДАФИ МО
Дар идомаи дарсҳои омӯзишӣ барои кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кумитаҳои иҷроияи шаҳри Душанбе вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода дар мавзуи “Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва риояи муқаррароти он дар фаъолияти корӣ” суҳбат доир намуд.
Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки машғулиятҳои мазкур барои тақвияти савияи донишҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии масъулони ҳизбӣ роҳандозӣ гардида, барои омода намудани кадрҳои арзанда ва мувофиқ ба талаботи замони муосир ҳамагуна шароити мусоид фароҳам меоварад. Аз масъулон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз ин имконият аз донишу маърифат ва илми олимони шинохтаи ин силсилаомӯзишҳо ба пуррагӣ баҳравар гарданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода дар оғоз зикр намуд, ки ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлоли сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Мавсуф дар идома қайд намуд, ки дар боби 1 ва моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҳуқуқи шаҳрвандон барои муттаҳид шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ тариқи таъсис додани ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи эътиқоди худ, ихтиёран дохил шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ бо шарти эътироф намудани оинномаҳои онҳо аз ҷониби дохилшавандагон, иштирок кардан дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи мақсадҳои муайянкардаи барномаҳои онҳо ва тибқи шаклҳои муқарраркардаи оинномаҳои онҳо, иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи мақсадҳои муайянкардаи барномаҳои онҳо ва тибқи шаклҳои муқарраркардаи оинномаҳои онҳо ва озодона баромадан аз ҳизбҳои сиёсӣ ба амал бароварда шудааст.
Ҳамзамон, ҲХДТ барои рушди омили инсонӣ дар таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ татбиқи барномаҳои афзалиятноки қабулшуда ва таҳияи барномаҳои махсуси давлатиро барои афзоиши неруи инсонӣ дар кишвар, инчунин тарбияи шахсияти худогоҳу ватандӯст, соҳибилму маърифат ва донишу ҷаҳонбинии муосир зарур мешуморад.
Зикр гардид, ки ҲХДТ нисбат ба дигар ҳизбҳои сиёсии кишвар дар ҷомеа нуфузи бештар дорад ва ин далел ҳар як ташкилоти ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдоронро муваззаф мегардонад, ки ба ин равандҳо бо дарки баланди масъулият муносибат намуда, дастовардҳои ҳизбро боз ҳам таҳким бахшанд.

ҲАМОИШИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
Ҳаёти Ҳизб: ТАРБИЯИ ҶАВОНОН-ҲАДАФИ МО
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино Муҳибулло Зувайдуллозода дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб чорабинии фарҳангию фароғатӣ миёни хонандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии “Мактаб - интернати №3”-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон доир карда шуд.
Дар ҳамоиш муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Заррина Файзуллозода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино Муҳибулло Зувайдуллозода иштирок намуданд.
Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ сухани табрикотӣ намуда, аз ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуданд. Мавсуф зикр доштанд, ки ҷаҳони муосир аз мо тарбияи инсони комил, мусаллаҳ бо донишҳои навин ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёдро тақозо менамояд.
Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ғамхории бевоситаи Президенти мамлакат ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти кӯдакон, наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир карда шуда, имконият фароҳам оварда шудааст, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил намоянд, таҷриба омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд. Дар ҷавоби ҳамаи ин ғамхориҳо насли навраси имрӯза бояд аз ин сулҳу субот ва неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ сипосгузорӣ намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба таҳсил ва омӯхтани илму ҳунар ва фарҳанги муосир равона намуда, дар таҳкими истиқлоли комили кишвар, рушди босубот ва шукуфоии Тоҷикистони азизамон нақши арзанда гузоранд.
Инчунин, аз ҷониби санъаткорони Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лухтак” баҳри болидахотирии хонандагон барномаи театрикунонидашуда намоиш дода шуд. Дар баробари ин, аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Сино” барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид. Дар анҷоми ҳамоиш ба хонандагони муассисаи мазкур туҳфаҳо тақдим карда шуд.
ҲИЗБИЁНИ ПОЙТАХТ ДАР ТОЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ САҲМГУЗОРАНД
Ҳаёти Ҳизб: ТАРБИЯИ ҶАВОНОН-ҲАДАФИ МО
Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, шанбегии дастҷамъонаи ҳизбиёни пойтахт ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар канори соҳили дарёи Душанбе доир гардид.
Иқдоми мазкур баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифтанокии аҳолӣ ва рушду такомули маънавиёти ватандӯстии ҷавонон, татбиқи раванди ободонию созандагӣ, маданияти шаҳрдорӣ, тарғиби маърифати экологӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардид.
Ҳизбиёни пойтахт, воқеан ҳам, дар корҳои ободонӣ ва тоза кардани муҳити зист пайваста масъулият дарк намуда, ба таври дастҷамъона дар ободу тозакории маҳалли зист ва гирду атроф саҳми муносиб мегузоранд.
Бояд зикр дошт, ки ҳамзамон ин амал барои баланд бардоштани маърифати беҳдоштию гигиенӣ ва экологии аҳолии шаҳр ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ омили муҳим маҳсуб меёбад.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар барномаи амали худ масъалаи рушди фарҳанги экологиро ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги умумибашарӣ дониста, маҷмуи муносибатҳои иҷтимоӣ, арзишҳои ахлоқӣ, меъёр ва усулҳои таъсири мутақобилаи ҷамъият бо муҳити зистро пайваста таблиғ менамояд. Раванди мазкур барои ташаккулёбии дониш ва маърифати экологӣ дар шуур ва ахлоқи ҷамъиятии сокинон, болоравии маънавиёти ҷомеа, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, бехатарии экологии кишвар ва ҳар фарди ҷомеа мусоидат менамояд.

ДАР ВАНҶ ҲИЗБИЁН СОҲИБИ БИНОИ ХУДӢ МЕШАВАНД
Ҳаёти Ҳизб: ТАРБИЯИ ҶАВОНОН-ҲАДАФИ МО

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳизбиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ сохта ба истифода дода мешаванд, ки ин як туҳфаи беназир ба аъзо ва кормандони ҳизб мебошад.
Баҳри иҷрои дастури мазкур сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд.
Ҳоло дар сохтмони бино 10 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойй кор гардиданд.
Барои ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур 1-уми июни соли равон ҳашари умуминоҳиявӣ баргузор гардид. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар таҳкурсии бино ҳудуди 70 фоиз ба иҷро расонида шудааст.

ТАРБИЯИ ҶАВОНОН-ҲАДАФИ МО


Дар доираи ҳамин мавзуъ тибқи барномаи тасдиқгардидаи машғулиятҳои курси захираи кадрии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар толори китобхонаи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ба шунавандагони курси мазкур машғулияти навбатӣ роҳандозӣ гардид. Машғулияти мазкур бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ доир гардид.
Мавсуф бобати нақши ҷавонон дар пешрафти сиёсати давлат ибрози назар намуда, оид ба ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо шунавандагони курси мазкурро лозим аст, ки бештар масъулиятнок бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳимоятгари манфиатҳои давлату миллат бошанд.
Омода намудани духтарони сарвар, тарбияи кадрҳои болаёқат, дарёфти истеъдодҳои ҷавон аз ҳисоби донишҷӯён, мусоидат намудан ба такомули шахсӣ ва боло бурдани маърифати сиёсию ҳуқуқии онҳо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар аст.
Замира Мансурӣ дар идомаи суханронӣ зикр намуд, ки масъалаҳои сарварӣ ва идоракунии самараноки равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ба қатори масъалаҳои муҳими дорои хусусияти назариявию илмӣ ва амалӣ дохил мешаванд. Дар ҳама давру замон пешрафт ва рушди ҷомеаро ҳамбастагӣ ва алоқамандии омилҳои объективӣ ва субъективӣ ташкил дода, дар ин раванд мавқеъ, таъсир ва нуфузи ниҳоди сарварӣ мақоми махсуси худро дошт.
Дар маҷмуъ, дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун марҳилаи нави давлатдорӣ муносибатҳои мавҷудаи иҷтимоию сиёсӣ бознигарӣ шуда, вобаста ба тақозои замон низоми нави муносибатҳо роҳандозӣ карда шуд. Дар ин раванд баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими он, иштироки онҳо дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид.
Ҷавонон низ бобати мавзуъ суолҳо пешниҳод намуда, ба онҳо бо далелҳои судманд посух дода шуд.

ФАРХОР: ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ОМӮЗГОРОН

Ҳаёти Ҳизб: ТАРБИЯИ ҶАВОНОН-ҲАДАФИ МО
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Фархор бахшида ба таҷлили сазовори Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки омӯзгорони муассисаи мазкур, ки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №10” мебошанд, мулоқоти судманд доир гардид. Ҳамзамон, дар ин баробар Шурои омӯзгорони мактаб низ доир карда шуд.
Дар мулоқот нотиқон дар мавзуи “Ваҳдати милли - пояи давлат” суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишвар таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид фароҳам гардид.
Баргузории иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози 16-уми Шурои Олӣ ва Сарвари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сароғози наҷоти миллат аз парокандагӣ ва гузоштани хишти нахустини бинои сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон буд.
Дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ барои расидан ба сулҳ ва ваҳдат замина гузошта шуд. Дар таърихи 26-уми ноябри соли 1992 дар саҳни Қасри Арбоб оши оштӣ баргузор гардид, ки он нахустзамина ба сулҳу оштии миллии тоҷикон маҳсуб меёфт.
Бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар пешрафти кишвар давраи нав шуруъ шуд, ки ба туфайли он дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ иқдомҳои ҷиддӣ рӯйи кор омаданд. Сарвари давлат ба ваъдаи додаашон дар иҷлосияи 16-уми Шурои Оли вафо карданд ва ба мардуми аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азияткашида сулҳ оварданд.
Таъкид шуд, ки худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ панд аз гузаштаи дур ва пешрафти маънавиёти кишвар аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро ҳифзу пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Ҳамзамон, дар интиҳои мулоқот омӯзгорони фаъоли муассиса бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

АКСИЯИ «ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН» ВА ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ НАВ


Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи баргузории Аксияи «Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман» чанд нафар кормандону соҳибкорони ҶДММ «Салмони Кабир»-ро ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул намуда, дар доираи талаботи Оинномаи ҲХДТ дар ин ҷамъият ташкилоти ибтидоии ҳизбии навро бо номи «Салмони Кабир» таъсис доданд.
Зимни баргузории нахустин маҷлис дар ҶДММ «Салмони Кабир» аъзои ҳизб ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар, бахусус Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, бо ҳамовозӣ ҷиҳати таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Салмони Кабир» қарори дахлдор қабул ва ҷавони кордону ташаббускор Муҳаммадҷон Кабировро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии навтаъсис интихоб карданд.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи марти соли 2015 барои бунёди ҶДММ «Салмони Кабир» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта, он бо ҷаҳду талош ва сармоягузории соҳибкори ватанӣ Заъфаралӣ Кабиров бунёд ва санаи 1-уми октябри соли 2020 бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар бо таъсиси 2000 ҷойи кории наву доимӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Салмони Кабир» дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ гардида, аз ҷумлаи марказҳои савдои бузургтарин ва замонавӣ дар даврони соҳибстиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад ва дар баробари саҳми назаррас доштанаш дар пешрафти самти соҳибкорӣ, ҳамзамон бо тарҳи зебои миллии меъмориаш ба симои ноҳия ҳусни дигар зам намудааст.
Таҳияи Ибодулло ТОҲИРОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: