Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Астрономҳо аз наздикшавии астероиди бузург ба Замин хабар медиҳанд

Астрономҳо аз наздикшавии астероиди бузург ба Замин хабар медиҳанд

3-08-2020, 09:04
Хабарро хонданд: 824 нафар
Назарҳо: 0
Астрономҳо аз наздикшавии астероиди бузург ба Замин хабар медиҳанд
5 августи соли равон соати 15.35 ба вақти маҳаллӣ астероиди бузург, ки андозааш то 190 метр аст, дар масофаи тақрибан 2.7 млн км ба Замин наздик меояд. Аломати ин ҷирм 2009 PQ1 буда, он ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок дохил намешавад. Ғайр аз ин, масофаи наздикшавии астероид ба Замин аз масофаи байни Замину Моҳтоб ҳафт маротиба зиёд аст. Бинобар ин, наздикшавии ин астероид ба Замин хатар намеорад. Тибқи маълумоти олимони соҳа, дафъаи оянда наздикшавии астероиди 2009 PQ1 ба Замин соли 2137 ба вуқӯъ меояд. Дар ин бора Директори Институти астрофизикаи АМИТ Гулчеҳра ҚОҲИРОВА иттилоъ додааст.

Ба маълумоти олими тоҷик, моҳи июл низ якчанд астероидҳо ба Замин наздик шуданд. Аз ҷумла, 24 июли соли 2020 астероиди 2020 ND, ки андозааш ба 170 м баробар аст ва он ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок барои Замин дохил мешавад, ба Замин наздик омад. Ин сангпораи азимҷусса дар масофаи зиёда аз 5 млн км аз Замин тай карда гузашт.
«5 млн км ин хеле масофаи бузург аст ва гузашти астероид ба Замин ягон хатар наовард. Астрономҳо метавонанд траекторияи астероидро дар садсолаҳои пеш ҳисоб намоянд, чун агар онҳо гӯянд, ки ин астероид эҳтимолан хатарнок аст, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки эҳтимоли хатари ӯ ба мо назарногир аст. Мо набояд аз ин ҳодисаи астрономии одӣ ба ташвиш биёем. Аз рӯи мушоҳидаҳои астрономҳо, дар як сол тақрибан 200 астероид аз назди Замин мегузарад. Одатан хатари онҳо ба Замин нахоҳад расид, аммо ба киштиҳои кайҳонӣ таҳдид мекунанд»,-гуфт Гулчеҳра Қоҳирова.
Инчунин зикр гардидааст, ки 26 июли соли 2020 боз ду астероиди дигар ба Замин наздик шудаанд. Яке аз онҳо мадори Заминро бурида гузашт ва дигаре умуман мадори Заминро набурид. Ҳарчанд онҳо ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок дохил намешаванд, лекин гоҳ-гоҳ ба Замин наздик шудаанд.
Ҳамеша назорати харакати астероидҳо тавассути мушоҳидаҳо дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гашта истодааст. Расадхонаҳо ва телескопҳои Институт барои ин кор мусоид мебошанд, инчунин дар ин самт олимони мо таҷрибаи хуб низ доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: