Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ВАЗИФАИ МО ХИЗМАТ БА ВАТАН АСТ

ВАЗИФАИ МО ХИЗМАТ БА ВАТАН АСТ

30-12-2022, 00:44
Хабарро хонданд: 306 нафар
Назарҳо: 0
ВАЗИФАИ МО ХИЗМАТ БА ВАТАН АСТ
Дар идомаи иқдомоти хайрхоҳонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 29-уми декабри соли равон бахшида ба Соли нави мелодӣ дар Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардида, ҳамзамон барои зиёда аз 300 нафар сарбозон ва тарбиятгирандагони Литсей дастурхони идона омода карда шуд.
Дар оғози чорабинӣ Асрор Латифзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нахуст афсарону тарбиятгирандагони Литсейро аз номи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, бо онҳо суҳбати озоду самимӣ анҷом дод.
Мавсуф аз ҷумла иброз намуд, ки тибқи нақша-чорабиниҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорону шахсони саховатпеша бахшида ба Соли нави мелодӣ қариб дар тамоми қисмҳои низомии мамлакат чорабиниҳои идона баргузор гардида истодаанд, ки вохӯрии имрӯзаи мо низ яке аз онҳост.
Асрор Латифзода дар хитоб ба тарбиятгирандагони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа гуфт: “Шумо фарзандони азиз, пеш аз ҳама, бояд одоби хуби хизматчии ҳатбӣ, тарбияи дурусти ҳарбию ватандӯстӣ дошта бошед ва ба Ватан-Модар бо як ҳисси баланди ҷавонмардию хештаншиносӣ содиқона хизмат намоед. Зеро ҳар нафаре, ки ба ин даргоҳ ворид мешавад, мақсади асосии ӯ хизмат ба Ватан аст. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки Шумо, сарбозони бо нангу номус барои Ватани азизизамон ҷавонмардона хизмат намуда, сарзамини аҷдодиамонро аз ҳама гуна газандҳо эмин нигоҳ медоред”. ВАЗИФАИ МО ХИЗМАТ БА ВАТАН АСТ
Дар идомаи чорабинӣ Искандар Юсуфзода, сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми қисмҳои низомии мамлакат шароити хизмати ҳарбӣ барои сарбозону афсарони ҷузъу томҳо куллан тағйир ёфтааст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 30 соли фаъолияти босамари худ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, тамоми он камбудиву норасоиҳое, ки солҳои аввали таъсисёбӣ ба мушоҳида мерасиданд, марҳила ба марҳила ҳаллу фасл гардида истодааст. Бахусус, дар Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа барои сарбозону тарбиятгирандагон тамоми шароитҳо муҳайё гардидааст. Бинобар ин, Шумо, ҷавонони бонангу ори Ватан бояд вазифаҳои ҳарбии дар наздатон гузошташударо сарбаландона иҷро намуда, ба Ватан-Модари худ ҷавонмардона хизмат намоед.
Сардори Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Муҳиддин Каримзода дар навбати худ ба роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ барои дастгириву ғамхориҳои ҳамешагиашон изҳори сипос намуда, гуфт, моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо ба Ватан бо сари баланд ва бо дилу нияти пок хизмат намоем.
Дар ҷамъомад ба чаҳор нафар ятимони кулл туҳфаҳои пулӣ супорида шуд. Дар қисмати поёнии чорабинӣ ба ҳар як тарбиятгиранда туҳфҳоаи солинавӣ тақдим шуд ва пасон онҳо ба истироҳати даҳрӯза рухсат дода шуданд.
Бахши фарҳангии чорабинӣ низ барои сарбозону тарбиятгирандагони Литсей басо хотирмон буд, зеро онҳо бо волидайн ва наздикону пайвандони худ рақсиданду шодмонӣ намуданд.
Ибодулло Тоҳиров
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: