Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ

МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ

5-08-2022, 13:12
Хабарро хонданд: 86 нафар
Назарҳо: 0
Ҳисор

28 июли соли 2022 Конференсияи ХХ ҳисоботӣ –интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, ки дар кори он Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Ҳисор, Сурайё Дўстмуродзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Изатуллои Ҳабибзод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва 600 нафар вакилон аз ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.
Нахуст ҳайати меҳмонон ва вакилони конференсия аз дастовардҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, ки дар саҳни Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуданд.
Зимни боздид аз дастовардҳои сокинони касбу кори гуногун, аз ҷумла кишоварзони шаҳр Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масъулон иброз доштанд, ки таъкидҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси истифодаи самараноки замин ва рўёнидани ду-се ҳосил аз як замин ва захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила сармашқи фаъолияти худ намоянд.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ХХ ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор оғоз гардид.
Дар шаш масъала - ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолият аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ва вазифаҳои минбаъда доир ба татбиқи барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, ҳисоботи Комиссияи тафтишоти ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор оид ба фаъолияти молиявии сохторҳои ҳизб дар шаҳри Ҳисор аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022, гузориши роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Ҳисор оид ба фаъолияти намояндагӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷ8роияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳисобот раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод зикр намуд, ки давраи ҳисоботӣ барои аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давраи амалисозии ташаббусҳои наву созанда ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизби сиёсӣ ин давра ба давра ташаккули фарҳанги сиёсии шаҳрвандон мебошад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ зоҳир намудааст.
Танҳо дар давраи ҳисоботӣ 40 ташкилоти ибтидоии нав таъсис ёфта, 3262 нафар аъзои нав қабул шудааст, ки натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор маҳсуб меёбад.
Тавре иттилоъ дода шуд, айни ҳол дар шаҳри Ҳисор 112 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият дорад, ки 11 104 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид менамояд.
Дпар идома Муҳаммадтоҳир Саидзода, вакил аз ташкилоти ибтидоии «Пайравон» ва Шарифӣ Бобосафар Ҳамидзода, вакил аз ташкилоти ибтидоии «Кишоварз» ба музокира баромада, андешаҳои худро оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар давраи ҳисоботӣ баён доштанд.
Дар Конференсия раиси Комиссияи тафтишотии молиявии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Абдуҳалим Самадов дар назди вакилон оид ба фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Ҳисор аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли соли 2022 гузориш дод.
Сипас, гузориши роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Ҳисор Эраҷ Шарипов оид ба фаъолияти ташкилот шунида шуд.
Дар ҳошияи маърўза Шукрона Раҳимова, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон –Ватани азизи ман!» ба музокира баромад.
Дар конференсия ҳайати нави аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор аз ҳисоби аъзои фаъоли ҳизб бо ҷонибдории вакилон интихоб шуданд.
Дар суханронии худ Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зикр дошт, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳо пешравиҳои назаррас ба даст омада истодаанд. Ба хусус дастовардҳои сокинони шаҳри Ҳисор низ бо шарофати чорабиниҳои ҷашнии 3000- солагии Ҳисор, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифҳои пайвастаи Роҳбари давлат ба маротиб зиёд гардиданд. Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар тадбирҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Ҳисор нақши аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назаррас аст.
Дар идома қайд гардид, ки дар марҳилаи мураккабу душвори иқтисодӣ, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, ҲХДТ-ҳамчун сарпарасти маънавии НБО “Роғун” дар доираи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии ҳизб тавонист, ки ду агрегати ин неругоҳи бузурги асрро бунёд намояд.
Бо назардошти он, ки ҲХДТ сарпарасти маънавии НБО “Роғун” мебошад, пешниҳод гардид, ки Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сайёҳати таърихии узви фаъоли ҳизбро ба НБО “Роғун” роҳандозӣ намояд.
Зикр гардид, ки дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнии 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ, Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор ба кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр ва бунёди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор тадбирҳои имконпазирро амалӣ намуда, дар маркази шаҳр 0,15 га қитъаи замин ҷудо намудааст.
Барои мо ҳизбиёни шаҳри Ҳисор мояи сарафрозӣ аст, ки субҳи имрўз бо иштироки муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини якуми Раиси ҲХДТ барои оғози корҳои сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Ҳисор санги асос гузошта шуд.
Умедворам, ки сохтмончиён тавсия ва дастурҳои саривақтии муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор –муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, ба корҳои сохтмонӣ вусъати тоза мебахшанд.
Мутобиқи лоиҳа корҳои сохтмонӣ бино ду сол идома ёфта, дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд, ки дастоварди арзишманди ҳизбиёни шаҳри Ҳисор ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад, иброз дошт, раиси шаҳри Ҳисор.
Сипас, Сурайё Дўстмуродзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Ҳисор №7” оид ба амалишавии қонунҳо, риояи ҳатмии онҳо, ба одати доимии ҳар як нафар табдил додани риоияи қонунҳо, торафт мураккаб гардидани вазъи ҷомеаи ҷаҳон, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандўстию меҳанпарастӣ ва дигр масъалаҳоро иброз намуд.
Дар суханронии худ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад.
Бе муболиға мо иброз медорем, ки сиёсати дурусти шахсияти барҷастаи таърихии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки роҳи дурусти давлатдории навини тоҷикон дар муҳлати кўтоҳ муайян ва пеши алангаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуд.
Дар идома, Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ ва гузоштани санги асоси бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисорро, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта шудааст, ба аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар шаҳри Ҳисор табрику муборак гуфт. Мавсуф, барои иқдоми созгор ҷиҳати оғоз бахшидани корҳои сохтмонии бинои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Ҳисор аз номи Роҳбарияти олии ҲХДТ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва ба Мироҷиддин Ёров, директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бунёдкор сохтмон», узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор изҳори сипос баён намуданд.
Сипас, номбурда оид ба беҳтар намудани фаъолияти ҳизбӣ дар шаҳри Ҳисор ибрози андеша намуда, зикр дошт, ки фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳри Ҳисор давра ба давра беҳтар гардидааст, вале дар фаъолият то ҳол мушкилотҳо мавҷуданд, ки бартараф намудани онҳо аз ҳар як раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ масъулият талаб менамояд.
Изҳори боварӣ шуд, ки аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, ки ҳамагон шахсиятҳои донишманду масъулиятшинос мебошанд, дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти дохилиҳизбӣ вусъати тоза мебахшанд.
Дар поёни конференсия як қатор узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Оиннома, Барнома ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии ҷомеа бо Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сипоснома ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, ба якчанд нафар кормандони касбу кори гуногун, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуд.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ХХ ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ пўшида эълон гардид.

Вахш

Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Вахш Конференсияи XVI Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов баргузор гардид.
Дар конференсия вакилон, роҳбарони ташкилотҳо, корхонаву муассисаҳо, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.
Дар конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба фаъолияти кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022, ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ, интихоби ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, интихоби ҳайати Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, пешбарии номзадҳо ба вакили Конференсияи XVI Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сипас, оид ба масъалаи якуми рўзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов ҳисобот дод. Дар ҳисобот дастовард ва камбудиву норасоиҳо дар давраи ҳисоботӣ мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифтанд.
Раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳар як узви ҳизб бояд аз вазифа ва уҳдадориҳои хеш ба таври васеъ огоҳ бошад ва дар ҳали мушкилоти мавҷуда саҳми босазо гузорад. Номбурда ба фаъолияти кумитаи иҷроия баҳои баланд дода, фаъолиятро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки ҲХДТ суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро асоси пешравии ҷомеа шуморида, барои таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, ташаккули фарҳанги ваҳдатгароии шаҳрвандон, густариши ғояи миллӣ саъю талош менамояд.
Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор дар суханронии худ иброз дошт, ки ҲХДТ барои рушди омили инсонӣ дар таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ татбиқи барномаҳои афзалиятноки қабулшуда ва таҳияи барномаҳои махсуси давлатиро барои афзоиши нерўи инсонӣ дар кишвар, инчунин тарбияи шахсияти худогоҳу ватандўст, соҳиби илму маърифат ва донишу ҷаҳонбинии муосир зарур мешуморад. Дар ин радиф, ҳизб бо мақсади рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани нақши он дар байни аҳолии кишвар талош меварзад.
Дар идомаи Конференсия вакилон ҳайати нави Кумитаи иҷроияро иборат аз 35 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотиро иборат аз 3 нафар ва 46 нафар вакилонро ба Конференсияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Халон интихоб карданд.


Ашт

Дар толори МДВ “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов”-и ноҳияи Ашт Конференсияи ХХVIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо иштироки вакилон, собиқадорон, фаъолони ҳизб ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор гардид.
Дар кори Конференсия муовини Раиси ҲХДТ, Латифзода Асрор Қурбон, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Мўъмин Машокир, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ ва раиси ноҳияи Ашт Шўҳрат Муҳаммадзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, Хушнуд Каримзода ва муовини раиси ноҳияи Ашт Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода иштирок доштанд.
Рўзномаи Конференсияи ХХVIII ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт шаш масъаларо дар бар мегирифт
Аз рўи масъалаи якуми рўзнома оид ба ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ба сухан баромада, доир ба фаъолияти 2,5 солаи (аз 01.11.2019сол то 01.07.2022сол) бурду бохт, пешравиву камбудӣ, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидани кумиҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ, омўзишу тарбияи сиёсии шаҳрвандон махсусан, ҷавонон, ба аҳолӣ расонидани муҳиммият ва афзалиятнокии арзишҳои сохти конститутсионӣ, сулҳу субот дар ҷомеа, дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳизбӣ, инчунин, нисбати пешгирӣ аз мубориза бурдан бо ҳама ангезаҳои номатлуби ҷомеа, ҳаракатҳои тундгаро ва созмонҳои террористӣ ҳисобот дод.
Пас аз ҳисоботи раиси кумиҷроия, вакилони конференсия аз ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи марказии ноҳия Абдурауф Имомов, ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Ҷамоати шаҳраки Шайдон, вакили Маҷлиси вакилони халқии вилоятии Суғд, аз ҳавзаи интихоботии №42 Дилафрўз Мулоҷонова ва вакил аз ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи минтақавии №5, собиқадори ҳизб Ахмадхоҷа Турсунов ба музокира баромада, фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Аштро давоми 2,5 соли ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон дар суханронии худ доир ба фаъолияти ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, нуфузи ташкилотҳоии ибтидоӣ, алоқаи зичи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ бо кумитаи иҷроия, фаъолияти вакилон вобаста ба корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, дар бораи узвият ба ҳизб, фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан”, мавқеи сиёсии аъзои ҳизб, вазифаҳои асосии Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ ва ҳадафҳои асосии Барномаи ҲХДТ фикру андешаҳои хешро мавриди зикр қарор доданд.
Узви Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Мўъмин Машокир низ дар баромади худ нисбати ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадафҳоро зикр намуда, дар охири сухани худ аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба роҳбари Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт туҳфаи хотиравӣ тақдим кард.
Сипас, баррасии масъалаи сеюми рўзнома «Интихоби ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт» иборат аз 41нафар, ба салоҳияти вакилони конференсия пешниҳод карда шуда, ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҳизб мувофиқи рўйхат ба таври овоздиҳии кушод интихоб шуд.
Масъалаи чоруми рўзнома – “Интихоби комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт” дар ҳайати 5 нафар пешниҳод гардид.
Гурўҳи кории Конференсия рўйхати эҳтимолии ҳайати нави комиссияи тафтишотиро тартиб дод, ки пешниҳоди вакилон гардонида шуд. Оид ба масъалаи мазкур қарор қабул шуд.
Вобаста ба масъалаи панҷуми рўзнома 41 нафар вакил ба Конференсияи XV ҲХДТ дар вилояти Суғд аз ноҳияи Ашт интихоб шуданд.
Баъд аз анҷоми Конференсия, Маҷлиси якуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо баррасии ду масъала: Интихоби Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва интихоби раис ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт баргузор шуд.
Тибқи банди 4.13 Оинномаи ҳизб Раёсати Кумитаи иҷроия иборат аз 11 нафар пешниҳод гардид, ки аз ҷониби аъзо интихоб гардиданд.
Мутобиқи банди 4.19 Оинномаи ҲХДТ Раиси ҲХДТ номзадҳоро барои интихоб кардан ба вазифаи раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар маҷлиси КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамоянд. Дар мувофиқа бо Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Каримзода Хушнуд Каримӣ барои интихоб гардидан ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт пешниҳод ва аз ҷониби вакилон интихоб гардид.
Латифзода Асрор Қурбон, муовини Раиси ҲХДТ Каримзода Хушнуд Каримиро барои интихоб шуданаш ба ин вазифаи масъул табрик гуфта, дар корҳои оянда комёбӣ таманно намуд.
Сипас, дар фазои тантанавӣ барои хизматҳои арзанда ва таҳкими худшиносии миллӣ, саҳм гузоштан дар амалишавии ҳадафҳои созандаи ҳизб чанд нафар бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт сарфароз гардида, ҳамзамон ба 15 нафар аъзои навқабулгардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Гулистон

Дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Конференсияи XXVIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар арафаи маъракаи муҳимми сиёсӣ, ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.
Дар рафти кори Конференсияи XXVIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирок доштанд.
Ба Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизб 120 нафар вакилон интихоб шуда, дар кори Конференсия 110 нафар вакилон, фаъолон, собиқадорон ва намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок карданд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Дар конференсия шаш масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ҳисоботӣ муфассал пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки давраи ҳисоботӣ барои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон марҳилаи бобарору хотирмон ва амалигашти ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд, зеро бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави боҳашамату замонавӣ барои кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин ҳавасмандии кормандонро ба фаъолияти пурмаҳсул дучанд намуда, кумитаи иҷроия фаъолияти худро дар асоси муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат бо дарназардошти эътирофи меъёрҳои демократӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, ҳадафу мақсадҳои Оинномавӣ, Барномаи ҳизб, Қарорҳои Анҷумани XIII ҲХДТ, суханронии Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани мазкур, қарорҳои Маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва вилоятӣ ба роҳ монд.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ҲХДТ, ҷашнвораҳои 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25- солагии Ваҳдати миллӣ, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” солгарди таъсисёбии ҲХДТ, ташрифи Пешвои миллат ба шаҳри Гулистон ва дигар падидаҳои муҳимми сиёсӣ ба раванди корҳои ҳизбӣ тақвияти тоза бахшиданд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷиҳати болоравии фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, корҳои ташкилию тарғиботӣ, қабули босифат ба сафи ҳизб, фаъолияти босамари вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Гулистон вусъати тоза бахшида, бо назардошти вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир аъзои ҳизб ва ҷонибдорони онро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳифзу таҳкими соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдат, бунёди ҷомеаи воқеъан адолатпарвару демократӣ ва ободониву созандагӣ сафарбар кард.
Дар ин давра фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеъа густариш ёфт. Садоқати аъзои ҳизб ва ҷонибдорони он ба Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон афзуда, иқдомҳои назаррас дар ҳама ҷабҳаҳо рўйи кор омадан
Вакилон аз рўи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуда, ба Конференсияи XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 15 нафар вакил интихоб карда шуд
Дар охир як зумра аъзои фаъоли ҳизб бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи марказӣ, вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб дар вазъи тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд. 20 нафар ба сафи аъзои ҳизб ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” дохил гардида, ба онҳо шаҳодатномаҳо дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Бобоҷон Ғафуров

Дар толори Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов Конференсияи ХХХIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки вакилон, собиқадорон, фаъолони ҳизб ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор гардид.
Дар кори Конференсия муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, муовини аввали раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Абдуллозода Фаррух Орифӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон иштирок доштанд.
Аз рўи масъалаи якуми рўзнома оид ба ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон ба сухан баромада, доир ба фаъолияти 2,5 солаи (аз 01.11.2019 сол то 01.07.2022 сол) бурду бохт, пешравиву камбудӣ, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидани кумиҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ, омўзишу тарбияи сиёсии шаҳрвандон махсусан, ҷавонон, ба аҳолӣ расонидани муҳимият ва афзалиятнокии арзишҳои сохти конститутсионӣ, сулҳу субот дар ҷомеа, дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳизбӣ, инчунин, нисбати пешгирӣ аз мубориза бурдан бо ҳама ангезаҳои номатлуби ҷомеа, ҳаракатҳои тундгаро ва созмонҳои террористӣ ҳисобот дод.
Пас аз ҳисоботи раиси кумиҷроия вакилони конференсия Қоситова Ўғулой, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Хуҷанд”, Каримзода Рустам, вакили конференсия ва Акбарзода Маъруф, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия ба муҳокимаи маъруза баромада, фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро давоми 2,5 соли ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон дар суханронии худ доир ба фаъолияти ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, нуфузи ташкилотҳоии ибтидоӣ, алоқаи зичи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ бо кумитаи иҷроия, фаъолияти вакилон вобаста ба корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, дар бораи узвият ба ҳизб, фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан”, мавқеи сиёсии аъзои ҳизб, вазифаҳои асосии Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ ва ҳадафҳои асосии Барномаи ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён намуданд.
Инчунин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, муовини аввали раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Абдуллозода Фаррух Орифӣ бобати саҳми аъзои ҲХДТ дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, корҳои ободониву созандагӣ, тарғиби сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Пешвои миллат суханронӣ намуда, саҳми ҳизбиёнро дар пешрафти хоҷагии халқи ноҳия назаррас ҳисобиданд.
Сипас, баррасии масъалаи сеюми рўзнома «Интихоби ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» иборат аз 35 нафар муқаррар карда, ба салоҳияти вакилони конференсия пешниҳод карда шуда, ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҳизб мувофиқи руйхат ба таври овоздиҳии кушод интихоб шуд.
Масъалаи чоруми рўзнома – “Интихоби комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров” дар ҳайати 5нафар пешниҳод шуд.
Гурўҳи кории Конференсия рўйхати эҳтимолии ҳайати нави комиссияи тафтишотиро тартиб дод, ки пешниҳоди вакилон гардонида шуд. Оид ба масъалаи мазкур қарор қабул шуд.
Иштирокдорони ҷамъомад 55нафарро ба Конференсияи 15-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамчун вакил интихоб карданд.
Дар маҷлиси якуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Раёсати Кумитаи иҷроия 11 нафар пешниҳод гардид, ки аз ҷониби аъзо интихоб гардиданд.
Дар мувофиқа бо Раиси ҲХДТ номзадии Анварзода Амирҷон барои интихоб гардидан ба вазифаи раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пешниҳод ва аз ҷониби аъзои раёсат интихоб гардид.
Латифзода Асрор Қурбон Анварзода Амирҷонро барои интихоб шуданашон ба ин вазифаи пурмасъулият табрик гуфта, дар корҳои оянда комёбӣ таманно намуд.

Айнӣ

Дар Қасри фарҳанги ноҳия Конференсияи XIX ҳисоботӣ интихоботии Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ баргузор гардид. Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Р. ифтитоҳ намуд.
Баъди садо додани Суруди миллӣ ҳайати меҳмонон, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, вакили МН МО ҶТ Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр ва раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм ба вакилони конференсия муаррифӣ шуданд.
Баъди интихоби раёсати корӣ, Конференсия ба кори худ идома бахшида, комиссияи мандатӣ, котиботи конференсия, комиссияи таҳририя тасдиқ шуданд.
Баъди шунидани ахбороти комиссияи мандатӣ ва тасдиқи ваколати вакилони конференсия ба баррасии масъалаҳои рўзномаи Конференсия оғоз бахшида шуд.
Аз рўи масъалаи якуми рўзномаи конференсия “Дар бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ” раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Р. баромад намуд. Аз рўи масъалаи якуми рўзнома раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Ёрӣ ба Хона” Саидмурод Туйғунов, “Урметан” Сулҳиддин Тилабов, “Сарвода” Муборак Ҷумаева ва “Ҳунарманд” Абдусалом Раҷабов ба музокира баромада, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи кори Конференсия ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ шунида шуд. Аз рўи ин масъала раиси комиссияи тафтишотӣ Шаҳрулло Олмаҳмадзода баромад намуд.
Вакилони конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияро иборат аз 29 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотиро иборат аз 3 нафар ва вакилонро ба конференсияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд иборат аз 19 нафар интихоб намуданд.
Дар кори Конференсияи XIX ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода М. ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Б. сухан карда, вазифаҳоро барои фаъолияти минбаъдаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баён доштанд.
Зимни суханронии худ муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ иброз дошт, ки ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан, дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рўз аз рўз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархўрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандўсти кишвар, бахусус, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорад.
Оид ба масъалаҳои рўзномаи Конференсия қарорҳои дахлдор қабул шуд.
Дар анҷоми кори Конференсия чанд нафар раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб барои фаъолияти пурсамар бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ қадрдонӣ карда шуда, ба 8 нафар аъзои нави ҳизб шаҳодатномаи ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.
Бо ҳамин Конференсияи XIX ҳисоботи интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ кори худро ба анҷом расонид.
Ҳамчунин, дар ҳамин рўз маҷлиси якуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ гузаронида шуда, аз рўи масъалаҳои рўзнома ҳайати нави раёсати кумитаи иҷроия, раис ва муовини раиси кумита интихоб карда шуданд.
Бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раҳимзода Рўзибой Маҳмадёр аз нав раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ интихоб гардид.

Хоруғ

Дар кори Конференсияи XV КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти дастгоҳи КИМ ҲХДТ Садриддин Ширинбеков, сармутахассиси Маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдулмаҷид Шоев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова, раиси КИ ХХДТ дар шаҳри Хоруғ Соибчон Имомназаров, муовини раиси вилоят Нилуфар Асламшоева, раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ, ҳамчунин, 47 нафар вакил аз 62 ташкилоти ибтидоӣ аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаю ташкилотҳо иштирок доштанд.
Тибқи рўзнома, масъалаҳои ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022, ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ оид ба фаъолияти молиявии ҳизбӣ дар ноҳия, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, интихоби аъзои Комиcсияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ва интихоби нави ҳайати Раёсат, аъзои КИМ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ, пешбарии вакилон ба Конференсияи VXIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ ироа гардиданд.
Оид ба масъалаи якуми рўзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ С.Имомназаров гузориш дода, дастовард ва камбудиву норасоиҳо дар давраи ҳисоботӣ мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифтанд.
Дар музокирахо Насим Саидрахмонов, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Нерубахш" Райхонбегим Маҳтобшозода, собиқадори ҳизб баромад намуда, ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Баъдан мудири шуьбаи таблиғот ва ташвиқоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон С. Ширинбеков оид ба фаъолияти ҳизб дар шаҳр, пешравию камбудиҳо, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии ҳизб, баргузории чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, қабули сифатнок ба сафи ҲХДТ, ҳаракати аъзо, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, сари вақт супоридани ҳақи узвият, беҳтар намудани фаъолияти ҳизбиён дар мавриди муқовимат алайҳи ҳуҷумҳои идеологӣ, саҳмгузории аъзои ҳизб дар маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро бо мисолҳои мушаххас ҷалб намуд.
Раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳар як аъзои ҳизб бояд аз вазифа ва уҳдадориҳои хеш ба таври васеъ огоҳ бошад ва дар ҳал намудани мушкилоти мавҷуда саҳми босазо гузорад. Номбурда ба фаъолияти кумитаи иҷроия баҳои баланд дода, фаъолиятро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Дар идомаи конференсия вакилон ҳайати нави Кумитаи иҷроияро иборат аз 21 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотиро иборат аз 3 нафар ва 15 нафар вакилонро ба конференсияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ интихоб карданд.
Баъд аз анҷоми конференсия нахустин маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шахри Хоруғ баргузор гарди, ки дар он Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ дар ҳайати 7 нафар интихоб шуд.
Ҳамчунин, бо назардошти фаъолияти назаррас ба ҳайси раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр, татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, мунтазам тақвият бахшидани донишу таҷрибаи корӣ, масъулиятшиносӣ, арҷ гузоштан ва садоқат доштан ба арзишҳои ватандўстӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ ва иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ, бо овоздиҳии якдилонаи вакилон С. Имомназаров бори дигар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ интихоб гардид.

Мурғоб

Конфронсияи 14- уми ҳисоботӣ- интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб бо иштироки раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо ва раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Зунайда Раҷабова доир гардид. Бо садо додани Суруди миллӣ ба конфронсия Ҷаркинбай Акжаров раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мурғоб ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Мавсуф оид ба фаъолияти ҳизб аз соли 2019 то соли 2022 ҳисобот доданд.
Дар конфронсия Ҷ. Акжаров аз вазифаи раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб озод гардида, ба ў бо назардошти хизматҳояш аз ҷониби раиси ноҳия Ҳ.Раҷабзода Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.
Жолдошбаев Мухаммедалӣ бо аксари овози вакилон ба ин вазифа интихоб шуд.

Ванҷ

Дар кори Конференсияи ХIII КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ аъзои КИМ ҲХДТ Мардзода Одинашо Миришаб, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти дастгоҳи КИМ ҲХДТ Садриддин Ширинбеков, сармутахассиси Маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдулмаҷид Шоев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова, ҳамзамон 120 нафар вакил аз 58 ташкилоти ибтидоӣ аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаю ташкилотҳо иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ котибот, комиссияи мандатӣ, ҳайати таҳририя ва рўзномаи конференсия тасдиқ шуд.
Аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ Ҳимматзода Ато Ҳиммат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз моҳи ноябри соли 2019 то июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ ҳисобот дода шуд.
Пас аз шунидани ҳисоботи комиссияи тафтишотии комиҷроия чанд нафар вакилони конференсия ба музокира баромада, фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷро қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Аз ҷумла, аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Мардзода Одинашо Миришаб, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷро таҳлил карда, ба иқдому ташаббусҳои он, чун ҳизби созандаю бунёдкор ва Раиси муаззами он чун сиёсатмадори асилу фарзанди фарзонаю хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дод.
Аз рўи масъалаҳои сеюму чоруми рўзнома, аъзои КИ ҲХДТ дар ноҳия дар ҳайати 31 нафар ва Комиссияи тафтишотии комиҷроияи ҳизб дар ҳайати 5 нафар аз нав интихоб карда шуданд.
Сипас, маҷлиси Кумитаи иҷроия баргузор гардида, ҳайати раёсати Комиҷроияи ҳизбро иборат аз 11 нафар интихоб карданд.
Бо назардошти фаъолияти чандсола ба ҳайси раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ, татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва низомномавии ҲХДТ, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҳизбӣ, донишу таҷрибаи корӣ, масъулиятшиносӣ, арҷ гузоштан ва садоқат доштан ба арзишҳои ватандустӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандустӣ ва хештаншиносӣ, иштироку саҳми фаъол дар корҳои ҷамъятӣ бо овоздиҳии якдилонаи вакилон, Ҳимматзода Ато Ҳиммат аз нав раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ интихоб гардид.
Эҳтироми муқаддасоти миллӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби наврасон ба донишомузӣ, забондонӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ, даъвати ихтиёриен ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи марзу бум, тақвияти зиракии сиесӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, мубориза алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа аз ҷумла терроризм, экстремизм, иштирок дар корҳои созандагию ободонӣ дар доираи пешвози 30- солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулоти хурока барои ду соли оянда зимни суҳбат иброз карда шуданд.
Дар ҷамъбасти конференсия ба чанд нафар фаъолон дар вазъияти тантанавӣ Сипосномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, бархе аз сокинони ноҳияи Ванҷ алалхусус ҷавонон дар асоси пешниҳоди ариза ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ қабул шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: