Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » АЗ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН ИФТИХОР ДОРЕМ

АЗ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН ИФТИХОР ДОРЕМ

21-12-2022, 12:03
Хабарро хонданд: 430 нафар
Назарҳо: 0
АЗ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН ИФТИХОР ДОРЕМ

Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба “Соли нави мелодии 2023” дар қисми низомии 0122-и ҚС КДАМ чорабинии сисёсӣ-фарҳангӣ бо иштироки афсарону сарбозони қисми низомии мазкур ва ҷавонони фаъоли узви ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир гардид, ки дар он Иброҳим Мирзозода -раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Нилуфар Каримзода -раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва роҳбарияти қисми низомӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, меҳмонон аз як рӯзи ҳаёти сарбозон ошно гардида, аз сехи дӯзандагии қисми низомӣ, толори варзишӣ, китобхона, осорхона ва “Кохи вафо” боздид намуданд. Мавриди зикр аст, ки “Кохи вафо”, китобхона ва осорхонаи қисми низомии 0122 бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ва ба истифода дода шуд, ки дар он беш аз ду ҳазор адабиёти илмию бадеии тозанашр дар ихтиёри афсарону сарбозон мебошад. Дар осорхонаи мазкур аксҳо ва маълумоти абармардони таърихии миллат аз аҳди бостон: Куруши Кабир, Бадри Тархон, Яъқуб ибни Лайс, Султон Алоуддини Ғурӣ, Фотимаи Хуросонӣ ва дигарон, ки бо ҷасорату фидокорӣ ва шуҷоатмандӣ дар бунёди давлатдории тоҷикон дар масири таърих барои ҳамеша ва мондагор номашон боқӣ мондааст, гирд оварда шудаанд.
Дар қисми дигари осорхона роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маводҳои арзишманд, амсоли асарҳои Президенти кишвар, фаъолияти кории Пешвои миллат дар сангари ватансозӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи иттиҳоди Шуравӣ гирдоварӣ шудаанд, ки бинандаро ба олами андеша ва ҷаҳони маънавию таърихии миллат мебарад.
Чорабинӣ бо бахшҳои гуногун фарогири барномаҳои зебову ватанпарварона буд.
“МХ”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: