Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » АЗ БАҲСИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА ТО ТАМОШОИ «АРӮСИ ҶАНГАРА»

АЗ БАҲСИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА ТО ТАМОШОИ «АРӮСИ ҶАНГАРА»

16-02-2023, 14:11
Хабарро хонданд: 245 нафар
Назарҳо: 0
АЗ БАҲСИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА ТО ТАМОШОИ «АРӮСИ ҶАНГАРА»Бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, нимаи дуюми рӯзи 16-уми феврали соли равон, дар толори меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар мавзуи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила ва нақши ташкилотҳои ҳизбӣ дар ҳалли масъалаи мазкур» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори он Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ, намояндагони Суди олӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мизи мудаварро мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муқимзода Наргис ифтитоҳ намуд. Дар идома, Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки баробари ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» тайи солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 60 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ марбут ба самти занон қабул гардидааст, ки яке аз ин санадҳои муҳим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мебошад. Дар асоси ин қонун Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 қабул гардидааст, ки он 17 субъекти иҷрокунандаро дар бар мегирад.

Тӯли ин солҳо барномаи мазкур дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд фаро гирифта шудааст ва тамоми вазорату идораҳо дар ин самт корбариро пурзӯр намуда истодаанд. Бахусус, дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ гардидани барномаи мазкур маркази машваратӣ-иттилоотӣ амал мекунад, ки дар он зиёда аз 10 нафар мутахассисон, аз ҷумла равоншиносон ва ҳуқуқшиносон кору фаъолият мекунанд. Шумораи муроҷиаткунандагон низ сола аз сол зиёд шуда истодааст ва ин маънои онро дорад, ки барномаи мазкур дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба таври густурда роҳандозӣ карда шуда, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва мубориза бо ин амали номатлуб хуб ба роҳ монда шуда аст. Бовар дорем, ки дар оянда масъулини кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин самт корбариро пурзӯр намуда, каме ҳам бошад, саҳми худро мегузоранд.

Умед Бобозода дар навбати худ иброз дошт, ки пешгирии зӯроварӣ дар оила ва мубориза ба он муносибати ҳамаҷонибаро тақозо мекунад. Ӯ бо таассуф зикр кард, ки ҳоло ҳам зимни амалӣ гардонидани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҷомеа, дар самти пешгирӣ аз зӯроварӣ мушкилоти муайян ҷой дорад, ки ба таъмини баробарии гендерӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила бе таъсир намемонад. Зӯроварӣ дар оила дар бисёр ҳолатҳо боиси ҷудошавии оилаҳо, ба худкушӣ даст задан ва содир шудани дигар ҷиноятҳои вазнин мегардад. Ҳодисаҳои алоҳидаи куштори зан аз ҷониби шавҳар ва дигар аъзои оила ба монанди ба худкушӣ даст задани занон, аз ҷумла ҳамроҳи фарзандони хурдсол ниҳоят ташвишовар боқӣ мемонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омори ягона оид ба ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила дар сатҳи миллӣ ҳанӯз ҳам ташаккул наёфтааст. Омори муътамад ва ба далелҳо асосёфта оид ба зӯроварӣ дар оила метавонад барои таҳлилҳо ва натиҷагириҳо дар бораи тамоюл, ҳадаф ва сабабу омилҳои зӯроварӣ дар оила, таҳия намудани сиёсати муассир, мақсаднок ва ба ҷанбаҳои гендерӣ равонашуда замина фароҳам орад.

Ба андешаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, мушкилоти дигаре, ки метавонад сабаби зӯроварӣ дар оила гардад, издивоҷи бармаҳали духтарон мебошад, ки ин амал духтаронро аз интихоби ҳаёти мустақилона маҳрум намуда, ба қатъ гардидани таъсир, мавриди табъиз ва суистифода қарор гирифтанашон оварда мерасонад.

Вай ҳамзамон илова намуд, ки Кумитаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон аз натиҷаи баррасии маърӯзаи шашуми ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои уҳдадориҳо тибқи Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, пешгирӣ ва барҳам додани никоҳҳои бармаҳал ва маҷбурӣ, тавсия додааст, ки зимни баррасии аризаҳо дар бораи кам кардани синни никоҳӣ ва сабабҳои кам кардани он, ки дар ариза нишон дода мешаванд, бояд диққати ҷиддӣ дода шавад.

Нигина Ализода, муовини якуми вазири адлия чунин ибрози андеша намуд, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон зӯроварӣ дар оила барои тамаддун ва фарҳанги инсоният зуҳуроти комилан номатлуб ва муаммои иҷтимоӣ дониста мешавад ва барои решакан кардани он чораҳо ва ташаббусҳои ҷиддӣ мунтазам амалӣ мегарданд.

Вай инчунин афзуд, ки ба хотири пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила имрӯз маҷмуи қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд. Хушунати хонаводагӣ аксар вақт иштибоҳан ҳамчун зуҳуроти ҳамагуна амалҳои зӯроварона нисбат ба занон дониста мешавад. Ҳоло он, ки зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ва пиронсолон низ муаммои муҳим аст. Дар баробари ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мушкилоти зӯроварии хонаводагӣ бештар хусусияти иҷтимоӣ-маънавӣ ва иқтисодӣ низ дорад. Дар робита ба ин, давом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ ва тағйир додани афкори ҷомеа нисбат ба ин рафтори номатлуб зарур аст.

Ҳамин тариқ, дар идомаи кори мизи мудаввар намояндагони дигар мақомоти дахлдор оид ба масъалаи зӯроварӣ дар оила фикру андешаҳои худро баён намуда, ба саволҳои иштирокдорони курси бозомӯзӣ посухҳои мушаххас доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: