Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 12 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПАРВОЗИ ИНСОН БА КАЙҲОН

12 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПАРВОЗИ ИНСОН БА КАЙҲОН

12-04-2023, 12:51
Хабарро хонданд: 361 нафар
Назарҳо: 0
12 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПАРВОЗИ ИНСОН БА КАЙҲОНИмрӯз, 12 апрел Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон аст. Аввалин шуда дар ҷаҳон 12 апрели соли 1961 кайҳоннавард Юрий Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» аз космодроми «Байконур» гирди сайёраи Замин парвози мадорӣ ба амал овард.

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон Институти астрофизика дар Расадхонаи астрономии Ҳисор ҳамоиш барпо менамояд, ки дар он кормандони Институт ва мактаббачагон — хонандагони бахши астрономияи Академияи илмҳои хурд иштирок мекунанд.

Дар кори ҳамоиш масъалаҳои муосир оид ба омӯзиш ва истифодаи кайҳон бо мақсадҳои осоишта, роҳҳои ҳалли онҳо, роҳҳои ба ин соҳа ҷалб намудани ҷавонон ва шахсони болаёқат мавриди муҳокима қарор мегирад. Инчунин хоҳишу дархостҳо барои ба таври васеъ оммафаҳм гардонидани донишҳои астрономӣ дар ҷомеаи мо баён карда мешавад.

Барои шинос шудан бо телескопҳои Расадхонаи астрономии Ҳисор экскурсия ташкил карда шуда, дар байни иштирокчиёни машварат баромадҳои пешниҳодшуда баҳси фаъол пайдо менамояд.

Олимони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бар он назаранд, ки омӯзиши фазои кайҳон хамеша шуури олимон ва муҳаққиқонро ба ҳаяҷон меовард. Аз ин рӯ 12 апрели соли 1961 дар ҷаҳон аввалин шуда, Юрий Гагарин тавассути киштии кайҳонии «Восток» мадори Заминро давр зад. Парвози киштӣ бомуваффақият гузашт ва пас аз ҷудо шудани зинаи охирин мушаки «Восток» дар атрофи сайёраи мо парвози озод кард. Парвоз дар атрофи кураи Замин 108 дақиқа давом кард. Парвози назаррасро Сергей Королев, Леонид Воскресенский ва Анатолий Кириллов роҳбарӣ кардаанд. Аз ҳамон вақт 12 апрел Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон ҳисобида мешавад.

Дар аввал ин рӯз ҳамчун оғози давраи кайҳоннавардӣ ба ҳамагон маълум буд, аммо 7 апрели соли 2011 дар маҷлиси умумии Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки ба ифтихори 50-умин солгарди аввалин парвози инсон ба кайҳон барпо гардид, 12 апрел Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон эълон карда шуд.

Ба замми ин Ассамблеяи генералии Созмони Давлатҳои Муттаҳид ба таври амиқ «манфиатдории башарият дар тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсадҳои осоишта барои самаранокии умум, васеъ кардани миқёси ин фаъолият ва тақвият додан ба ҳамаи давлатҳо дар таъмини имконияти ба манфиатҳои алоқаманд»-ро изҳор кард. Ин қарори Созмони Давлатҳои Муттаҳид (СДМ) аз эътирофи умумибашарии мартабаи ҳодисаи 12 апрели соли 1961 шаҳодат медиҳад.

Маҳз аз ҳамин воқеаи таърихӣ омӯзиши кайҳон фаъолона шуруъ гардид, ки аз натиҷаҳои он тамоми ҷомеаи башарият истифода мебарад. Шабакаи тамоси ҷаҳонии интернет, шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои алоқаи мобилӣ ба туфайли аз худ кардани фазои кайҳонии наздизаминӣ, яъне зиёд сар додани радифҳо ба ин фазо пайдо шуданд. Омӯзиши ҳолати обу ҳаво ва пешгӯии он, харитасозии сатҳи Замин ва муайян кардани координатҳо (воситаҳои GPS), хизматрасонии навигатсионӣ, ҷустуҷӯи маъданҳои фоиданок ва ғайра – ҳамаи ин далели амали натиҷаҳои муваффақонаи омӯзиш ва истифодаи кайҳон мебошанд. Озмоишгоҳҳо тавассути радифҳо таҷриба мегузаронанд, ки ин дар шароити Замин ғайриимкон аст. Дар натиҷа равандҳои зиёди нави биологӣ, физикӣ ва химиявӣ тадқиқот шуда, доруҳо ва моддаҳои нав, технологияҳо ва усулҳои инноватсионӣ ба даст оварда шуданд, ки татбиқи онҳо барои фаъолият ва инкишофи ҷомеаи муосир аҳамияти бузург дорад.

Мақсаду вазифаҳои асосии фаъолияти Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсади осоишта мебошад, ки ин ба таври пурра мутобиқи принсипҳои асосии қарори қабулгаштаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Дар баробари омӯзиши объектҳои табиии кайҳонӣ инчунин мушоҳида ва омӯзиши радифҳои сунъии Замин бо пораҳояшон ба самтҳои асосии илмии институт дохил мешавад. Тараққиёти ин гуна тадқиқоти кайҳонӣ дар Тоҷикистон бо сар додани аввалин радифи сунъии Замин ба кайҳон 4 октябри соли 1957 аз тарафи собиқ Иттифоқи Советӣ оғоз шуд. Дар Институти астрофизикаи ҳамонвақта дар Расадхонаи астрономии Сталинобод 4 октябри соли 1957 мушоҳидаҳои аввалин радифҳои сунъии Замин бо муваффақият гузаронида шуд ва баҳори соли 1958 барои гузаронидани мушоҳидаҳои мунтазами фотографии радифҳои сунъии Замин стансия таъсис дода шуд. Дар натиҷа маълумоти пурқимате ба даст омад, ки дар ҳалли якчанд масъалаи муҳими астрономияи амалӣ-бунёдӣ, инчунин геофизикавӣ ёрӣ расонид.

Соли 1964 Расадхонаи астрономии Ҳисори институт сохта шуда, дар он камераи нави АФУ-75 барои мушоҳидаи радифҳои сунъии Замин ба истифода дода шуд. Баъдтар соли 1974 бо васл кардани дастгоҳи астрономии баландсаҳеҳ мушоҳида ва омӯзишҳои радифҳои сунъии Замин беҳтар ба роҳ монда шуд.

Институти астрофизика дар дигар соҳаи фаъолият ва истифодаи кайҳон бо мақсадҳои осоишта низ саҳм гузоштааст. Институт дар инкишоф ва омодасозии якчанд лоиҳаи омӯзиши кометаҳо аз кайҳон, аз ҷумла дар коркард ва амалигардонии барномаи байналмилалии (IHW) ва лоиҳаи шӯравии (СОПРОГ) оид ба тадқиқоти кометаи Ҳаллей, лоиҳаҳои «КАТРАН», «БЕНЕТ», «ИКОМ» иштирок намудааст.

Мушоҳидаҳои кометаи Ҳаллейи дар Тоҷикистон гузаронида ҳангоми амалигардонии лоиҳаи миссияи кайҳонии «ВЕГА» ба ин комета солҳои 1985 -1986 истифода гаштанд ва дар айни замон ба бойгонии байналмилалии маълумот дохил карда шудаанд. Натиҷаҳои тадқиқоти хусусияти ядрои кометаҳо дар омодасозии лоиҳаи байналмилалии миссияи кайҳонии РОЗЕТТА ба кометаи Чурюмов-Герасименко истифода карда шуданд.

Дар айни замон дар институт тадқиқот аз рӯи ин самт идома ёфта истодааст. Махсусан вобаста ба барқарорсозӣ ва модернизатсияи телескопи 1-метраи Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглохи Институти астрофизика мушоҳидаҳо боз фаъол шудаанд. Расадхонаи Санглох дар ноҳияи Данғара, дар кӯҳи Санглох 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Дар ин расадхона аллакай мушоҳидаҳои радифҳои интихобшуда бо пораҳояшон, яъне партовҳои кайҳонӣ, аз ҷумла дар якҷоягӣ бо ҳамкасбон аз муассисаҳои астрономии Академияи илмҳои Русия ба анҷом расонида шуд. Аз рӯи натиҷаҳо якчанд мақолаҳои муштарак интишор гардид. Ҳамчунин баромадҳои ҳамҷоя дар конференсияҳои ҷумхуриявӣ ва байналмилалӣ таҳия карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: