Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

12-04-2023, 09:34
Хабарро хонданд: 1136 нафар
Назарҳо: 1
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон солҳои 2021 ва 2022 -юм барои кишвари мо давраҳои хеле хотирмон буданд, зеро мо аввал бо шукуҳу шаҳомоти хоса 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ ва акнун чанде қабл 30 – солагии баргузории Иҷлосияи тақдирсози ХVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намудем. Бахшида ба истиқболи ин санаҳои таърихӣ дар муассисаҳои илмӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, ташкилоту корхонаҳо конференсияҳои илмию амалӣ, озмунҳо, вохӯрию суҳбатҳои муфид ва ҳамзамон чорабиниҳои идона баргузор гардида, иштирокдорони онҳо дар бораи аҳамияти таърихии ин санаҳои таърихӣ ибрози ақида намуданд. Аз ҷумла Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон – эҳёи худшиносии миллӣ ва эъмори давлатдорӣ” бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 30 - солагии Иҷлосияи ХVI – Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори конференсия доктори илмҳои фалсафа, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Усмонзода Х.У. олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон ва дигарон ширкат намуда, маърузаҳо намуданд. Ҳамаи баромадкунандагон дар маърузаҳои илмӣ таъкид намуданд, ки ибтидои ҳамаи дастовардҳои ҷумҳурӣ ба қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи ХVI -уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошад ва бесабаб иҷлосияи мазкурро “Иҷлосияи тақдирсоз” ном намебаранд.
Муҳимтарин лаҳзаи кори иҷлосияи мазкур дар он буд, ки он шахсиятеро дар симои Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат овард, ки ин абармард тавонистанд маҷрои таърихи навини тоҷиконро ба самти росту дуруст нигаронида, пеши роҳи фаноёбии давлатро гиранд, миллатро сарҷамъ намуда, сулҳу суботро таъмин намоянд. Ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ натиҷаи амалӣ гаштани фарҳанги таҳаммулпазиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар таърихи башарият бесобиқа мебошад.
Яке аз хусусиятҳои хоси конференсия аз он иборат буд, ки дар он монографияи илмии доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи илмҳои ҷомеашиносии ДИС ДДТТ Расулҷон Солиҷонов ва директори ин муассисаи таълимӣ дотсент Ҳомид Ҳошимзода бо унвони “Пешвои миллат ва худшиносии миллӣ” ҳамчун армуғон ба ҳозирин муаррифӣ карда шуд, ки дар он корнамоиҳои таърихӣ ва хизматҳои мондагори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лиҳози илмӣ-фалсафӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст.
Китоби мазкур ба фаъолияти бисёрҷанбаи Пешвои миллат ва нақши ӯ дар ташаккули худшиносии миллии тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолӣ бахшида шудааст. Муаллифон аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI – Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба арсаи сиёсат воридшавии Пешвои миллат, ташаккули ниҳоди Пешвои миллат, сиёсати сулҳпарваронаю ваҳдатгароёна, маорифпарварона, фарҳангофарини Роҳбари давлат, сиёсати ғамхоронаи Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ташаккули худшиносии миллии ҷавонон ва нақши онро дар муқовимат бар зидди ҳар гуна ғояҳои иртиҷоӣ мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаю тавсияҳои судманд пешниҳод намудаанд.
Дар ин робита, муаллифон дуруст хулоса намудаанд, ки арзишмандтарин неъмати даврони истиқлол он буд, ки дар тӯли ин солҳо Тоҷикистон чун мурғи ҳумо бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хокистар эҳё гашт. Шаҳру деҳоти ба коми оташрафта аз нав қомат афрӯхт, мардуми гурезаю ҷангзада ба Ватан баргашт, соҳиби сарпаноҳ шуд, садҳо иншооти бузурги аср бунёд гашта, симои Ватани маҳбуб куллан дигаргун шуд.
Дар китоб таъкид гаштааст, ки ҷоннисорӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкимбахшии давлатдории миллӣ, заминаи боэътимоди ҳамаҷониба густариш ёфтани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар гашт.
Арзишмандии монографияи мазкур аз он иборат аст, ки дар он муаллифон сиёсати хирадмандона ва фарҳангдӯстонаи Пешвои миллатро, ки барои эҳёи маънавиёти суннатии ҷомеаи тоҷикон мавриди пажуҳиш қарор дода, муаяйн намудаанд, ки он заминаи боэътимоди ташаккули худшиносии миллӣ ва худогоҳии миллии тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолӣ гашт. Вобаста ба ин муаллифон андешаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тақвият бахшида, зикр намудаанд, ки то он даме, ки ҳар фарди ҷомеа истиқлоли зеҳнӣ, ҷаҳонбинии илмиро ба даст наорад, дар бораи истиқлоли комил сухан рондан нашояд. Ҳар давлату миллатро неъмати волои истиқлол ҳамон вақт насиб мегардад, ки агар ӯ соҳиби ҳофизаи таърихӣ ва эҳсоси баланди худшиносӣ дошта бошад.
Дар китоб корнома ва қаҳрамониҳои бузурги таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар наҷоти давлат аз нобудӣ, барқарор кардани иқтисоди харобгашта, эҳёи фарҳанги миллӣ ва беҳтарин суннатҳои мардумӣ, барқарор кардани хотираи таърихии миллат, худшиносии миллӣ, бунёди шоҳроҳҳову нақбҳо барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, эҷоди қонунҳои миллӣ роҷеъ ба танзими расму оин, масъулияти волидон, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлоли энергетикӣ, муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ тавассути ташаббусҳо дар соҳаи обу муҳити зист, таҷрибаи сулҳсозӣ, ки дар амнияти минтақа ва ҷаҳон аҳамияти беназир дорад ва монанди инҳо мавриди таҳлилу таҳқиқи амиқи илмӣ - фалсафӣ қарор гирифтаанд.
Муаллифон дар заминаи омӯзиши фаъолияти пурсамари кории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазифаи директори хоҷагӣ, иҷрои вазифаҳои ҳизбию сиёсӣ дар миқёси ноҳияву вилоят, ки худро ҳамчун ташкилотчии беҳамто ва чашмикордон, ҳимоятгари манфиатҳои мардум нишон додаанд, ворид шуданашон ба майдони калони сиёсат ва эътирофашон ҳамчун Пешвои миллат дар таърихи навини Тоҷикистон тасодуфӣ набуда, балки падидаи қонунӣ маҳсуб меёбад.
Ба андешаи муаллифон боз як хизмати мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ Сарвари давлат тавонистанд як мактаби нав, муосир, таҳаммулпазир ва сулҳофаринро бунёд намоянд. Маҳз ҳамин қолаби нави давлатдорӣ буд, ки Тоҷикистон аз нобудӣ наҷот ёфт, тоҷикон хатари нобудиро паси сар гузошта, амнияти хешро дар ҷомеаи пурҳаводиси имрӯзаи ҷаҳон ҳифз карда, сарзамини маҳбубро сол аз сол ободу зебо менамоянд.
Ҷамъияти инсонӣ низоми ниҳоят мураккаби иҷтимоӣ буда, дар он қонунҳои объективӣ ва субъективӣ печдарпеч амал менамоянд, омилҳои иқтисодӣ ва маънавӣ ба ҳам сахт алоқаманд мебошанд.
Омилҳои маънавӣ дар раванди пешравии ҷамъият торафт вусъат гирифта ва боло рафта, ниҳоят нақши муайянкунанда мебозанд, ки ин падида дар тамаддуни ҷаҳони муосир бараъло ба назар мерасад. Муаллифон амали ин қонуни мураккаби иҷтимоиро дар мисоли ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, нишон додаанд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб аз оғози фаъолияти сиёсии худ ҳамчун Сарвари хирадманд ба мавзуи маънавиёт, инкишофи мактабу маориф, илму фарҳанг, тарбияи эҳсоси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир накардаанд. Барҳақ, таҷрибаи ҳаёти иҷтимоӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ҷаҳонбинии илмӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ангезаи бағоят бузург, қувваи азими пешбаранда дар рушду тараққиёти ҷомеа маҳсуб меёбад. Ваҳдати миллӣ ва бақои давлат бидуни худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватандорӣ тасаввурнопазир аст.
Роҷеъ ба хизматҳои шоиста ва таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр дигар асару мақолаҳо низ таълиф шудаанд. Вале онҳо баъзе паҳлуҳои фаъолияти пурсамари Пешвои миллатро фаро мегиранд. Ҳол он ки корнамоӣ, хизматҳои шоёни гузаштаву имрӯзаи Роҳбари давлат хеле бузург буда, ниёзманди пажуҳишҳои минбаъдаи илмӣ мебошанд.
Тақозои замон аст, ки дигар ҷанбаҳои бунёдкориву созандагӣ, хизматҳои таърихии Пешвои миллат аз ҷониби олимон, муҳаққиқон мавриди таҳқиқи амиқ ва ҳамаҷониба қарор ёбанд. Чунин тадқиқотҳои пайвастаи илмӣ барои минбаъд бо роҳи мутамаддин тараққӣ кардани ҷомеаи муосири тоҷик ва дуруст муайян намудани пешомадҳои он нақши муҳим мебозанд.
Таҷрибаи давлатсозӣ, одоби давлатдорӣ, зиндагиномаи саршор аз корномаю қаҳрамониҳои Пешвои миллат барои ҳамагон намунаи олии ибрат аст. Месазад, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, устодон, донишҷӯён, олимон, зиёиён, ҷавонон пайравони содиқи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем ва баҳри тараққиёт, шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони маҳбубамон пайваста хизматҳои шоиста намоем.
Дар китоб барҳақ таъкид гаштааст, ки имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оламиён ҳамчун чеҳраи баргузидаи сиёсӣ, эҳёкунандаи миллати тоҷик, бунёдгузори таъриху фарҳанги муосири тоҷик, наҷотбахши тамомияти арзӣ, таъминкунандаи ваҳдат ва ризоияти миллӣ, амнияту суботи ҷомеа муосири Тоҷикистон мешиносанд.
Ба андешаи мо, шиносоӣ бо китоби мазкур барои сиёсатмадорон, ходимони давлатӣ омӯзгорони зинаҳои гуногуни муассисаҳои таълимӣ, хусусан устодони илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ, унвонҷӯён, мутасаддиёни корҳои тарбиявӣ, онҳое, ки майли омӯзиши таърихи пайдоиши ниҳоди Пешвои миллат ва таъсири он ба ташаккули худшиносии миллии тоҷикон дар солҳои соҳибистиқлолиро доранд, аз аҳамият холӣ нест.
Х. Усмонзода директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор
М. Мирбобоев номзади илмҳои фалсафа, профессори кафедраи илмҳои ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Javier 2 марта 2024 00:15
wingman mucopain uses pallida mucopain pediatric dose - mucopain drop mucopain with alcohol
ruane buy mucopain 15g otc mucopain 15 g tablets
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: