Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » “ФУРЎҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”-ҶАЗЗОБТАР МЕГАРДАД

“ФУРЎҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”-ҶАЗЗОБТАР МЕГАРДАД

28-01-2023, 12:37
Хабарро хонданд: 313 нафар
Назарҳо: 0
“ФУРЎҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”-ҶАЗЗОБТАР МЕГАРДАД
Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ғанӣ гардондани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар шуруъ аз соли 2019 таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳандозӣ гардида, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон баон мекўшанд то озмун дар сатҳи олӣ баргузор гардад.
Тазаккур бояд дод, ки давоми ин солҳо озмуни мазкур дар вилоятҳо шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида, барои дўстдорони каломи бадеъ ва сухандонону суханварон имкон фароҳам овард, то донишу маҳорати азбарнамудаи хешро санҷида, барои боз ҳам мукаммалгардонии он ҷидду ҷаҳд намоянд.
Тайи чор соле, ки озмун дар кишвари роҳандозӣ мегардад, сафи иштирокчиёнаш бамаротиб афзуда, таваҷҷуҳи мардум сол то сол ба он зиёд мегардад. Агар дар солҳои аввали баргузории озмун иштирокчиён бештар хонандагону донишҷўёни зинаҳои таҳсилот бошанд, солҳои баъди синну сол ва касбу кори иштирокчиён тадриҷан тағйир ёфтааст, ки ин аз китобхониву китобдўстдории мардуми мо дарак медиҳад.
- Мо бояд дониста бошем, ки озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”- чӣ натиҷаҳо ба бор овардааст ва то чӣ андоза барои ҷалб кардани мардум, хоса насли ҷавон ба дунёи китоб хидмат мекунад,-таъкид мекунад Ҳафиз Раҳмон, довари озмун дар номинаи “Адабиёти ҷаҳон”.
Иштирокчиёни озмун аз рўйи 5-номина: Адабиёти кўдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, “Адабиёти классикии тоҷик”, “Адабиёти муосири тоҷик”, “Адабиёти ҷаҳон” ва “Эҷоди назму наср” барои соҳиб шудан ба зинаҳои ифтихорӣ ва Шоҳҷоиза байни ҳам рақобат менамоянд.
Даври ниҳоии озмун аз 5-ум то 17-уми декабри соли 2022 дар китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз рўи иттилои расмӣ, дар даври ниҳоии озмун 442 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидои касбӣ (синфҳои 1-11), 83 нафар донишҷўён (магистрантон, аспирантон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун рақобат намуданд, ки беҳтаринҳо аз тарафи ҳайати доварон ҳамчун ғолиб пазируфта шуда, сазовори мукофотҳо, аз ҳама асосиаш сазовори таҳсину офарини тамоми мардуми кишвар гардиданд, ки ин боиси ифтихору сарбаландии на танҳо ғолибон, балки боиси ифтихори падару модарон, омўзгорон ва ҳамдиёрони онҳост.
Чун нишони эҳтирому эътибор ва ифтихор барои ёдрасшавӣ номи чанд нафарро аз барандагони озмуни ниҳоӣ дар зер меорем.
Имматшоева Сафина, довталаб аз шаҳри Хоруғи, ВМКБ хонандаи синфи 11-уми Литсейи Оғохон дар даври ниҳоии озмуни мазкур аз рўйи номинаи “Адабиёти классикии тоҷик” сазовори ҷойи аввал гардид.
Қосимова Зебуниссо омўзгор аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон дар номинаи “Эҷоди назму наср” дар бахши назм сазовори ҷойи аввал гардид.
Сазовори “Шоҳҷоиза”, гардидани Шаҳло Сайдалиева, хонандаи синфи 9-и Муассисаи таълимии рақами 8-и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз рўйи номинаи “Адабиёти муосири тоҷик”, на танҳо барои худи ў, балки барои омўзгорону волидайнаш ва инчунин барои тамоми мардуми ноҳияи Данғара ва дар маҷмуъ барои тамоми мардуми Тоҷикистон шаъну шараф буд.
-Озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” балогардони ҳама офати иҷтимоист, зеро ба қавли Муҳаммад Иқбол”эътибори миллат дар китобу ҳикмат аст”. Ин озмун сарчашмаи тамоми ислоҳоте хоҳад шуд, ки ҷомеаи мо ба он ниёз доранд: ҳам маориф, ҳам тиб, ҳам идоракунӣ, ҳам иҷтимоъ, ҳама...
Ин озмун боиси ташаккули насле хоҳад шуд, ки фардо ҷомеаро идора хоҳад кард, насле, ки ба моҳияти арзишҳо на сарсарӣ, балки дақиқан сарфаҳм хоҳад рафт,- афзуд довари озмуни ҷумҳуриявӣ, адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон.
Мо низ гуфтаҳои муҳаққиқи адабиёт Ҳафиз Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, ба мутасаддиёну роҳандозони озмуни воқеан ҳам судманд, ки баргузории он сол ба сол ҷаззобтар гашта истодааст, барору комёбиҳо таманно дорем.

Наргиси Муродалӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: