Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестӣ дар шаҳри Бӯстон

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестӣ дар шаҳри Бӯстон

7-10-2021, 11:33
Хабарро хонданд: 131 нафар
Назарҳо: 0
07.10.2021 09:32, шаҳри Бӯстон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷофар”-ро ифтитоҳ бахшида, иқдоми соҳибкоронро дар таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар муҳиму шоиста арзёбӣ намуданд.

Корхонаи нав бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Зариф Самадов дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон бо иқтидори истеҳсоли 500 дона шифери асбестӣ дар як шабонарӯз бунёд гардида, дар таъмини бозори дохилӣ бо ин маҳсулоти ватании сохтмонӣ тадбири муҳим аст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар масоҳати 1,16 гектар дар мӯҳлати як сол бо вориду васлу насби таҷҳизоти технологӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ дар асоси лоиҳа сохта шудааст.

Корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони ширкати соҳтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Элегант”-и шаҳри Бӯстон анҷом додаанд.

Хати технологӣ аз ҷониби мутахассисони ватанӣ васлу насб гардида, аз озмоиши техникию технологӣ гузаштааст. Идоракунӣ ва ҷараёни кори маҷмӯи таҷҳизоти технологиро дар асоси технологияи рақамӣ ва автоматӣ пурра мутахассисони ватанӣ амалӣ менамоянд. Дар корхона 25 нафар коргарону мутахассисон бо маоши баланд ба кор ҷалб гардидаанд.

Барои истеҳсоли шифери асбестӣ ашёи хом - асбест ва семент истифода мешавад. Соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳои давлатӣ барои воридоти ашёи хом асбестро аз Федератсияи Русия ва Қазоқистон ҳаридорӣ менамоянд. Дар истеҳсоли шифери асбестӣ сементи истеҳсоли корхонаи ватанӣ истифода мегардад.

Маводи сохтмонӣ - шиферҳои асбестӣ, ки дар корхона истеҳсол карда мешавад, маҳсулоти пурра ивазкунандаи воридот мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот ва сӯҳбат бо соҳибкорон, мутахассисону коргарон таъкид доштанд, ки танҳо технологияҳои пешрафта ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аз роҳу имкониятҳои рушди босуботи иқтисоди миллӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва пурра коҳиш додани воридоти маҳсулоти тайёр аз хориҷи кишвар, раҳоии иқтисодиёт аз вобастагии берунӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону мутахассисони корхона дастуру супориш доданд, ки бо истифода аз имкониятҳо ва масоҳати мавҷуда барои сохтмон корхонаро васеъ намуда, ҳаҷми истеҳсолотро зиёд ва истеҳсоли номгӯи нави маҳсулотро ба роҳ монанд.

Муассис ва соҳибкорони корхона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста, ҷорӣ намудани имтиёзу сабукиҳо изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки дар масоҳати мавҷуда боз як иншооти коргоҳи навро оид ба истеҳсоли маводи сохтмонӣ - рубероид бунёд менамоянд.

Бо таъсису бунёди чунин корҳонаҳо дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳаҷму номгӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд карда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғд, ки дар саҳни корхона ташкил гардидааст, дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти сохтмонию ороишии корхонаҳои саноатии вилоят пешниҳоду муаррифӣ гардид.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи саноат нақшаю тадбирҳо амалӣ гардида, шумораи корхонаҳои саноатӣ, ҳаҷму номгӯи маҳсулоти саноатӣ афзун карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҳсулоти саноатии намоишгоҳ ба сифати онҳо баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дар таъсиси корхонаҳои соҳа бо вориду истифодаи технологияҳои пешрафта соҳибкорони ватанӣ нақши шоиста доранд.

Баҳри татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тадбирҳо амалӣ гардида, маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ афзун карда мешавад.

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ 10 адад корхонаю коргоҳҳои саноатӣ таъсису бунёд ёфтааст, ки дар онҳо истеҳсоли беш аз 20 номгӯи нави маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҷумҳурӣ 13 корхонаи истеҳсоли шифер фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 4 корхона дар вилояти Суғд, 3 дар вилояти Хатлон, 3 корхона дар шаҳри Душанбе ва 3-то дар шаҳри Ҳисор ҷойгир мебошад. Иқтидори умумии онҳо 4,2 миллион донаро ташкил дода, 397 сокинони маҳаллиро бо кор таъмин кардааст.

Соли 2020 ба миқдори 1 миллиону 842 ҳазор дона шифер ба маблағи 50,3 миллион сомонӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2019 ба миқдори 422 ҳазор дона зиёд аст. Дар ҳашт моҳи соли 2021 1 миллиону 328 ҳазор дона шифер истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 338 ҳазор дона зиёд мебошад.

Соли 2021 бо иштироки Роҳбари давлат дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестӣ бо иқтидори солонаи 1,1 миллион дона ба фаъолият оғоз намуд.

Инчунин, 2 корхонаи нави шифербарорӣ – ҶДММ “МУАЗ”дар шаҳри Душанбе ва ҶММ “Юсуфҷон 2020” дар шаҳри Ҳисор мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд.

Бо амалӣ кардани тадбирҳои созанда дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 6 маротиба воридоти маҳсулоти асбестӣ, аз ҷумла шифер кам гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: