Дар охири асри XX ва ибтидои садаи XXI инсоният ба хатари ҷиддӣе ба мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд, ки он ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Аммо экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, зеро ин падидаҳои даҳшатбор реша ба умқи таърих доранд.
Чӣ тавре ки коршиносон мегӯянд, дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки бо воситаи тарсонидану даҳшатафканӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд ва дар натиҷа одамони бегуноҳ қурбон мешуданд. Махсусан, ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар хусусияти сиёсӣ гирифтанд ва доираи фаъолияти террористон васеъ гардид. Бо инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиоварашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Бояд қайд кард, ки дар солҳои баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, ибтидои солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири омилҳои айнӣ ва ҳам зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода мекарданд, ки он дар ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Дар ҷараёни майдоннишиниҳо, ба гаравгон гирифтани вакилони мардумӣ, фишор овардан ба онҳо дар ҷараёни кори Парлумон, сӯиқасд ба ҷони кормандони воломақоми давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ѓасби биноҳои ҳукуматӣ ва амсоли инҳо як амри муқаррарӣ шуда буд. Дар ин марҳилаи пурҳаводис гурӯҳи осебпазир, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама қишри ҳассоси ҷомеа – ҷавонон маҳсуб меёфт, ки ин як фоҷеаи бузург барои миллати тоҷик буд.
Фақат хиради азалии мардум, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дарки амиқи сулҳу субот аз ҷониби роҳбарияти Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки манфиати миллат ва Ватанро аз ҳама боло дониста, хатари заволи давлатдории тоҷиконро эҳсос намуданд, имкон дод, то дар муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу оромӣ аз нав пойдор ва Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам комил гардад. Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ, ҷавонони синнашон то 30–сола наздики 70 фисади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Пас, вақте мегӯем «ҷомеа», мо асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте мегӯем «мушкилоти ҷавонон», қабл аз ҳама, мушкилоти ҷомеаи Тоҷикистон дар мадди назар аст. Яке аз мушкилоти умдаи имрӯза тамоюл ва гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Ин ҷо саволе ба миён меояд: Чаро сарзамини тоҷикон, ки қадимтар аз худи таърих ва нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, дорои мардумони хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину оини солим аст, бо ин балои осмонӣ ва падидаи шайтонӣ рӯбарӯ шуд? Мутафаккири бузург Эрнест Хемингуэй гуфта буд, ки: «Агар дар оянда ҷанге рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуҷуд хоҳад омад». Аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳанд кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пайгирӣ намоянд. Ҳол он ки аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи татбиқи идеяҳои низоми давлатдорӣ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб гардидааст.
Барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хатари он боз ҳам бисёртар баргузор намудани конфронсу ҳамоишҳо бо ҷалби қишрҳои васеи аҳолӣ айни муддаост. Дар ин замина, Ҳукумати Тоҷикистон чорабиниҳои зиёдеро рӯи даст гирифт, ки яке аз онҳо ҷашнгирии 1310–солагии Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва соли 2009–ро эълон намудани соли бузургдошти ин фақеҳи бузург ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ буд, ки ба таври хоса таҷлил гардид. Ҳамчунин, барои пешгирӣ намудани терроризм ва ифротгароӣ сарчашмаҳои молиявии созмонҳои ифротгаро ва террористӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар муайян ва нест карда шаванд, террористон аз сарчашмаҳои ҷалби маблаѓ, аслиҳа, воситаҳои моддӣ ва ѓайра маҳрум карда шаванд, марказҳои таъминоти идеологӣ ва дастгирии террористон, марказҳои тарбияи онҳо мушаххас ва аз байн бурда шаванд, маҳдуд намудани имконияти истифодаи террористон ва ифротгароён аз васоити ахбори омма барои пешгирӣ аз ин гуна амалҳои даҳшатбор кӯмак карда метавонад. Маълум аст, ки расонаҳои хабарӣ яке аз воситаҳои дастраси таъсиргузор мебошанд, ки террористонро ҳамроҳӣ мекунанд. Онҳо бисёр манфиатдоранд, ки аз ВАО истифода намуда, аз як тараф нуфузи худро ҳамчун «муборизон барои озодӣ» ташаккул диҳанд ва ѓояҳояшонро паҳн намоянд, аз тарафи дигар, аҳамият ва ҳайсияти худро нишон дода, дар дили аҳолӣ ҳисси тарсу даҳшатро бедор намоянд.
Дар ин самт корҳои таблиѓотӣ, тарбиявӣ, фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳои инфиродӣ, чопи китобҳо, дастурҳои омӯзишӣ, мақолаҳои таҳлилӣ, тарбияи динию маънавӣ, барномаҳои телевизиониву радиоӣ, мулоқоту вохӯриҳоро бо шаклу усули нав бояд ба роҳ монд. Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем. Итминони комил дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон ҳиссаи босазои хешро гузошта, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комили Ватан хидматҳои шоиста хоҳанд намуд ва барои решакан намудани ифротгароиву терроризм тамоми кӯшишу ѓайрати худро равона хоҳанд кард.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд
Муслимахон Ҷамолиён