Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ПАЁМ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ

ПАЁМ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ

14-01-2023, 12:53
Хабарро хонданд: 638 нафар
Назарҳо: 0
ПАЁМ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲБо мақсади шарҳу тавзеҳ додани Паёми
Исмоили Сомонӣ:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрии таблиғотии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи якҷояи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар қисми ҳарбии 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мулоқот Парвина Маликзод, вакили Маҷлиси намояндагон, Садриддин Ширинбекзода, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Убайдулло Қурбонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Маҳмудзода, мудири бахши кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва афсарону сарбозон иштирок намуданд.
Парвина Маликзод оид ба нуқтаҳои Паёми Роҳбари давлат дар масъалаҳои аҳамияти саҳмгузории миллӣ дар рушди минбаъдаи давлатдорӣ ва ҳифзи ҳамешагии амну оромии кишвар ибрози андеша намуда, бо ҳозирин суҳбати озоду самимӣ анҷом дод.
Дар идома Садриддин Ширинбекзода афзуд, ки имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Ҳамзамон зикр шуд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Чунин вохӯриҳо дар қисми ҳарбии 02615 Г-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону сарбозон, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки васеи устодону шогирдон баргузор гардид.

Лахш:
Дар ноҳияи Лахш бошад, Маҳматоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат бо интихобкунандагон ва намояндагони касбу кори гуногун суҳбати самимӣ анҷом дод.
Дар ин вохӯрии судманд вакили мардумӣ вобаста ба самтҳо ва паҳлуҳои асосии Паём суҳбат намуд.
Ҳамчунин ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар маслиҳатҳои муфиду саривақтӣ дода шуд. Вакил дар баромади худ дастоварду пешравиҳои соли сипаригардидаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, сокинонро вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва риояи қонунҳои миллӣ - "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳидоят намуданд.

Бобоҷон Ғафуров:
Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мулоқоти Мавлудахон Мирзозода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Мавсуф оид ба дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, суҳбат намуда, афзуд, ки дар Паёми Сарвари давлат асосан ғамхорӣ ба самти иҷтимоии кишвар, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, нафақаи пиронсолону маъюбон, таъминоти аҳолӣ бо ҷои кор тавассути таъсиси корхонаҳои саноатӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа дар панҷ соли охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Мулоқот бо саволу ҷавоби сокинону иштирокдорони вохӯрӣ ҷамъбаст гардид.

Панҷакент:
Дар шаҳри Панҷакент мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсиддин Шарифзода бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ворӯ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ вакили мардумиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ҳамроҳӣ намуд.
Ғиёсиддин Шарифзода дар ҳошияи Паём оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, таҳлили нуктаҳои асосии Паём ва дигар соҳаҳо маълумоти мукаммал доданд.
Қайд гардид, ки нуктаи меҳварии паёмҳои Пешвои миллат фарогири масъалаҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва сиёсати хориҷӣ мебошад.
Ҳамзамон, мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Парвиз Шодизода бо сокинони Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент баргузор гардид. Вакилон бо мардум суҳбати озод намуда, аз камбудиҳои ҷойдошта огоҳ гаштанд ва ба саволҳои интихобкунандагон ҷавобҳои мушаххас доданд.

Хоруғ
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯрии Азиз Гиёзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғ, Соҳибҷон Имомназаров, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ бо аъзои фаъол, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳри Хоруғ ва фаъолони шаҳри Хоруғ баргузор гардид.
Вохӯриро раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки бо дастури Пешвои муаззами миллат аъзои Ҳукумати мамлакат ва вакилони Маҷлиси намояндагон пайваста ба шаҳри Хоруғ ташриф оварда, дар пешрафту шукуфоии он саҳм мегузоранд. Вобаста ба ин мавсуф қайд намуд, ки мақомоти шаҳрдорӣ бо такя ба ирода ва масъулияти шаҳрнишинии сокинони шаҳр кӯшиш менамояд, ки ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат, ки дар Паëми навбатӣ гузошта шудаанд, дар шаҳри Хоруғ амалӣ гардида, сатҳи зиндагии сокинони маркази маъмурии вилоят боз ҳам боло хоҳад рафт.
Сипас, Азиз Гиëзода ба сухан баромада, паҳлӯҳои асосии Паëмро бо таҳлилҳои мушаххас ба ҳозирин пешкаш намуд. Ҳамзамон, нотиқ иброз намуд, ки имрӯз таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушду пешрафти шаҳри Хоруғ зиëд буда, маҳз барои ҳамин пас аз таъмини волоияти қонун шаҳри Хоруғ ба марҳилаи нави рушд қадам ниҳод. Номбурда арз дошт, ки ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон баҳри вусъат ëфтани корҳои бунëдкорӣ ҳамаҷониба кӯшиш намуда, дар таҳия ва қабули қонунҳои мукаммал ва ба манфиати ҷомеаи мамлакат иштироки бевосита дорад. Инчунин қайд гардид, ки муроҷиатҳои сокинони шаҳр, ки ба унвони вакилони мардумӣ дохил мегарданд, дар сатҳи мақомоти марказии Ҳукумати мамлакат баррасӣ гардида, кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки дархосту муроҷиати сокинон ба таври мусбӣ ҳал гарданд.
Қайд гардид, ки дар Паёми Роҳбари давлат мужда барои миллат расонида шуд, ки бо иттифоқи оро бо қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардидани пешниҳоди панҷуми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мебошад, ки нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло бардошт.
Гуфта шуд, ки дар Паём Сарвари давлат оид ба вазъи мураккаб ва пешгӯйинашавандаи ҷаҳон ёдовар шуда, шаҳрвандони мамлакатро ба муттаҳидию сарҷамъӣ ва таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ ҳидоят намуданд.
Дар идома нотиқон оид ба риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ишора намуда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки бо дарки баланди масъулият дар иҷрои қонунҳо фаъол бошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: