
Зимни нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки ниҳоди мазкур дар нимсолаи якуми соли 2022 ба 703 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд хулоса пешниҳод намудааст.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода-раиси кумитаи мазкур, ҳамчунин,зикр намуд, ки аз ин теъдод 44 муроҷиат аз ҷониби ақаллиятҳои миллӣ буда, ба 189 муроҷиаткунанда хулосаи тавсиявӣ ва ба 470 муроҷиаткунанда хулосаи рад дода шудааст. Тавре зикр гардид, теъдоди ишорашуда назар ба нимсолаи якуми соли 2021-ум 178 муроҷиат зиёд будааст.
Ҳамзамон, кумита ба 21 номи маҳали аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хулоса пешниҳод намуда, ба 4849 номи объектҳои ҷуғрофӣ тавзеҳнома навишта шуда, ба мақомоти дахлдор барои корбарӣ ва таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Тоҷикистон ирсол гардидааст.
Дар ин давра, аз ҷониби кумита ба 70 адад санади меъёрии ҳуқуқӣ ва 13 маводи судӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод карда шудааст.
Қурбон АҲМАДЗОДА