Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВМКБ: НАШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ВМКБ: НАШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

6-04-2023, 11:09
Хабарро хонданд: 1013 нафар
Назарҳо: 1
ВМКБ: НАШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД
ВМКБ: НАШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардумони он сарзамин ба ҳисоб рафта, дар ҳудуди ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бо мақсади ҳифзи давлат, таъмини сулҳ дар мамлакат, оромиву осудагӣ ва фароҳам овардани фазои созандагиву ободонӣ ин Меҳани азиз бо хиради азалии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, наздики се даҳсола ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ, матонату мардонагӣ табдил ёфта, имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони ҷисман обутобёфтаро ба камол расонидааст.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷавонони ватандӯсти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамасола нақшаи даъватро сари вақт иҷро намуда, дар қисмҳои ҳарбиву низомӣ, ки дорои шароити хуби хизмат мебошад, содиқонаву софдилона адои хизмат намуда истодаанд.
Давоми сӣ сол боз ин сохтори низомии мамлакат ба яке аз сохторҳои пуркудрати кишвар табдил ёфта, дар таъмини сулҳу субот, якпорчагии мамлакат ва ҳифзи марзу буми муқаддаси кишвар нақши басо арзанда дорад. Боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми тоҷик аст, ки фарзандони шуҷои Меҳан ҳамасола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дохил гардида, дар ҳифзи музаффариятҳои давлат ва дастовардҳои миллати тоҷик нақши барҷаста доранд.
Имрӯзҳо маркази маъмурии вилоят шаҳри Хоруғ қабои идона дошта, оҳанги хурсандиву шодмонӣ танинандоз мебошад. Маросими бошукӯҳи гусели ҷавонписарони вилоят дар даъвати баҳорӣ ба сафи Артиши миллӣ дар фазои ҷолибу ҷаззоб бо раҳпаймоии кормандони идораю муассисаҳо басо диданӣ ҷараён гирифт, ки ҷавонон бо шиору овезаҳои тарғибкунандаи соҳибдавлатию ифтихор аз муқаддасоти миллӣ зеби ин чорабинӣ буданд.
Дар роҳпаймоӣ шаш ҳазор сокинони касбу кори гуногуни маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хоруғ ширкат варзида, он аз майдони Боғи Ғалаба оғоз гардида, тавассути хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемур то ҳудуди сероҳаи назди Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назаров бо чеҳраи болида ва шодию фараҳ идома ёфт.
Ҷамъмомад бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои Театри вилоятӣ оғоз гардид. Дар маросими сафарбарсозии навдаъватшавандагон ба сафи Артиши миллӣ сокинону меҳмонон, устодону донишҷӯён, мактаббачагон, ҷавонону занон, собиқадорон ва падару модари навдаъватшавандаҳо бо шиору овезаҳои инъикоскунандаи муқаддасоти миллӣ ва гиромӣ доштани арзишҳои волои инсонӣ ба чорабинӣ шаҳомати дигар зам карданд.
Хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ барои ҷавонписарон мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату мардонагӣ, дӯстиву рафоқат ва меҳанпарастӣ маҳсуб меёбад.


Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз номи бошандагон ва падару модарони даъватшавандагон изҳори сипосу миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмати ҷавонон ва пайваста дастгирӣ намуданашон арзи сипос баён намуд.
Зикр шуд, ки имрӯзҳо 150 нафар ҷавонони вилоят, ки дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунанд ва бо дархости падару модари худ ба Бадахшон баргашта, дар даъвати баҳорӣ барои хидмат ба Ватан омадаанд ва ин боиси ифтихори кулли сокинони вилоят маънидод гардид.
Боиси хушнудӣ мебошад, ки дар баробари дигар даъватшудагон инчунин варзишкори номдору парчамбардори миллат Шакармамад Мирмамадов, ки ду маротиба унвони Қаҳрамони ҷудои Тоҷикистонро ба даст овардааст, дар қатори дигар ҷавонони баномуси Бадахшон бо хоҳиши худ ба сафи Артиши миллӣ пайваста, мехоҳад мардонавор ин рисолати бузургро иҷро кунад.
Шакармамад Мирмамадов дар мусобиқаҳои гӯштини ҷудо дар сатҳи олӣ ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро ишғол кардааст ва барандаи медали биринҷии Бозиҳои Осиё дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия дар соли 2018-ум мебошад.
Маврид ба таъкид аст, ки аз соли 2018-ум то инҷониб ҷавонони вилояти Бадахшон дар даъватҳои баҳорию тирамоҳӣ фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар як рӯз 100 % фоиз иҷро менамоянд.
Пайваста гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар вилоят самараи нек дода, ҷавонон бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат баҳри ҳифозати ҳар ваҷаб хоки муқаддаси диёр омода мебошанд.
Ҷамъомади идонаи гусели ҷавонони вилоят дар маросими вижаи мардуми кӯҳистон “нонгазӣ” ва дуои неки волидайн сурат гирифта, ба чорабинии тантанавӣ шаҳомати дигарро зам кард.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Enriqueta 16 июня 2023 16:31
easterbrook azelastine eye drops price dngirts azelastine uk - swallowed fluticasone side
effects fluticasone structure brihhton dymista and post nasal drip
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: