
Холиқназаров Олимназар Хуҷаназарович 20 октябри соли 1985 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Соли 2003 баъд аз хатми мактаби миёна, барои такмили маҳорати касбӣ ба мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2008 соҳиби дипломи афсари касбии соҳаи амният гардид. Холиқназаров Олимназар дар вазифаҳои масъули мақомоти амният дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Восеъ, шаҳри Бохтар, шаҳри Турсунзода содиқона хизмат намуда, аз 7 июли соли 2022 дар вазифаи сардори шуъбаи раёсати контразведкаи ҳарбии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро шуруъ намуд. Мутахассиси соҳибкасб дар иҷрои вазифаҳо ва дастуру супоришҳои роҳбарият маҳорати хуби роҳбарӣ ва садоқати бепоён ба Ватани азиз нишон медод.
Мавсуф дар иҷрои вазифаҳо ва ҳимояи марзу буми муқаддаси кишвари маҳбуб ҳамеша ҷасорат ва ҷавонмардии бемисл нишон дода, 16 сентябри соли равон зимни адои вазифаи хизматиаш барои ҳимояи марзи Тоҷикистони соҳибистиқлол қаҳрамонона ҳалок гардид.
Олимназар Холиқназаров бо вуҷуди ҳамагӣ 36-сола будан, соҳиби рутбаи полковники амният буда, барои ҷасорату корнамоиҳояш бо чандин мукофотҳо қадршиносӣ гардидааст.
Тамоми рўзгор, роҳи ҳаёт ва фаъолияту корнамоиҳои полковник Холиқназаров Олимназар Хуҷаназарович барои тамоми насли ҷавон ва кормандони соҳа намунаи ибрат аст. Хотираи нек ва корнамоиҳои ин афсари ғаюр, ки ба хотири ҳифзи марзу буми Ватан ҷон фидо кард, дар таърихи корнамоиҳои миллӣ ва қалби ҳар ватандор ҷовидона хоҳад монд.