Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ТАРБИЯИ ҲАРБӢ -ВАТАНДӮСТӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲ

ТАРБИЯИ ҲАРБӢ -ВАТАНДӮСТӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲ

20-05-2023, 09:00
Хабарро хонданд: 375 нафар
Назарҳо: 0
ТАРБИЯИ ҲАРБӢ -ВАТАНДӮСТӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲ
Ватандӯстӣ дар ҳама давру замон ва дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ барои давлатҳо масъалаи муҳим буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Дар интиҳои соли 2022 бо истифода аз ташаббуси қонунгузории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул гардид ва имрӯзҳо мавриди иҷро қарор дорад.
Қабули ин санади муҳим талаби замон ва воқеияти рӯз аст.
Воқеан, ба миён омадани давлатҳо, бахусус давлатҳои миллӣ ва пойдориву устувории онҳо аз натиҷаи амалҳои ватандӯстонаи сарварони сиёсӣ ва боло гирифтани ҳисси ватандӯстии мардумонаш вобастагь дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки “Мо бояд минбаъд мафҳумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд”-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем”.
Ватандӯстӣ маъниву мазмуни баланд дорад ва мухтасаран он муҳаббати шахс ва ҳар шаҳрвандонро ба Ватан ифода менамояд.
Сиёсати гуногунҷабҳаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самту соҳаҳо хусусияти ватандӯстона дорад. Ҳамаи кору пайкор ва амалҳои Президенти кишвар дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, маорифу фарҳанг тадбирҳои ватанпарастона ва беҳтарин намунаи ватандӯстӣ мебошанд.
Пешвои миллат солҳои нахустини роҳбариашон таъкид намуда буданд, ки “Ҳалли вазифаҳои мураккаби таъмини истиқлолияти воқеии имрӯз аз бисёр ҷиҳат ба эҳсоси ватандӯстии умумимиллӣ, муттаҳидии тамоми қувваҳои ҷамъият вобаста аст”.
Дар шароити имрӯза равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки ба ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти мо таъсири бевоситаи худро мерасонад, доираҳои манфиатдор ҳастанд, ки мехоҳанд мардумро аз ватандӯстӣ дур баранд ва истиқлолу озодии моро осебпазир намоянд.
Давлате, ки шаҳрвандонаш эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ ва маърифати сиёсӣ надоранд, дар шароити кунунии бархӯрдҳои сиёсию геополитикӣ осебпазир буда, дар баробари ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои рӯзафзуни муосир тобовар буда наметавонад. Аз ин хотир, ин масъала муҳимияти бештарро ба худ касб менамояд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, масъалаи ватандӯстиро дар мадди аввал мегузорад.
Дар Оинномаи он дарҷ гардидааст, ки ҳизб худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад ва ҳар як аъзои ҳизбро уҳдадор менамояд, ки дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносӣ намуна бошад.
Барномаи ҳизби мо, ки имрӯз мавриди татбиқ қарор дорад, аз бандҳое иборат аст, ки онҳо хусусиятҳои ватандӯстонаро доро мебошанд. Дар Барномаи пешазинтихоботии ҳизб барои солҳои 2020-2025, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро дарбар мегирад, таъкид шудааст, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро болотар аз ҳама арзишҳо гузорад.
Ин нукта дар меҳвари фаъолияти рӯзмарраи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара қарор дорад.
Ҳоло аз 16345 нафар аъзои ҲХДТ сеяки ин шуморро ҷавонон ташкил медиҳад.
Дар самти тақвияти корҳои ҳарбӣ - ватандӯстии насли наврас мутобиқ ба дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои Раиси муаззами ҲХДТ чорабиниҳои зиёди мушаххас таҳрезӣ ва амалӣ шуда истодаанд.
Аз он ҷумла, ба муносибати 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо ҷалби собиқадорони ҳизбу меҳнат ва иштироки фаъолонаи ташкилотҳои ибтидоӣ 17 мусобиқаи гуногуни варзишӣ, 12 озмуни шаҳрӣ, 83 мулоқоту вохӯрӣ 8 мизи мудаввар ва 3 конференсия дар қаламрави шаҳр ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар ҳамаи 209 ташкилоти ҳизбӣ Рӯзи хониши ягонаи сиёсӣ дар сатҳи баланд доир карда шуд.
Хароҷот вобаста ба ташкил ва баргузории ин чорабиниҳо аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва сарпарастон пардохт гардиданд.
Бахшида ба ин санаи таърихӣ, дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар Қасри фарҳанги шаҳр маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бо фарогирии беш аз 250 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил гардида, якчанд нафар афсарону сарбозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сипосномаҳои Раиси шаҳри Исфара, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Баҳовиддин Баҳодурзода қадршиносӣ карда шуданд.
Дар маҷмуъ, бахшида ба ҷашни Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар 44 ташкилоти ҳизбӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, тарғиботӣ ва варзишӣ бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.
Мулоқоту вохӯриҳо ва чорабиниҳои варзишию фарҳангии гузаронидашуда дар васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаматарафа инъикос карда шуданд.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилотҳои ҳизбӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳо, вакилони маҳаллӣ, соҳибкорону саховатмандон дар қисмҳои ҳарбӣ, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ дастархони идона ороста шуданд.
Дар ҳамаи вохӯриву мулоқотҳо ва дигар чорабиниҳои мухталиф таъкидҳои Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан қайд карда мешаванд, ки “Ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллат омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиатҳои дигар боло медонанд. Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд".
Мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки насли ҷавон дарк намояд, ки касе ки дар дил ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ дорад, бояд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат намояд. Хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, аз ҷавонмард далерию ҷасурӣ ва нангу номуси миллиро талаб мекунад ва боиси ифтихору сарбаландист.
Давоми солҳои 2021-2022-юм 1180 нафар ҷавонони Исфара ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ихтиёрӣ сафарбар гардиданд. Ин падидаи нек шаҳодати он аст, ки ҷавонони мо баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодии хеш, таҳкиму сулҳу осоиштагии Ватан ва дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ҳаматарафа омодаанд. То имрӯз нақшаи даъвати баҳории ҷавонон 52 фоиз иҷро карда шуд. Дар ин кор Ситоди шаҳрӣ таҳти сарварии узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, узви Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ, ки ҳамаашон раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мебошанд, нақши созгор доранд.
Ҷавонони шаҳру деҳоти Исфара бо хубӣ эҳсос менамоянд, ки хизмат ба Ватан, дар баробари мактаби мардонагӣ будан, онҳоро ба қадри заҳмати падару модар дар зиндагӣ расиданро омӯхта, ҷаҳонбиниашонро боз ҳам васеъ мегардонад.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара кӯшиш намуда истодааст, ки фаъолияти худро дар масъалаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас тавре ба роҳ монад, ки ҳар як ҷавон бояд ғамхориҳои Сарвари давлатро дарк намуда, барои муҳофизати Меҳани хеш ҳамеша омода бошад. Нагузорад, ки осудагиву оромии диёри мардумро касе халалдор созад. Ҳимояи марзу буми Ватан ва обод гардонидани он вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номуси миллати тоҷик аст. Ҳар як ҷавоне, ки як зарра ҳисси ватандӯстӣ дорад, бояд, ки қарзи фарзандии хешро дар назди Ватан иҷро кунад ва баҳри пешрафту шукуфоии миллати хеш саҳми худро гузорад.
Гулафзо Ҷӯраева
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: