Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Конференсия: Ваҳдат ва рушди давлатдории тоҷикон

Конференсия: Ваҳдат ва рушди давлатдории тоҷикон

30-06-2022, 07:00
Хабарро хонданд: 374 нафар
Назарҳо: 0
Конференсия: Ваҳдат ва рушди давлатдории тоҷикон
21 июн дар Китобхонаи миллӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмиву маърифатӣ зери унвони «Мавқеи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар рушди давлатдории навини тоҷик» баргузор гардид.
Ба гузориши хабарнигори «МХ», ин њамоиш ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бахшида шуда, дар он намояндагони Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, созмону ташкилот ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода оғоз бахшида, гуфт: -Вожаи «ваҳдат» барои мардуми Тоҷикистон басо муқаддасу ғояи муҳим дар самти тақвият бахшидани пояи давлатдорӣ ва роҳ пеш гирифтан ба сўйи як ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ ва пешрафта мебошад.
Ў афзуд, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронињояшон ин дастоварди воқеан ҳам муҳими даврони соҳибистиқлолиро меситояд ва ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистони мустақилро ба ин вожа тавъам медонанд. Пешвои миллат мардуми Тоҷикистонро ба ҳифзи ин неъмати бебаҳо, ки асоси зиндагии орому осоишта ва шоиста мебошад, даъват менамоянд.
Сипас конференсия зери роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам идома ёфт.
Рудобаи Мукаррам тазаккур дод, ки «Ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем. Мақоми меҳварӣ пайдо кардани сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ дар таркиби тафаккури миллӣ барои рушди мамлакат роҳи васеътар боз намуда, пояҳои иқтисоди миллӣ ва рушди кишварро ҳамаҷониба тақвият бахшид. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрўз Тоҷикистон чун кишвари пешрафта ва ташаббускор дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ гардидаву дар сархатти давлатҳои амнтарини ҷаҳон қарор дорад.
Дар ин њамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо, аз ҷумла вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Лутфия Абдухолиқзода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Субҳиддин Шамсиддинзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони Шурои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Шурои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Ҳизби Халкии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокчиёни конференсия гуфтанд, ки воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омўзиш қарор гирифт. Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.
Дар интињои нишаст ба беш аз 40 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, хидматгузорони халқу Ватан ва собиқадорони Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Сипосномаву Ифтихорнома, китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
***
Дар доираи гиромидошт аз Рўзи Вањдати миллї 22 июн дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «25 соли Ваҳдат ва суботи умумимиллӣ: дастовардҳо ва дурнамо» њам баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносон иштирок намуданд.
Бино ба гуфтаи созмондињандагон, њадаф аз ҳамоиши мазкур, ки бахшида ба 25 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор доир шуд, бањогузорї ба дастовардҳои кишвар дар зарфи чаҳоряк асри суботу оромии мамлакат ва тањияи дурнамои таҳкими сулҳу амният дар Тоҷикистон иборат мебошад.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зикр намуд, ки ҳар миллат дар таърихи худ рӯйдодҳо ва санаҳои муҳиме дорад ва аз онҳо дарсҳое барои ояндаи худ мегирад.
«Бо ташаббус ва ҳидояти Сарвари давлати Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 сол муқаддам 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки кафили пойдории сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон гардид. Ваҳдат, пеш аз ҳама, ба инсонҳо умед мебахшад ва онҳоро ба оянда дилгарм месозад, ки ин заминасозӣ талоши ҳамагонӣ баҳри ободии диёр ва фардои беҳтар аст», — баён дошт Х.Усмонзода.
Зикр гардид, ки талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта буд, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ расиданд ва натиҷаи ин заҳматҳоро мо имрӯзҳо дар мисоли пешрафтҳои беназири кишвар дар ҳамаи самтҳои рушди давлатдорӣ мебинем ва аз он баҳравар мешавем.
Ба гуфтаи Хайриддин Усмонзода, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи наверо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат ва дар умум рушди давлатдории миллӣ оғоз бахшид.
«Маҳз ваҳдати миллӣ нақшаи душманони миллати тоҷикро, ки мехостанд бо дасти зархаридону хоинон фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми кишвар ба таври иҷборӣ таҳмил намуда, низоми осоиштаи давлатдориро тағйир диҳанд, барбод дод ва заминаи тамоми таҳаввулоти нави давлатӣ дар Тоҷикистон шуд. Дар ин радиф, нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим ва тақдирсоз мебошад. Имсол, ки 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳам иттифоқ афтодаанд, хеле рамзӣ ва мантиқӣ мебошад. Зеро маҳз Иҷлосияи мазкур як нуқтаи гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат, сароғози таърихи навтарини даврони истиқлол, расидан ба сулҳу субот гардид»,- афзуд Х.Усмонзода.
Дар ҳамоиш муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода маҷмуаи «Сулҳу амният дар суханрониҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»-ро рӯйнамоӣ намуд. Парвиз Муҳаммадзода гуфт, ки дар ин маҷмуа суханҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи сулҳ ва амнияти миллӣ гирдоварӣ шудааст. Маҷмӯа ба ифтихори ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Парвиз Муҳаммадзод 25 соли Ваҳдати миллиро 25 сол эҳёи миллӣ, баҳамоиву сулҳу суббот ва оромӣ ва 25 қадами устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи озоду демкоратӣ арзёбӣ намуд, ки дар таърихи навини давлати тоҷикон бо ҳарфҳои зарин сабт мегардад.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам вобаста ба «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» ибрози андеша намуда, гуфт, ки «ваҳдати миллӣ ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Ҳақиқатан ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат ба мисли гулҳои баҳорӣ рӯз то рӯз шукуфта, иқтисодиёташ дараҷа ба дараҷа боло шуда, аз ҷиҳати фарҳангӣ ва сиёсӣ пеш меравад».
Зикр гардид, ки ташаккули сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии тоҷикон яке аз заминаҳои мустаҳками давлатдории миллӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар воситаи боэътимоди рушди давлати демократӣ мебошад.
Хайриддин Усмонзода дар интиҳои чорабинӣ таъкид намуд, ки вазифаи пуршарафи насли имрȳзаи мардуми Тоҷикистон, хусусан ҷавонон аз он иборат аст, ки пойдевори истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллиро мустаҳкам ва ин дастовардҳоро бо ҷону тан ҳифз намоянд. Ваҳдати миллӣ ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ доштани он барои наслҳои имрȳза ва оянда фарз аст.
С. Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: