Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХУҶАНД: Паёми пешвои миллат – роҳнамои фардои ҷавонон

ХУҶАНД: Паёми пешвои миллат – роҳнамои фардои ҷавонон

25-01-2022, 08:30
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
ХУҶАНД: Паёми пешвои миллат – роҳнамои фардои ҷавонон
Дар таърихи санаи 26-уми январи соли 2021 паёми Пешвои Миллат ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ироа гардид, ки аз ҷумла он ба ҷавонон, ки ояндаи миллатанд аҳамияти басо бузург дошт. Бо фараҳманди гуфтан мумкин аст, ки ҳар як Паёми Пешвои миллат зиндагии мардумро боз ҳам хубтар мегардонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол шарту шароити ҷавонон дар самти илмомӯзӣ зинаи баландро ишғол карда истодааст. Дар ин раванд қайд гардид, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Дар ин ҷода муассисаҳои типи нави замони истиқлол – мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо пешсаф буда, ҳар сол беш аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он мегарданд, ки бе шубҳа ин аз фаъолнокии ҷавонон ва таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат нисбати ҷавонон дарак медиҳад.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуданд. Илова бар ин, ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад, қайд карда шуд дар ироаи Паёми Пешвои муаззами миллат.

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки то замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард. Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст.

Ҷаноби Олӣ масъулони Вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад.

Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.

Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем.

Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод гардид, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад. Масалан, агар соли 1991 дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расида, қариб 8 баробар зиёд шудааст.

Шумораи аъзои Академияи миллии илмҳо низ ду баробар зиёд гардидааст, ки боиси фараҳмандӣ ва сарфарозист. Дар хулосаи Паёми навбатии Пешвои Миллат ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон гуфтан ба маврид аст, ки ҳар як нуктаҳои зикргардида аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илму маориф ва аллалхусус тарбияи ҷавонони оянда басо муҳим ва саривақтӣ аст. Ин иқдом борои ҷавонону муҳаққиқон дар пешбурди илму дониш боз ҳам мусоидат хоҳад кард.

Муҳиддинов М.М. – аъзои ҲХДТ дар

шаҳри Хуҷанд

дотсенти кафедраи

маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: