
Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ бо мақсади омӯзиш ва боздид аз фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар вазорату кумитаҳо намояндагони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Шириебекзода Садриддин-мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқот, Ахунова Муқадас – мутахассиси шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳо, Ҳомидзода Насимҷон мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор, ва дигар кормандони масъули Кумитаи иҷрои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” боздид намуданд. Саравал ҳайати камися бо Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – Фарҳод Раҳими вохури намуда оид ба фаъолияти ҳизби ва дастовардҳои Кумитаи иҷроияи ибтидои суханрони намуданд.
Сипас аз, ҳолати утоқи ҳизбӣ, гушаи ҳизбӣ, санадҳои асосии таъсисёбии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, корбарию ҳуҷҷатгузорӣ шинос шуданд. Дар рафти имузиш фаъолияти комисияҳои кор бо ҷавонон ва занон, гуруҳои таблиғоти, ҳолати ҷузгирҳои алоҳидаи ҳуҷатнигорӣ, мавҷудияти протоколҳо, ахбороти соатҳои сиёси, нақшаи чорабиниҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқи, ведемости пардохти ҳаққи узвият, ҳолати шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва танзими ҳаракати аъзои ҳизб мавриди омузиш қарор дода шуд. Дар интиҳо аз тарафи гуруҳи кори бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ба масъулин тавсеаҳо пешниҳод гардид.