Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва оғози давлатдории миллӣ

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва оғози давлатдории миллӣ

21-10-2022, 18:15
Хабарро хонданд: 934 нафар
Назарҳо: 0
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва оғози давлатдории миллӣ
Маҳз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ заминаи низоми нави давлатдории тоҷикон, яъне асосҳои давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Таърихи ҳар миллат рӯйдодҳоеро доро аст, ки аз натиҷаи онҳо сарнавишти минбаъдаи миллат ва халқиятҳои сокини онро муайян менамояд. Ин руйдодҳо метавонанд барои миллатҳо фоҷиабор ва ё саодатбахш бошанд.
Имрӯз бо гузашти си сол аз баргузории Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олӣ барои мо имконият фароҳам омадааст, ки ин рӯйдоди таърихиро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ба он баҳои объективонаи сиёсӣ диҳем.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят душвор ва ҳассоси таърихӣ баргузор гардида, саҳифаи навро дар таърихи давлатдории тоҷикон боз намуд. То ин муддат дар кишвар «Анархия» ҳукмрон гардида буд.
Зарур аст, ки мазмуну моҳияти вожаи «анархия» - ро шарҳу тавзеҳ диҳем. Анархия (юн. аnarchia- беҳокимиятӣ) - ҷараёни сиёсӣ, ки нобуд сохтани давлатро мақсади асосӣ қарор медиҳад, озодии номаҳдуди шахсиятро тарғиб менамояд ва низоми муайяни муносибати байни одамонро барои ҳама эътироф наменамояд. Одамон ба ҳокимият итоат накарда, бенизомиро ташаккул медиҳанд.
Мардуми кишвар ёд доранд, ки фалаҷ гардидани пояҳои ҳокимият амнияти онҳоро зери хатар гузошта буд. Ҳар гуруҳе, ки соҳиби яроқу аслиҳа буд худро ҳокими мутлақ ҳисоб мекард.
Дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассос кишвари мо ва мардуми он ба роҳбаре ниёз дошт, ки дер нашуда пеши роҳи ҷанги пурфоҷеа ва даҳшатбори шаҳвандиро бигирад ва кишварро аз нобудӣ ва завол раҳоӣ бахшад.
Маҳз Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олӣ ба давраи бесарусомонӣ, кашмакашҳо ва талошҳои беҳудаи ҳарисони мансаб, ки ба иродаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ такя доштанд, хотима гузошт.
Маҳз ба шарофати ин иҷлосия дар кӯтоҳтарин мӯҳлат сохти конститутсионӣ барқарор гардида, фаъолияти ниҳодҳои пурра фалаҷшудаи давлатдорӣ аз нав ба роҳ монда шуд.
Тоҷикистон дар нимаи соли 1992 бо ҳодисаву воқеаҳои худ дар сархати расонаҳои тамоми дунё қарор дошт. Таҳлилгарну коршиносони сиёсии хориҷӣ аз байн рафтани кишвари тоза ба истиқлолрасидаи моро пешгўи менамуданд. Омили муҳимтарине, ки бе он давлату давлатдорӣ вуҷуд дошта наметавонад, ин тамомияти ҳудудӣ маҳсуб меёбад. Зеро дар он рӯзҳои даҳшатбор нақшаи ба қисматҳо пора намудани давлати нави тоҷикон ба миён гузошта шуда буд.
Қувваҳои сиёсии дохилӣ, ки манфиатҳои гуруҳию ҳизбии худро аз ҳама боло мегузоштанд ҳар кадоме бо хостаҳо ва майлу иродаи худ талош менамуданд мавқеи худро устувор намоянд.
Гуруҳе мехост, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати сотсиалистӣ бо роҳи ҳукумрнии ҳизби куммунист тарзи давлатдориро идома бахшад. Гуруҳи дигар хоҳони бунёди давлати теократии исломӣ буданд.
Роҳбари нави аз ҷониби вакилони собиқи Парлумони онвақта, яъне Шўрои Олӣ интихобгардида, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Иҷлосия роҳи ояндаи Тоҷикистонро эълон намуданд.
Ин пешниҳодро кулли мардуми шарафманди мамлакат ва соири кишварҳои олам эътироф намуданд.
Дар заминаи санадҳои сарнавиштсози таърихӣ ва рӯҳияи ваҳдатсози Иҷлосияи шонздаҳум муяссар гашт, ки таҳкурсии ваҳдати миллӣ ба миён оварда шавад. Ба ибораи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Маҳз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ заминаи низоми нави давлатдории тоҷикон, яъне асосҳои давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд.»
Ин ғояи меҳварӣ дар ҳамин иҷлосия баён гардида, баъдан ба қонуни асосии мамлакат Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол ворид карда шуд. Ҳамин тариқ моддаи якуми Конститутсия ба таври мушаххас ифода менамояд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд,дунявӣ ва ягона мебошад.»
Бо итминони комил метавон баён кард, ки марҳалаи нави эҳёи миллати тоҷик, бунёди давлатдории миллӣ, таъмини суботу амният ва оѓози пешрафту бунёдкорӣ аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ сарчашма мегирад.
Тайи ин давра мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муаззами мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносӣ ва рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузорем.
Аз ин лиҳоз, ин санаи фархунда барои мо ҳам мояи ифтихор ва ҳам масъулияти бузург ба хотири ояндаи нек мебошад.
Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ин санаи фархунда, яъне Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «арзиши сиёсӣ» эътироф ва мавриди ташвиқу тарѓиб қарор дода шавад.
Ин иқдом барои дарки моҳияти ин воқеаи пурарзиш, ки омили наҷоти миллат ва саодати мардуми Тоҷикистон гардидааст, аз аҳамият холӣ нест.

Шоев Абдумаҷид
Сармутахассиси шўъбаи
ташкилӣ ва кор бо кадрҳои
Дасгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: