Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МУВАФФАҚИЯТҲО ЗИЁД, КАМБУДИҲО НИЗ

МУВАФФАҚИЯТҲО ЗИЁД, КАМБУДИҲО НИЗ

31-05-2023, 13:41
Хабарро хонданд: 342 нафар
Назарҳо: 0
МУВАФФАҚИЯТҲО ЗИЁД, КАМБУДИҲО НИЗ

Дар ҳошияи сафари хизматии гурӯҳҳои кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Дар асоси Фармоиши муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2023, №41 «Дар бораи омӯзишу таҳлили фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои вилояти Хатлон» ва дар асоси банди 59 -и нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказӣ барои нимсолаи якуми соли 2023 гурӯҳҳои кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ таҳти роҳбарии муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода рӯзҳои 24-27-уми майи соли равон дар шаҳрҳои Бохтар, Левакант, ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Қубодиён, Дӯстӣ, Шаҳритус, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Панҷи вилояти Хатлон сафари хизматӣ анҷом дода, дар самти татбиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, риояи санадҳои ҳизбӣ оид ба тартиби бақайдгирии аъзои ҳизб, супурдани ҳаққи узвият ва қабули босифати аъзои ҳизб бо фаъолияти Кумита ва ташкилотҳои ҳизбӣ аз наздик шинос шуданд ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ҳизбӣ ба масъулин тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.
Пагоҳии 24-уми май ҳайати кории Дастгоҳи КИМ ҲХДТ-ро дар шаҳри Бохтар, дар саҳни бинои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода ва дигар масъулин хуш истиқбол гирифтанд. Пас аз он дар толори кумита роҳбари гурӯҳ, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода ҳайати гурӯҳҳоро ба ҳозирин муаррифӣ кард ва вазифаҳои дар наздашон гузошташударо фаҳмонд. Худи ҳамон рӯз гурӯҳҳо ба ноҳияҳои вобасташуда сафарбар гардиданд.
Рафти омӯзиш нишон дод, ки кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳои мазкур бо бинои маъмурӣ ва шароити мусоиди корӣ таъмин буда, баҳри иҷрои қарорҳои Анҷумани ХIII ва ХIV ҲХДТ, маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, нақша - чорабиниҳо, мактубу барқия ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб корҳои муайянеро ба иҷро расонидаанд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар фаъолияти кумитаҳо ва ташкилотҳои ҳизбӣ дар баробари дастоварду пешравиҳо камбудиву норасоиҳо низ ҷой доранд. Аз ҷумла, фаъолият дар самти риоя ва иҷрои муқаррароти Низомнома “Оид ба тартиби бақайдгирии узви ҲХДТ” аз ҷониби бештари кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст.
Қисми зиёди ташкилотҳои ҳизбӣ ҳисоботи ҳармоҳаро ба Кумитаи Иҷроияи Марказӣ бе таҳлилу омӯзиш пешниҳод кардаанд, ки ба саҳеҳияти ҳисоботи оморӣ шубҳаовар аст.
Асоси ҳизб - ташкилоти ибтидоист, вале дар давоми соли 2022 ва нимсолаи якуми соли 2023 дар чанде аз кумитаҳои иҷроия ягон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода нашудааст ва теъдоди аъзои навқабулшуда ба сафи ҳизб низ кам аст.
Дар ин замина, бо вуҷуди гузаронидани муқоисакунии аъзои ҳизб ҳоло ҳам дар раванди ҳаракати аъзои ҳизб, имзои шахсӣ ва дарҷ нагардидани акси аъзои ҳизб дар варақаи шахсии узви ҳизб камбудиву норасиҳои зиёд ба мушоҳида расид.
Ҳисоботи омории кумитаҳои иҷроияи ноҳиявӣ бо теъдоди варақаи шахсии узви ҳизб дар бештари ташкилотҳои ибтидоӣ мувофиқат намекунад.
Яке аз масъалаҳои ташвишоваре, ки то имрӯз боқӣ мондааст, он аъзое мебошанд, ки солҳои пешин аз кор рафтаанд ё макони зисти худро иваз кардаанд, вале дар ҳисоботи омории ҳармоҳа то ҳол нишон дода шудааст. Чунончи, дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии “ДЭУ”-и Муассисаи истифодабарии роҳҳои ноҳия аз 21 нафар аъзои ҳизб 7 нафари онҳо ҷойи кор ва ё макони зисти худро аз солҳои пешин иваз кардаанд, вале ин шумора дар ҳисоботи омории ҳармоҳа нишон дода мешавад.
Инчунин, аз беназоратии сарпарастону масъулини ҳизбӣ шаҳодатнома ва варақаи шахсии ҳизбии баъзе раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, ки тайи як сол мешавад дар ҳудуди ин ё он шаҳру ноҳия кору фаъолият доранд, ба қайд гирифта нашудаанд, ки ин омил ба ҳаракати аъзои ҳизб ва маълумоту ахбороти оморӣ халали ҷиддӣ ворид месозад.
Дар самти пардохти ҳаққи узвият аз ташкилотҳои ибтидоӣ низоми ягонаи назорат ба роҳ монда нашудааст. Аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ведомости пардохти ҳаққи узвият ворид намегардад.
Ҳар нишондод ё худ маблағе, ки аз ташкилотҳои ибтидоӣ тавассути суратҳисоб ба Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия ворид мешавад, сармуҳосиби Кумитаи иҷроия қонеъ гардида, оид ба масъалаи мазкур назоратро ба роҳ намемонад.
Ҳангоми қабули аъзо ба сафи ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоӣ қарори маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоӣ ворид намегардад. Гузашта аз ин, қарорҳои маҷлисҳои муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ва қабул ба сафи ҲХДТ дар маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия тасдиқ намегарданд.
Дар ин замина, теъдоди аъзои ҳизби воридгардида ба Барномаи “Махзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ” мувофиқат намекунад.
Бо вуҷуди он, ки аз ҷониби масъулини кумитаҳо ба ташкилотҳои ҳизбӣ кумакҳои амалӣ - методӣ расонида шаванд ҳам, аммо ҳангоми омӯзиши фаъолияти онҳо маълум гардид, ки дар аксари ташкилотҳои ибтидоӣ то ҳол низоми дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ба роҳ монда нашудааст.
Дар қисми зиёди ташкилотҳои ҳизбӣ ҷадвали гурӯҳҳои таблиғотӣ, китоби бақайдгирии узви ҳизб, қарорҳои Анҷуман, маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, Одобномаи корманди ҳизб ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҳизбӣ мавҷуд нест.
Илова бар ин, нақшаҳои корӣ ба таври умумӣ таҳия гардида, иҷрои онҳо ба таъхир афтода, бақайдгирии аъзои ҳизб, ҷойивазкунии онҳо аз як ташкилот ба дигар, ҳуҷҷатнигорӣ ва риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳизбӣ дар асоси талабот ба роҳ монда нашудааст.
Таҳлилҳо нишон дод, ки кумитаҳои иҷроия на ба ҳамаи 16 барқияи аз Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ воридшуда ба таври расмӣ ҷавоб гардонидаанд.
Тавре маълум аст, дар солҳои 2022 ва 2023 чанд маҷлиси Раёсат ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ баргузор ва қарорҳои он ба унвонии кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол гардид, аммо дар чанде аз кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб қарору нақшаи чорабиниҳо дарёфт нашуд, ки чунин омил ба раванди татбиқи иҷрои онҳо дар маҳал таъсири манфӣ мерасонад. МУВАФФАҚИЯТҲО ЗИЁД, КАМБУДИҲО НИЗ
Бояд қайд кард, ки дар асоси банди 5.8. Оинномаи ҲХДТ вакилони ноҳиявие, ки дар конференсияҳои ҳизбии ноҳия пешбарӣ гардидаанд, дар назди кумитаҳои иҷроия ҳар сол як маротиба ҳисобот медиҳанд, вале, мутаассифона, дар кумитаҳои иҷроия на ҳамаи ҳисоботи вакилони ноҳиявӣ пайдо гардид ва оид ба пешниҳоди ҳисоботи онҳо дар нақшаҳои кории кумитаҳо бандҳои алоҳида пешбинӣ нагардидааст.
Ба кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб тавсия дода шуд, ки минбаъд дар таҳияи фармоишҳо санадҳои дохилимеҳнатиро ба таври дуруст ба инобат гиранд.
Фаъолияти чанде аз қабулгоҳҳои ҷамъиятии кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо нисбатан хуб буда, ҳамарӯза сокинон ҷиҳати расидагӣ ва ҳалли мушкилоташон муроҷиат мекунанд ва аз ҷониби масъулин ба корафтодагон тибқи талаботи мавҷуда бо дарназардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ” муносибат сурат гирифта, муроҷиати сокинон дар доираи салоҳият қонеъ карда мешаванд.
Ҳолати назорати коргузорӣ ва механизми амалиёти дафтардорӣ, нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва муросилот дар чанд Кумита беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.
Масъалаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои боистеъдод яке аз самтҳои дигари фаъолияти ҳизбӣ маҳсуб меёбад.
Мутаассифона, дар назди на ҳамаи кумитаҳои иҷроияи ноҳиявӣ аз ҳисоби фаъолону ҷавонон махзани захираи кадрҳо таъсис дода шудааст.
Ҳарчанд бо мақсади татбиқи ҳадафҳои оинномавии ҲХДТ, ҳамоҳангсозӣ, таъмини иҷрои қонунҳои амалкунанда ва танзими фаъолияти аъзои Кумита аз ҳисоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ комиссияҳои доимоамалкунанда таъсис ёфта бошанд ҳам, то имрӯз аз ҷониби ин комиссияҳо нақшаи корӣ таҳия нагардида, оид ба фаъолият ҳисобот пешниҳод накардаанд.
Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муқаррароти банди 3.9 Оинномаи ҲХДТ ҷиҳати аз даромади умумии музди маоши моҳона супоридани ҳаққи аъзогӣ ба инобат гирифта нашуда, ҳаққи аъзогӣ танҳо аз музди маоши моҳона пардохт мешавад (мукофотпулиҳо, рухсатпулиҳо ва дигар намуди даромадҳо) ва дар аксар маврид теъдоди аъзои ҳизб бо ведомости пардохти ҳаққи аъзогӣ мувофиқат намекунад.
Ба кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳо тавсия дода шуд, ки минбаъд дар таҳия ва омода намудани фармоишу қарор, мактубу барқия ва нақшаву протоколҳо мазмуну муҳтаво, рақамгузориву муҳлати иҷро ва қоидаҳои имлои забони тоҷикиро ба пуррагӣ ба инобат гиранд.
Ногуфта намонад, ки фаъолияти шуъбаҳои таблиғот ва иттилоот дар нашри мақолаҳо ва нишон додани вокунишҳо доир ба пешгирии ифротгароиву терроризм нокифоя мебошад.
Зарур аст, ки ба масъалаи нишон додани вокунишҳои саривақтӣ, нашри мақолаҳои илмӣ-таҳлилӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ ва мулоқоту вохӯриҳо бо аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сокинон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои таблиғотиву ташвиқотиро вусъат бахшид.
Бештари кумитаҳои иҷроия хоҷагии ёрирасон доранд, ки аз ҳисоби он хазинаашон маблағи иловагӣ ворид мешавад.
Рӯзе, ки бо фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷайҳун шинос мешудем, роҳи марказии деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти “Истиқлол” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Деҳқонобод” дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Якҷоя месозем” чароғон мешуд.
Сокинони деҳа дар шафати роҳ ба ҷойи симчӯбҳои фарсуда пояҳои оҳанӣ мешинонданд.
Ҳозирин ин тадбирро шароити мусоид барои сайругашт дар шабонгаҳ ва фароғати сокинон маънидод карданд, ки ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Ҳамин тавр, корҳои ободониро дар доираи аксияҳои гуногуни ҳизбӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят мушоҳида кардан мумкин аст,
Дар он рӯз шодии сокинони деҳаи “Истиқлол”-и Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Панҷ Тошмаҳмад Сафаров ва Ҳамидҷон Алиевро интиҳо набуд, зеро ин дафъа онҳо нафақаи ҳизбиашонро дар ҳузури аъзои гурӯҳи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ гирифтанд.
Волидайни онҳо даст ба дуо бардошта, дар ҳаққи Раиси муаззами ҳизб дуои нек карданд, ки нисбат ба тақдири фарзанди маъюби онҳо бетараф нестанд.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Тағоймурод Ҳасанзода, боз як нафар маъюб, сокини деҳаи “Ҷавонон”-и Ҷамоати деҳоти Қумсангир ҳар моҳ бо нафақаи ҳизбӣ таъмин мешавад.
Чунин нафақаҳои ҳизбӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят таъин шудааст.
Дар ҷамъомаде, ки рӯзи 27-уми май дар шаҳри Бохтар, дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ таҳти раёсати муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода баргузор гардид, сарварони гурӯҳҳои корӣ Абдураҳмон Хонзода - роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Зафар Гулмаҳмадзода, Наргис Муқимзода ва Муслиҳиддин Бурҳонзода - мудирони шуъбаҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз натиҷаҳои омӯзиши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври фишурда гузориш доданд.
Як паҳлӯи бардошти Абдураҳмон Хонзода аз ин сафар риоя накардани меъёрҳои забони давлатӣ ва қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ дар ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ҳизбӣ буд.
Мавсуф нусхаи чанде аз мактубҳоро ҳамчун намуна мисол овард, ки пур аз ғалатҳои имлоиянд.
Дар идома Абдураҳмон Хонзода зикр намуд, ки дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ матбуот ва дигар васоити ахбори омма нақши муассир доранд. Аз он ҷумла, ҳафтаномаи сиёсӣ-иттилоотии “Ҳамрози халқ” - нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз моҳи феврали соли 2003 инҷониб нашр мешавад.
Алҳол нашрия дар формати А4 дар ҳаҷми 8 саҳифа ҳар ҳафта бо теъдоди 21300 нусха дар корхонаи табъу нашри “Шарқи озод”-и пойтахт бо зевари чоп ороста шуда, ба дасти хонандагон мерасад.

Муҳтавои матолиби нашрия маҷлисҳои Ҳукумати мамлакат, суҳбату вохӯриҳо ва сафарҳои дохиливу хориҷии Роҳбари давлат, маҷлисҳои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, конференсияҳои ҳизбӣ, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, Барномаи пешазинтихоботии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи вилоят, ташаббусҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, инчунин, ҳаёти соҳаҳои гуногуни ҷомеа - иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзиширо дар бар мегирад.
Ҳамчунин, дар шумораҳои нашрия дар бораи фаъолони ҳизбӣ, одамони касбу кори гуногун, ҳунармандон, пешқадамони истеҳсолот, донишмандон, табибону омӯзгорон, собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолияти соҳибкорӣ, аз таҷрибаи хуби ашхоси чашмикордон, ки дар истеҳсоли маҳсулот дар шароити хона муваффақ шудаанд, самаранок истифода бурдани ҳар порча замин, дар як сол рӯёндани ду-се ҳосил аз як қитъа, сарфаи неруи барқ ва амсоли ин матолиби хонданӣ ба нашр расидаанд.
Умуман, дар ҳар шумораи ҳафтанома аз рӯйдодҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои вилоят нашри хабару мақолаҳо ба инобат гирифта шудааст.
Дар ҳафтанома ҳамзамон андешаву вокунишҳо ва мақолаҳои таҳлилӣ чоп шудаанд.
Хонанда метавонад зери рубрикаҳои “Як ҳафтаи ҷумҳурӣ ва вилоят”, “Аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар шаҳру ноҳияҳо”, “Роҳкушоӣ” , “Арзу шикоят”, “Дастурдиҳӣ”, “Пешрафти илму техника” матолиби дилхоҳашро пайдо намояд.
Дар саҳифаи 8-уми ҳар шумора бо мақсади ҷалби бештари хонандагон таҳти рубрикаи “Фориғ аз ҳама” сканворду панду андарз ва андешаҳои ҷолиб ҷой дода шудаанд.
Дар саҳифаҳои нашрия навиштаҳои вакилон, раисон ва кормандони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро метавон хонд.
Дар бойгонии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб шумораҳои ҳарсолаи нашрия нигоҳ дошта мешаванд. Хуб мешуд, онҳо дар шакли китоб бастабандӣ шаванд, ки дар оянда ҳамчун манбаи омӯзиши таърихи ҳизб дар вилоят хизмат мерасонанд.
Бо мақсади боз ҳам ҷолибу хонданӣ баромадани ҳафтанома ҳангоми вохӯрӣ бо кормандон роҷеъ ба муҳтавои чанде аз мақолаҳо, сарлавҳагузорӣ, тарзи пешниҳоди мавзуъ ва ороиши нашрия маслиҳатҳои муфид дода шуданд.
Дар ҷамъомад сармутахассиси Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Зафар Гулаҳмадзода дар бораи тарзи дуруст навиштани чанде аз ҳуҷҷатҳо маслиҳат дод, ки дар ташкилотҳои ҳизбӣ то имрӯз дар ин хусус беэътиборӣ зоҳир шудааст. Инчунин ӯ аз муҳтавои сусти баъзе хабарҳо ва сифати пасти расмҳое, ки масъулини кумитаҳои иҷроия дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, изҳори нигаронӣ кард ва раисони кумитаҳоро даъват намуд, ки бо нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – “Минбари халқ” ҳамкориҳоро ба роҳ монда, дар мавзӯъҳои зарурӣ мақолаҳо нависанд.
Мудири шуъбаи молиявӣ ва хоҷагидории Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Мирзоалӣ Файзизода аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тартиби ҷамъоварии аъзоҳаққӣ дар чанде аз ташкилотҳо дуруст ба роҳ монда нашудааст.
Номбурда раисони кумитаҳои иҷроияро таъкид намуд, ки дар истифодаи маблағҳои бадастомада сарфакор бошанд.
Бо ҳамин муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода ба ҷамъомад ҳусни анҷом бахшида, масъулинро вазифадор намуд, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта сари вақт чораҷӯӣ намоянд.
Зимнан ба вусъат бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ, таҳкими мавқеи ҳизб дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии аъзои ҳизб, риояи интизоми дохилиҳизбӣ ибрози назар карда, тавсеа дода шуд, ки фаъолияти касбӣ, риояи интизоми ҳизбӣ дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ миёни кормандон, мутобиқи Оиннома ва Одобномаи корманди ҳизбӣ ба роҳ монда шавад.
Аз ҷумла бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти Кумитаҳои иҷроия ба масъулин чунин тавсияҳо дода шуд:

- ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малакаи ҳизбӣ ва масъулияту кордонии кормандону раисони ташкилотҳои ибтидоӣ семинару курсҳо оид ба омӯзиши ҳуҷҷатнигорӣ ба роҳ монда шавад;
- оид ба ислоҳи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта чораандешӣ намуда, дар варақаҳои шахсии аъзои ҳизб, ки имзо надоштанд, имзоҳояшон ҷамъоварӣ карда шаванд;
- шахсоне, ки ному насаб иваз карда буданд, варақаи шахсӣ ва шаҳодатномаи ҳизбиашон нав карда шаванд;
- сатҳу сифати хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ вусъат бахшида шуда, ба ин васила муайян намудани мавқеи сиёсии аъзои ҳизб мушаххас гардонида шавад;
- талаботи Низомнома “Дар бораи тартиби бақайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ҳамаҷониба риоя шавад.

Дар назар аст, ки натиҷаи омӯзиши фаъолияти Кумита ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирад.

А.ҶӮРАЕВ,
Душанбе-Хатлон-Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: